Туҳфаи арзандаи президент

№134(3435) 09.10.2015

Саҳар тифлони деҳаҳои Дараи Мазор ва Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикободро аз хоби ноз садои форами мусиқӣ бедор кард. Рӯзи 21 сентябри соли равон дастаи овозадори «Баёзи Кӯҳистон» бо сарварии мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод  Мустафо Шукуров ба маҳаллаи навобод омаданд, ки табъи сокинони деҳаҳои ҳудуди деҳоти «Лангари Шоҳ» ва меҳмонони аз дуру наздикомадаро шод гардонанд. Садои мусиқӣ ва овози ширини ҳунармандон то дуриҳо мерасид ва сокинон гурӯҳ — гурӯҳ ҷониби маҳаллаи нав меомаданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокиров тибқи супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои супурдани туҳфаи Сарвари давлат ба маҳаллаи навобод омада буд. Пеш аз супурдани калиди хонаҳо бо мардуми зиёд, ки он ҷо ҷамъ шуда буданд, вохӯрд ва атрофи масъалаҳои муҳими рӯз суҳбат кард. Қабл аз ҳама, оид ба Истиқлолияти давлатии кишвар, хизматҳои Президенти мамлакат дар барқарории сулҳ, устувории ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи кишвар сухан ронд. Аз ғамхориҳои паёпайи Сарвари давлат ёдовар шуд. Сипас, тамоми мардуми ноҳияи Тоҷикободро аз номи Президенти мамлакат бо фарорасии Иди Қурбон табрик намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки 24 июли соли равон дар натиҷаи об шудани барф ва зиёд гардидани сатҳи оби дарёчаҳои кӯҳӣ дар ҳудуди деҳаи Дараи Мазор сел фаромад ва сокинони ин деҳа зарар диданд. Аз ҷумла даҳ оила аз хонаҳои худ маҳрум гаштанд. Бо супориши Президенти мамлакат дар як муҳлати кӯтоҳ даҳ хонаи панҷҳуҷрадор сохта шуд. Хонаҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд.

Дар охир раиси ноҳия Ҳусейн Ализода ба ҳама роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ноҳия фаъолиятдошта, ки дар бунёди хонаҳо саҳм гузоштанд, сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва мукофотҳои хотиравиро супорид. Раиси Кумитаи тоҷикободии ҲХДТ Зулфиқаҳор Рамазонов панҷ нафар роҳбаронро бо сипосномаи ҳизб қадрдонӣ кард.

Шахсони соҳиби хонаҳои навгардида бо рӯҳи болида суханронӣ намуда, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории падаронаашон изҳори миннатдорӣ намуданд.

- Мо бо сарвари хеш, ки бо сурату сирати зебояш ва рафтори ҷавонмардонааш Тоҷикистонро машҳури олам гардондааст, ифтихор мекунем,- гуфт собиқадори соҳаи маориф Назрӣ Худойдодов. – Ман аз номи пирони рӯзгордидаи деҳоти «Лангари Шоҳ» ба Ҷаноби Олӣ арзи сипос менамоям. Худованд ба ӯ умри дарозу тани сиҳат диҳад, ки боз солҳои зиёд мо таҳти сарвариаш орому осуда даври пирӣ ронем.

- Ман ҳамчун омӯзгор аз зиндагиномаи Президенти мамлакат дарс меомӯзам, — гуфт директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 Сироҷиддин Нуров ва илова кард: — Соли 2007 дар деҳоти «Қалъаи сурх»-и ноҳияи Рашт заминларза шуд ва 107 оила аз хонаҳояшон маҳрум шуданд. Сарвари давлат ба аёдати онҳо омад. Ҳангоми суҳбат ваъда дод, ки дар рӯзҳои душвор эшонро танҳо намегузорад. Дар ҳақиқат, баъди як-ду моҳ ҳамаи 107 оила соҳиби хона ва бо тамоми таҷҳизот таъмин шуданд. Яъне, ҳар сол ӯ дар баробари харобкориҳои табиат мубориза мебарад ва мардуми зарардидаро аз оғӯши яъсу ноумедӣ берун мекунаду барояшон хурсандию осудагиро таъмин месозад.

Ман ҳамчун омӯзгор ваъда медиҳам, ки дар ҷавоби ғамхориҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ насли наврасро тавре тарбия мекунем, ки дар оянда давомдиҳандаи тамоми барномаҳои тарҳрезикардаи Президенти мамлакат бошанд.

Ҳамчунин Покизамоҳ Наҷмуддинова, ки оилаи бепарасторашро сарварӣ мекунад, аз ятимпарварии Роҳбари давлат шукрона кард.

Маҳмадтоҳир Зокиров тамоми хонаҳоро дида, бо соҳибони онҳо ҳамсуҳбат шуд ва ба сохтмончиёну роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ноҳияи Тоҷикобод, ки дар бунёди хонаҳо саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ кард.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум».

Суратгир

Мирзосафар РИЗВОНОВ