Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№50 (3035) 25.04.2013

Дар бораи таъсис додани кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 57 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кумита ва комиссияҳои зерини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шаванд:

а) Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон;

б) Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният;

в) Кумита оид ба иқтисод ва молия;

г) Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин;

д) Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот;

е) Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;

ж) Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ;

з) Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;

и) Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия;

к) Комиссияи экологӣ;

л) Комиссия оид ба одоби вакилон;

м) Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор.

2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2010 №10 «Дар бораи кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №3, мод. 186), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2010 №57 «Дар бораи таъсиси Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №4, мод. 298) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2010 №102 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №6, мод. 451) аз эътибор соқит дониста шаванд.

 

 Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ

ш.Душанбе, 10 апрели соли 2013 №1146