Эй забон, эй ганҷи бепоёни мо

Таваҷҷуҳи вакилон ба забони давлатӣ зиёд аст

№№ 137-138 (3438-3439) 17.10.2015

КурганДар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 2 августи соли 2012 таҳти №206 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2012 таҳти № 335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» мавриди таҳлилу баррасӣ муҳокима қарор гирифт.

Муовини раиси вилояти Хатлон Шерзода Ситора Маннон вобаста ба ин мавзӯъ дар Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят  маърӯза намуда, минҷумла зикр кард, ки расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2016» ба рушди фарҳанг ва маънавиёт, сайқал бахшидани забони адабӣ, ғанигардонии захираи луғавӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ заминаи мусоид муҳайё намуд.

Аз тарафи масъулони дастгоҳи раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, литсейҳо ва таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, ташкилоту муассисаҳои  вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Бо мақсади мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузории идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳо семинарҳо ташкил шудааст.

Мутаассифона, дар баробари амалӣ гардонидани корҳои назаррас дар ин самт, як идда масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба забони давлатӣ татбиқи барномаи мавриди назар бемасъулиятӣ зоҳир намуданд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ изҳор дошт, ки надонистани забони давлатӣ дар вилоят аз ҷониби бархе сокинону масъулин мушкилоти ҷиддӣ аст. Кормандони воситаҳои ахбори омма бояд нисбат ба риоя нагардидани қоидаҳои имлои забони давлатӣ дар муассисаю ташкилотҳо хунукназарона муносибат менамоянд. Ҳол он ки дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва онро ба ояндагон мерос гузоштан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст.

Вакилони халқ Раъно Раҳимзода, Аҳмадҷон Ализода, Фирӯза Шамсова, Солеҳа Қосимова ва дигарон ба музокира баромада, оид ба масъалаи мавриди баррасӣ ибрози назар намуданд.

Дар иҷлосия дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти вилоят низ муҳокима гардида, бо мақсади татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуд.

 

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»