Рӯзҳои 5 — 7 октябри соли ҷорӣ гурӯҳҳои тарғиботӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, пешгирӣ аз гаравидани шаҳрвандон ба равияҳои тундгаро ва ифротӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат вохӯриҳо доир намуданд. Ба ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муаcсисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, журналистон ва кормандони масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат шомил буданд.
Нахустин вохӯрӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 — и деҳоти «Чӯянгарон» баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини раиси шаҳри Ваҳдат Ф. Хоҷаева ифтитоҳ ва меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ризоев аз хусуси аҳамияти ҳифзи сулҳу субот ва амнияти миллӣ суханронӣ кард. Зимни таҳлили ин мавзӯъ нотиқ, аз ҷумла зикр кард, ки суботу амният муҳимтарин омили рушди давлатдорӣ ба шумор меравад ва барои расидан ба саодати миллӣ мусоидат менамояд. Тавре маълум аст, субот ва амният шароити арзандаро барои рушди устувор фароҳам намуда, заминаҳои давлатдории миллиро таҳким мебахшад. Маҳз ин ду омил барои пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маънавиёт мусоидат мекунад. Ҳодисаҳое, ки аз 4 то 16 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахт ва шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайвастанд, таҳдид ба осоиштагии мардум буд. Хушбахтона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар тавонистанд душманони миллатро безарар намуда, субот ва амнияти давлатиро таъмин намоянд. Гузашта аз ин, сокинони кишвар низ барои дастгир ва безарар намудани ҷинояткорон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мадад намуданд, ки аз эҳсоси баланди ватанпарастӣ ва ҷонибдори сулҳу субот будани шаҳрвандон дарак медиҳад.
Суханронии мушовири калони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Ғуломов хеле ҷолиб ва пурмуҳтаво буд. Вай зикр кард, ки чунин вохӯриҳо дар ВМКБ, вилояти Хатлон низ баргузор шуданд, вале мулоқоти имрӯзаро метавон махсус зикр кард, зеро чанде пеш мардуми шаҳри Ваҳдат шоҳиди бевоситаи воқеаҳои нангин буданд, ки аз ҷониби як гурӯҳи ҷиноятпеша, бо сардории собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода содир карда шуд.
- Хушбахтона, дар натиҷаи фаъолияти хубу диловарии намояндагони мақомоти қудратии кишвар онҳо дар як муддати кӯтоҳ торумор карда шуданд. Дар ин робита, дастгирӣ ва ҳамкориҳои шумо — сокинони ватандӯсту ғаюри шаҳри Ваҳдатро мехоҳам махсус таъкид кунам. Ин нукта дар суханронии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он рӯзҳои ноором ба ин ҷо омада, бо сокинони шаҳру деҳот вохӯрӣ намуданд, махсус таъкид гардид,- гуфт Қ. Ғуломов.
Мавсуф роҷеъ ба сабабҳои қатъ гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эълон шудани он, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ, амалҳои ғайриинсонии Давлати ба ном исломии Ироқу Шом ҳарф зад ва аз аҳли нишаст даъват кард, ки барои нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, суботу амнияти кишвар бояд аз ҳарвақта дида, бештар ҳушёру зирак бошанд, ба тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва нагузоранд, ки онҳо қурбони дасисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷангҷӯ шаванд.
Дастгирӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузории арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ дар суханрониҳои муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, сардори Раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, раиси Ҷамоати деҳоти «Чӯянгарон» Сайдалӣ Ҳакимов ва дигар фаъолон махсус таъкид карда шудаанд. Аз ҷумла сарвари хоҷагии деҳқонии «Шоразми боло», раиси маҳаллаи деҳаи Хордараи боло Ширинбек Зоиров гуфт, ки давоми рӯзҳои воқеаҳои маълум зироаткорону боғдорон маҳзуну ноумед шуданд, зеро айни ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат парваридаашон буд. Айни ҳол онҳо шукрона мекунанд, ки вазъият боз муътадил гардид ва имкон доранд маҳсулоташонро фурӯшанд. — Мардуми мо меҳнатдӯст аст, барои мо танҳо тинҷиву амонӣ, сулҳу салоҳ лозим аст,- иброз дошт Ш. Зоиров. Чунин суханонро зимни мулоқотҳо ва суҳбатҳои алоҳида аз дигар сокинони деҳот низ шунидем.
Роҳбари гурӯҳ, сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо зимни шарҳу тавзеҳи арзишҳои умумимиллӣ ва давлатдорӣ, аз ҷумла сулҳу субот ва амнияти давлат, зикр кард, ки ин неъматҳо ба осонӣ ба даст наомадаанд. Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо мунтазам обод шуд. Арзишҳои умумимиллӣ масъалаҳои меҳварии сиёсати Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинобар ин, мо бояд ғофил набошем ва саъю талошамонро ҳамеша баҳри он равона созем, ки ин арзишҳоро нигоҳ дорем. Намояндагони аҳли деҳот низ ба сухан баромада, ҷонибдории хешро аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
- Мо сиёсати хирадмандонаи фарзанди барӯмандамон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳамеша ба манфиати халқу Ватан хизмат мекунем. Дини ислом ҳаргиз тарафдори қатлу хунрезӣ нест ва камбудиҳое, ки аз ҷониби нафарони алоҳидаи ноогоҳ мешавад, ба ислом иртиботе надоранд,- иброз дошт эмом-хатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаи Тангаӣ Мансур Ҷалилзода.
Вохӯрии гурӯҳи ташвиқотӣ бо мардум дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и деҳоти ба номи Карим Исмоилов низ пурмуҳтаво ва судманд буд. Дар он роҳбарону масъулони шаҳру деҳот, намояндагони муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, эмом-хатибони масҷидҳо ва ҷавонон фаъолона ширкат доштанд. Муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Бобишо Азизов зимни суханронӣ нахуст аз воқеаҳои рӯзҳои 4-16 сентябри соли ҷорӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки мардуми шаҳри Ваҳдат дар он рӯзҳо барои маҳв кардани гурӯҳи ҷинояткори Абдуҳалим Назарзода ба ниҳодҳои қудратӣ ҳамаҷониба кумак карданд. Дар он рӯзҳо ташрифи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони он рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
- Вақте мо барои вохӯрӣ ба назди шумо меомадем, дидем, ки симои шаҳри Ваҳдат ва деҳоти он хеле зебову озодатар гашта, мардум пайи созандагианд ва аз ин хеле хушҳол гаштем. Вақте ки воқеаҳои нангини рӯзҳои 4-16 сентябр рух доданд, мардуми шаҳри Ваҳдат самимияту диловарӣ нишон дод,- гуфт дар оғози суханронии хеш муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Сафолов ва оид ба таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза, хатари ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротгаро таври муфассал ибрози андеша карда, ҳозиринро даъват намуд, ки дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид бошанд.
Суханронии пурмуҳтавои корманди Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» С. Муллоҷонов низ ба аҳли ҷамъомад писанд омад. Дар суханронии корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мансурова бештар мавзуӣ таҳкими оила ва оиладорӣ, мавқеи занон дар ҷомеа матраҳ гардид.
Дар поёни ҷамъомад чанде аз сокинони деҳот ба сухан баромада, барои ташкили чунин вохӯриву мулоқотҳо, ғамхориҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона изҳори сипос карданд.
- Мо сарваре дорем, ки миллати тоҷик, давлати тоҷиконро дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ таври шоиста муаррифӣ мекунад. Чанде пеш тавассути телевизион Президентамонро дар минбари СММ дидам, ки ба забони тоҷикӣ ҳарф мезад, аз ин ифтихору шодиам дучанд афзуд,- гуфт раиси маҳаллаи деҳаи Ваҳдатобод Ислом Шарифов.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»