Вазъи роҳҳо дар вилояти Суғд

№140 (3441) 21.10.2015

IMG_1893 - копия19 октябри соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар кард. Сарвари давлат дар роҳи сафар ба вилояти Суғд аз ҳолати роҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Чкалов, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроққум бевосита шинос шуд.

Аз ҷумла дар як қитъаи роҳи мошингарди навбунёди Айнӣ-Панҷакент Президенти мамлакат шахсан пушти чанбари мошин нишаста, сифати ин роҳро аз назар гузаронида, ба самараи кори роҳсозони тоҷику хитойӣ баҳои баланд дод.

Зикр гардид, ки камбудиҳои ҷузъӣ дар роҳи Айнӣ-Панҷакент вуҷуд доранд, вале азбаски муҳлати сохтмони ин роҳ ҳоло анҷом наёфтааст, изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи нуқсонҳои ҷойдошта бартараф мегарданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба вилояти Суғд тавассути ин шоҳроҳ аз нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» убур карда, ба сифати корҳое, ки барои такмили пурраи нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, баҳои баланд дод.

Мавриди зикри хос аст, ки сарфи назар аз боришоти борону барф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе тавассути роҳи мошингард ва ағбаву нақбҳо то вилояти Суғд беш аз 700 километрро тай карда, барои мулоқот бо сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин минтақаи ҷумҳурӣ ташриф овард.

Баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, асос гузоштан ба бунёди як қатор биноҳои дигар зимни суҳбату мулоқотҳои самимию созанда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат, ки баҳри пешрафту шукуфоии Ватан ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст, ба сокинони вилоят супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат доир ба бартараф намудани камбудиҳое, ки дар роҳҳои дигари шаҳру ноҳияҳои номбаршуда муайян гардиданд, низ ба масъулини маҳаллию ҷумҳуриявӣ супоришҳо дод.

 www.president.tj