Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония

№143 (3444) 27.10.2015

24 октябри соли 2015, шаҳри Душанбе

10460599_915734461830074_50473425541614886_oНамояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Мо чанд лаҳза пеш натиҷаҳои аввалини сафари нахустини расмии Сарвазири Япония, Ҷаноби Олӣ Синдзо Абэро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуда, Эъломияи муштаракеро қабул намудем.

Мутмаинам, ки ташрифи имрӯзаи Ҷаноби Олӣ на фақат ба рушду таҳкими муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Япония такони ҷиддӣ мебахшад, балки ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо низ марҳалаи наверо оғоз хоҳад кард.

Дар ҷараёни музокироти хоса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ доираи васеи масъалаҳои муносиботи Тоҷикистону Япония мавриди мубодилаи афкор қарор дода шуд. Ҷаноби Сарвазир роҷеъ ба вазъу дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба муфассал изҳори назар карданд ва ман бо гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ комилан мувофиқам.

Ҳар ду тараф таъкид карданд, ки муносиботи Тоҷикистону Япония хислати дӯстона ва мутақобилан судманд доранд ва мо ба хотири рушду таҳкими минбаъдаи онҳо саъю талоши хешро дареғ нахоҳем дошт.

Тазаккур дода шуд, ки тақвияти ҳамкориҳои гуногунарсаи ду кишвар на фақат ба манфиати миллии онҳост, балки ба ниёзҳои умдаи минтақа низ ҷавобгӯ мебошад.

Пиромуни доираи васеи масъалаҳои минтақавӣ низ суҳбати муфид сурат гирифт. Мавқею назари мо оид ба қазияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон комилан яксон ва ё наздик буданд, аз ҷумла мо дар иртибот ба масъалаҳои дастёбӣ ба сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, эҳёи иқтисодии он ва муборизаи қотеъона бо неруҳои аҳримании терроризму ифротгаройӣ ҳамфикр будем.

Ҷониби Тоҷикистон аҳамияти эҷоду рушди асоси марбутаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро бо давлати Япония махсус таъкид намуд. Аз ҷумла сухан дар бораи дар ояндаи на чандон дур ба имзо расонидани силсилаи санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҳимоя ва ташвиқи сармоя ва дигар арсаҳо рафт.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон то имрӯз бо иштироки ҷониби Япония зиёда аз 340 лоиҳаи иҷтимоӣ бомуваффақият ба иҷро расиданд.

Бо дарназардошти вазъи ҷории муносиботи дуҷониба махсус таъкид гардид, ки имрӯз барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки истифодаи дурусти онҳо дар дурнамо метавонад ҳамкориҳои ду кишварро ба сатҳи нави шарикии иқтисодӣ боло барад.

Дар ин росто, мо ба ҷониби Япония пешниҳод намудем, ки масъалаҳои сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад ва имконоти расонидани кумакро ба хотири рушди бахши хусусии тоҷик ва татбиқи амалии тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ баррасӣ намояд.

Пешниҳоди дигари мо ин буд, ки дар татбиқи амалияи ҳамкориҳои дуҷониба чунин шакли маъмули он, ба мисли корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, фаъолона ба кор гирифта шавад.

Ба назари мо, майдони васеи ҳамкорӣ тавассути иштироки бевоситаи соҳибкорони Япония дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.

Ҷониби Тоҷикистон фаъолияти чандинсолаи Агентии Японияро оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар кишвари мо ба таври мусбат арзёбӣ намуд ва дар хусуси зарурати идомаи муассири он изҳори назар кард.

Мо минбаъд боло бурдани нақши Муколамаи Япония ва Осиёи Марказиро дар мавриди баррасии масъалаҳои минтақавии ҳамгироии он, аз ҷумла бо дарназардошти зарурати ҳалли қазияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷонибдорӣ намудем.

Дар фарҷом мехоҳам бори дигар ба Ҷаноби Олӣ барои назари созандаву хайрхоҳонаашон ба масоили рушди муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Япония арзи сипос намоям. Итминон дорам, ки дидору музокироти имрӯза ҷиҳати боло бурдани муносиботи ду кишвари дӯст ба сатҳи сифатан нав мусоидат хоҳанд кард.

Ташаккур.

www.president.tj