Бахшида ба 21-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахтномаи миллат

№144-145 (3445-3446) 29.10.2015

Ҳамасола ҷашни Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 сол пеш бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида буд, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, зеро маҳз ҳамин Конститутсия ҳуқуқи амният ва манфиатҳои ҳар як шаҳрванд, дифои марзу бум, пешравии илму дониш ва тамоми ҷабҳаҳои зиндагиамонро кафолат дод.

Боиси хушбахтист, ки мо — тоҷикон имрӯз давлати соҳибистиқлоли худро дорем ва онро ҳамчун давлати озоди демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар қатори бузургтарин давлатҳои дунё ҷаҳониён эътироф мекунанд. Ин ҳамаро соҳибдавлатӣ ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми сарбаланди мо муҳайё сохтааст.

Пӯшида нест, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дасту дили тамоми мардумро ба зиндагӣ, ба кору меҳнат, сохти давлатдорӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон гарм месозад.

Ҳар гоҳе ки мо ҷашнҳои солгарди Истиқлолият, Конститутсия ва Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомат ид менамоем, пеши назари ман рӯзҳои сиёҳу мудҳиши на чандон дури асри гузашта (солҳои 1992 — 1997) падидор мегарданд. Бояд иқрор шуд, ки аз беҳунарӣ ва бемасъулиятии роҳбарон, бахусус вазоратҳои қудратӣ, дар он солҳои пурдаҳшат ҷангу ҷидолҳои харобиовар тамоми Тоҷикистонро фаро гирифт, низоми зиндагии мардуму давлатро хароб кард, сарнавишти одамонро талх намуд, бадбахтиҳои зиёдеро ба сари мардум овард, сохторҳои давлатӣ аз боло то поён фалаҷ шуд, корхонаҳо аз фаъолият монданд, бесарусомонӣ ба вуҷуд омад, ки халқро ба гурӯҳҳо, мазҳабҳо, ҳизбҳо ва маҳалҳо ҷудо намуд.

Бадбахтона, хуни ноҳақ рехта шуд, одамони бисёре қурбон гардиданд ва ҳазорҳо оила марзи Тоҷикистонро тарк кард. Тақдири миллат ва Ватан дар хатар буд, аз қонуншиканию бедодгариҳои муштзӯрон, дузду ғоратгарон, қувваҳои сиёҳкор мардум ба дод омада буд.

Хушбахтона, дар чунин ҳолати бесарусомонӣ 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ якдилона Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб карданд. Он солҳо Сарвари давлат хеле ҷавон буд, бисёриҳо ӯро ҳамчун сиёсатмадор намешинохтанд. Шахсияти шинохтаи сиёсӣ Абдулмаҷид Достиев дар китобаш «Тоҷикон — шикастанҳо, бастанҳо» гуфтааст: «Ӯ он вақт дар сафи ҳукуматдорон ва ҳукуматхоҳоне, ки сабабгори фоҷиаи миллат шуданд, набуд, вале дар лаҳзаи  ҳассосу тақдирсоз чун фарзанди асилу баору нанг бори бузурги масъулиятро ба дӯш гирифт.  Ҳамон лаҳза суханҳои пур аз меҳри ӯ «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам…, то як гуреза дар хориҷи мамлакат азобу дарди ғарибӣ мекашад, ман ҳамчун Роҳбари давлат ором буда наметавонам …», ба дили мардум шӯълаи умед ҷо кард».

Фаъолияти сиёсию давлатдории худро Сарвари ҷавони Ватани азизамон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат дар рӯзҳои сахту сарнавиштсоз оғоз намуд. Дар ҳамин лаҳзаҳо дар бари Сарвари давлат шахсони ҷасуру далер, ватанпарастони асил ниҳоят кам буданд, бисёриҳо аз бими ҷон бо ҳар баҳона аз вазифаҳои давлатӣ даст мекашиданд.

Аммо роҳи бозгашт набуд, рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ, сол ба сол дар натиҷаи талошу муборизаҳо масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ба оҳистагӣ бошад ҳам, ҳал мегардид ва ба рағми бадхоҳони миллат тоҷикон боз ба сӯи ҳамдигар оғӯши бародарона  кушоданд, сарҷамъ омаданд, боз ба бунёдкориву созандагӣ пардохтанд.  Хавфи пора — пора гаштани Ватани азизамон аз байн рафт, оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон, ки он бузургтарин дастоварди мардум ва Ҳукумати мо ба ҳисоб мерафт, обрӯи халқи моро дубора боло бардошт. Ҳоло бошад, бо талошҳои пайвастаи Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҷомеа ба таври пайваста рушд карда истодааст.

Президенти кишвар аз аввалин роҳбарони мост, ки аз минбари СММ  ҳамчун раис ҷаласаҳои алоҳидаро пеш бурд ва ба манфиати осоишу оромии минтақа ва дунё пешниҳодҳои оқилона намуд, ки аз ҷониби аксарияти сарони давлатҳо дастгирӣ ёфт.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ кафили риояи ҳуқуқи боэътимоди мардуми ҷумҳурӣ мебошад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи мардуми мост ва моро ба сӯи ҳаёту зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.

Саидқул ШОМАЛАНГЗОДА, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон