-мегӯяд Директори генералии ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» Рустам Саидов
Зимни ирсоли Паёми худ ба мақоми олии қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҷумла чунин зикр намуд: «Рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба бо фаъолияти он аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат аст, зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад».
Табиист, ки рушди ин раванд ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз ҷалби сармояи хориҷӣ имкон фароҳам меорад, ки робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои пешрафтаи олам густариш ёбад ва ҳамрадиф бо сармоя ба мамлакат технология ва таҷҳизоти наву ҳозиразамон ворид ва мавриди истифода қарор гирад.Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» аз ҷумлаи он муассисаҳои молиявиест, ки сарфи назар аз навтаъсис буданаш, баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ кори назаррасро ба сомон расонид. Далелаш то ин замон аз ҷониби ҷамъияти номбурда ба кишвар ворид намудани як миллиарду яксаду бисту панҷ миллиону дусад ҳазор сомонӣ сармояи хориҷӣ аст. Суҳбате, ки бо Директори генералии ҷамъияти мазкур Рустам Саидов доир намудем, андешаҳои номбурдаро дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати вазъи феълӣ ва дурнамои фаъолияти ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» бозгуйӣ менамояд.
«Бо истифода аз фурсат ба сармоягузорону ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар амалӣ гардидани лоиҳаи барқарорсозии Терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе ва ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами он саҳми ватандӯстонаи хешро гузоштаанд, миннатдории Ҳукумати мамлакатро баён менамоям»
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
дар маросими ифтитоҳи расмии Терминали байналмилалии шаҳри Душанбе, 12 марти соли 2013
- Рустам Саидмуродович, бамаврид мебуд агар суҳбатамонро бо пешниҳоди маълумоти мухтасар доир ба ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» шуруъ намоем.
- Зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуданд: «Таҳияи механизмҳои ҳамшарикии бахшҳои давлативу хусусӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, иштироки фаъоли бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёт ва ба шарики боэътимод табдил додани он заминаи воқеии рушди босуботро муҳайё месозад». Ҳамчунон суханони дигари Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳибкорон захираи тиллоии кишваранд» бори дигар собит менамояд, ки ин қишри аҳолӣ мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Давлат ва Ҳукумат қарор доранд. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвари азизамон ва татбиқи сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Роҳбари давлат аз ҷониби мо дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» таъсис шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки муътақид намудани шарикони хориҷӣ барои сармоягузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми саҳлу содда набуда, ин раванд зиёда аз ду сол тӯл кашид.
Хушбахтона, ҷаҳду талоши мо барабас нарафтанд ва мо бо дастгирии яке аз дӯстони мардуми кишвари Тоҷикистон, соҳибкори шинохтаи сатҳи байналмилалӣ Бобак Занҷонӣ ва ширкати «Конт Групп ве Косметик санайи Диш Тиҷарет Лимитед» аз Ҷумҳурии Туркия тавонистем ҷалби сармояро барои рушду нумуи бахшҳои гуногуни ҷомеа шуруъ намоем.
Ин буд, ки дар муддати кӯтоҳ ба шарофати ҷалби сармояи хориҷӣ Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Конт сохтмон», «Конт Таъминот», «Эйшн экспресс Терминал», ширкати ҳавопаймоии «Эйшн экспресс», «Конт туризм» ва Бонки сармоягузории «Конт ИнвестБонк» фаъолияташонро шуруъ намуданд. Моҳи феврали соли гузашта роҳбарони ташкилотҳои фавқуззикр дар ҷаласаи муассисон якдилона Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинги Контрупп Тоҷикистон»-ро таъсис доданд. Бо ифтихор метавонам гӯям, ки дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби зерсохторҳои ҷамъият иқдомоти зиёде амалӣ гашт, ки самараи онро имрӯзҳо ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шоҳид аст.
-Дар арафаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори ин ҷамъият Терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе, баъд аз таъмиру таҷдид, мавриди истифода қарор гирифт. Лутфан бигӯед, ки кадом омилҳо боис шуданд, ки чунин иқдом, ки харҷи маблағи зиёдро тақозо менамуд, амалӣ гардад?
- Ин тасмим, пеш аз ҳама, ба ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии масъулини ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» ва таваҷҷуҳу эътимоди шарикони хориҷии мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мунтазам рушдёбанда рабт дорад. Дар остонаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз таъмиру азнавсозӣ ва бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидани Терминали мусофиркашонии пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе идомаи мантиқии амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, яъне тавассути кушодани роҳҳо ба чор самти олам, ба роҳ мондани робитаи нақлиётии тамоми манотиқи мамлакат бо пойтахти кишвар ва давлатҳои дуру наздик, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани ҷумҳуриамон мебошад. Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки саристгоҳ ё вокзали автобусҳои пойтахт тайи чанд соли охир аз фаъолият монда буд. Бо ташаббуси мо дар муддати на чандон тӯлонӣ терминал якҷо бо шарикони сармоягузор бо сарфи 140 миллион сомонӣ ва бо истифода аз технологияи муосири сохтмону меъморӣ таъмиру таҷдид гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Барои мо боиси ифтихор аст, ки дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот 12 марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Баъди шиносойии наздик бо инфраструктураи терминал маҳз бо пешниҳоди Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба терминали фавқуззикр мақоми «Терминали байналмилалӣ» дода шуд.
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар ин маросим чунин зикр намуданд: «Бо истифода аз фурсат ба сармоягузорону ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар амалӣ гардидани лоиҳаи барқарорсозии Терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе ва ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами он саҳми ватандӯстонаи хешро гузоштаанд, миннатдории Ҳукумати мамлакатро баён менамоям». Ин суханони Роҳбари давлатамон ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшида, водор месозад, ки фаъолиятамонро ба нафъи миллату меҳан вусъат бахшем.
- Шумо иброз доштед, ки аз ҷониби ҷамъият бо сарфи 140 миллион сомонӣ таъмиру таҷдиди терминали зикршуда амалӣ гардид. Барои хонандагони рӯзнома ҷолиб аст, ки дар заминаи ин иқдом чӣ навгониҳо рӯйи кор омаданд?
- Агар гӯем, ки баъд аз таъмиру таҷдид сатҳу сифати фаъолияти терминал батамом тағйир ёфтааст, муболиға нахоҳад буд. Дар терминали имрӯза барои мусофирон маҷмуи хизматрасониҳои зарурӣ, аз ҷумла толори интизорӣ, навори ҷадвали ҳаракати автобусҳо, хазинаҳои чиптафурӯшӣ, намояндагии Бонки «Конт ИнвестБонк», мағозаву қаҳвахона, хонаи модар ва кӯдак, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, инчунин барои воситаҳои нақлиёт истгоҳи калон ва нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмиллалианд, мавриди истифода аст. Дар натиҷаи азму талошҳои мо 12 сайрхати дохили кишвар эҳё гардида, зиёда аз 300 нафар ба ҳайси ронанда ва ба ҳайати хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт, инчунин роҳбаладон аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ соҳиби ҷойи доимии кор шуданд. Инчунин дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ боз 400 ҷойи иловагии кор таъсис диҳем. Умуман, баъди пурра ба охир расидани корҳои таҷдиду таҷҳизонидани терминал то якуним ҳазор нафар шаҳрвандони мо бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд ва то охири сол азхудкунии боз қариб 70 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои фаъолияти босамари терминал 40 адад автобуси мусофиркашонии сатҳи байналмилалӣ ва 40 адад нақлиёти сабукрави махсусгардонидашудаи истеҳсоли хориҷӣ ворид карда шудааст.
- Аз омӯзиши масъала бармеояд, ки дар тамоми олам нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ тиҷорати фоидаовар набуда, дар аксар маврид фаъолияти ин соҳа барзиён сурат мегирад. Бо назардошти ин дар ҳама мамлакатҳо ин бахш аз дастгирии давлатӣ (дотатсия) бархӯрдор аст. То ҷое иттилоъ дорем, маротибаи дуюм аст, ки дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» воридоти автобус ва автомашинаҳои сабукрави махсусгардонида, ки аз ҷониби ҶСП «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» амалӣ гардидааст, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.
Мутаассифона, баъзе ба ном «коршиносон» дар воситаҳои ахбори омма ин иқдомро нодуруст ва муғризона шарҳ медиҳанд…
- Шумо ба яке аз масъалаҳои муҳим дахл намудед. Доир ба қисмати аввали саволатон, яъне аз дастгирии давлатӣ (дотатсия) бархӯрдор будани бахши нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, шумо комилан ҳақ ҳастед. Шукрона аз он менамоем, ки дар заминаи дарки амиқи масъала дархости мо бобати аз андози зикршуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти автобус ва автомашинаҳои фавқуззикр аз ҷониби Сарвари оқилу хирадманди давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт. Вобаста ба андешаҳои ба ном «коршиносон», ки дар баъзе воситаҳои ахбори омма баён шуданд, бояд гӯям, ки онҳо аз ҳақиқати воқеӣ дур ҳастанд. Агар чунин ашхос воқеан ҳам «коршинос» мебуданд, он гоҳ ба хубӣ дарк мекарданд, ки яке аз роҳҳои самарабахши ҳавасманд намудани сармоягузорони хориҷӣ барои сармоягузорӣ ба ин ё он мамлакат озод намудани онҳо аз номгуйи гуногуни андоз ва боҷҳои гумрукӣ маҳсуб меёбад, зеро баъд аз ворид ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин сармоя дар дохили кишвар манфиати он зиёдтар аз ҳаҷми маблағи андозу боҷҳои зикршуда хоҳад буд. Айни замон зерсохтори ҷамъият- «Эйшн экспресс Терминал», ки автобус ва таксиҳои зикршуда дар тавозуни он аст, ба зарари худ фаъолият мебарад. Сарфи назар аз ин, мо тасмим гирифтем, ки аз роҳи пешгирифтаамон пас намегардем ва минбаъд низ баҳри дар сатҳу сифати ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани ин хизматрасониҳо аз тамоми имконият самаранок истифода мебарем.
- Пӯшида нест, ки айни замон сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе низ чандон ҷавобгӯй нест. Аз он ки ҷамъият дар ҷорӣ намудани хизматрасонии мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ аллакай таҷриба дорад, оё баҳри беҳбудӣ бахшидани вазъият дар ин ҷода низ тасмим доред?
- Мо бо дастгирӣ ва ҳидояти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев як силсила иқдомотро амалӣ намуданием. Чанд рӯз пештар мо аз Ҷумҳурии Туркия баргаштем ва зимни ин сафар боз 50 автобуси мусофиркашони ҷавобгӯйи сатҳи байналмилалиро, ки барои кашонидани мусофирон дар дохили шаҳр пешбинӣ шудааст, харидорӣ намудем. Дар ояндаи наздик ин автобусҳо ба ҷумҳурӣ ворид ва мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
- «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе маркази тиҷоратии замонавӣ (гиппермаркет), ки назираш то ҳол дар кишварамон вуҷуд надорад, бунёд карда истодааст…
- Бале. Дар маросими гузоштани хишти аввали сохтмони ин марказ 12 марти соли равон Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд ва мо ваъда додем, ки ин иншоотро дар муддати якуним сол, яъне то моҳи сентябри соли 2014, ба истифода медиҳем. Дар заминаи татбиқи ин иқдом, силсилаи иншооту биноҳои хуштарҳу зебои замонавӣ қомат афрохта, тибқи нақша баъди ба истифода супоридани онҳо қариб се ҳазор нафар шаҳрвандонамон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Бунёди иншооти мазкур дар майдони қариб се гектар пешбинӣ шуда, дар ин раванд 1500 нафар мутахассисону сохтмончиён, ки 80 фоизи онро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Арзиши умумии сохтмони гиппермаркет зиёда аз 200 миллион сомониро ташкил дода, бо мавриди истифода қарор гирифтанаш ба ҳусни пойтахт ҳусни дигаре зам менамояд.
- Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: «Ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии бонкӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари захираҳои қарзӣ зарур аст, ки шабакаҳои бонкиро васеъ гардонида, барои тамоми намудҳои хизматрасонӣ шароит фароҳам оварда шавад. Дар ин ҷода сифати хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардошта, оид ба танзими муомилоти нақдиву ғайринақдӣ чораҷӯйӣ карда шавад».
Бонки сармоягузории «Конт ИнвестБонк», ки айни замон шарики асосии ҷамъият маҳсуб меёбад, баҳри иҷрои ин дастури Роҳбари давлат чӣ корҳоро ба анҷом расонидааст?
- Фаъолияти ин бонк маҳз ба иҷрои нуктаҳои аз Паёми Сардори давлат ба мақоми олии қонунгузори кишварамон иқтибосовардаи шумо нигаронида шудааст. Ин муассисаи молиявӣ тобистони соли гузашта таъсис ёфта, сармояи бонк яксаду сиву чор миллиону яксаду ҳаштоду ҳафт ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин ҳадди ниҳойӣ набуда, мо ният дорем, ки соли ҷорӣ сармояи бонкро ба панҷсад миллион сомонӣ расонем. Дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ин тавр зикр гашта буд: «Бонки миллӣ якҷо бо мақомоти дахлдор бо мақсади эмин нигоҳ доштани низоми молиявии кишвар, аз ҷумла қурби пули миллӣ аз таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ва боз ҳам устувор гардонидани фаъолияти бонкӣ, бояд чораҷӯйӣ намояд. Дар ин самт дастгирии ҳамаи бахшҳои истеҳсолӣ бо маблағгузории дарозмуҳлат, дарёфти сарчашмаҳои гуногун ва васеъ намудани тарзу усулҳои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муҳим дорои аҳамияти хос мебошад». Бо мақсади амалӣ намудани ин нуктаи Паём то ин замон аз ҷониби «Конт ИнвестБонк» барои боз ҳам муассир шудани фаъолияти низоми бонкии кишвар ба як қатор бонкҳои мамлакат 57200000 сомонӣ қарз пешниҳод шудааст. Гуфтан бамаврид аст, ки тамоми фаъолияти ҷамъият маҳз аз ҷониби ин бонк маблағгузорӣ мешавад. Бо назардошти ин омилҳо, метавон гуфт, ки саҳми муассисаи молиявии мазкур, сарфи назар аз навтаъсис буданаш, дар рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа арзанда аст.
- Фаъолияти дигар зерсохторҳои ҷамъият дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Сарфи назар аз навтаъсис будан, мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки раванди фаъолият дар ҳама зерсохторҳои ҷамъият қаноатбахш аст. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута ба наздикӣ ширкати ҳавопаймоии «Осиё Экспресс» якҷоя бо ҶСК «Тоҷик Эйр» парвози тайёраҳоро ба самтҳои гуногун оғоз менамояд. Бо ин мақсад аллакай чор тайёраи RJ ва ду тайёраи «Аэробус-320» харидорӣ шудааст. Мо тасмим гирифтем, ки то охири соли равон мутаносибан боз ду ва панҷтогӣ чунин тайёраҳоро харидорӣ намоем. Навтаъсистарин зерсохтори ҷамъият ширкати сайёҳии «Конт Туризм» маҳсуб меёбад, ки аллакай дар заминаи шартномаҳои ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолияташро дар сатҳу сифати баланд роҳандозӣ намудааст. Фаъолияти ширкатҳои «Конт Сохтмон» ва «Конт Таъминот» низ хеле хуб ҷараён дорад.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинги Контгрупп Тоҷикистон», сарфи назар аз навтаъсис буданаш, бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободии кишвари азизамон ва таъмини некуаҳволии ҳамватанонамон кору пайкор менамояд. Минбаъд низ мо фаъолиятамонро бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ густариш хоҳем бахшид.
Суҳбаторо
Далери АБДУЛЛО,
«Садои мардум»