Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи раёсатҳои соҳавӣ инчунин Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ фаъолият мекунад, ки он дар ҷумҳурӣ маркази асосии илмию методӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи судӣ маҳсуб мешавад.
Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ аз воситаҳои илмию техникӣ, тарзҳои тактикӣ, усулҳои самараноки муосири тафтиши ҷиноятҳои алоҳида ва дастовардҳои экспертизаҳои криминалистӣ истифода намебурданд, аксари ҷиноятҳо фош намешуданд. Дар муайян намудани ҳақиқат дар мурофиаи ҷиноятӣ ва мурофиаи шаҳрвандӣ фикру хулосаи эксперт нақши ҳалкунанда дорад ва ба таъмини волоияти қонун мусоидат менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал фаъолияти экспертизаи судӣ заминаи устувори қонунгузорӣ пайдо кард. 25 июли соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» қувваи амалӣ пайдо кард, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд. Ба қонуни номбурда солҳои 2007 ва 2012 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Айни ҳол муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — вобаста ба экспертизаи судӣ ва криминалистӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии тиббӣ ва судии равонпизишкӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии криминалистӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии соҳаи гумрук дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии таҷҳизоти ашёи рӯзгор ва маводи ниёзи аввалия дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду такомули фаъолияти экспертӣ ва ислоҳоти судӣ дар ҷумҳурӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ барои солҳои 2015 — 2017» баёнгари нукоти зикргардида мебошад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки барномаи мазкур дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 бо мақсади идома додани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар кишвар, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва фаъолияти он таҳия гардидааст.
Чанде пеш дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушд ва такомули фаъолияти экспертизаи судӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон» бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфронси байналмилалӣ меҳмонон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок варзиданд.
Дар конфронс маърӯзаи муовини директори Маркази экспертии Федератсияи Россия Георгий Омелянюк ва муовини директори Маркази экспертизаи судии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон Омурзак Тусумов аз ҷониби иштирокчиёни конфронс хеле хуб пазируфта шуд. Маърӯзакунандагон оид ба татбиқи ислоҳоти соҳа дар муассисаҳои экспертии ватани хеш ибрози фикру андеша намуданд.
Дар конфронс инчунин Азиззода Зафар Нусрат — сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳ. Назарзода — муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидов — прокурори вилояти Суғд, Раҳмон Умедҷон Нуриддин — прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва дигарон маърӯза карданд.
Аҳадҷон УСМОНОВ, сардори шуъбаи экспертизаи судии нақлиёти Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон