Конститутсия истилоҳи лотинӣ — constitution буда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад. Аммо мо имрӯз конститутсияро на бо ин маъно, балки ҳамчун қонуни асосӣ ё ин ки сарқонуни давлат медонем. Бинобар ин, савол ба миён меояд, ки аз кадом давра конститутсияро ҳамчун қонуни асосии давлат эътироф намудаанд, чунки он таърихи тӯлонӣ дошта, бо маънои зикршуда дар таҷрибаи давлатдорӣ истифода бурда мешуд. Бояд зикр намуд, ки конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ на дар давлати ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ вуҷуд надошт.
Пайдоиши конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба давлати буржуазӣ, яъне аз вақти ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазӣ, рост меояд. Аниқтараш пайдоиши конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ба револютсияи буржуазӣ хос мебошад. Бинобар ин, аввалин конститутсияи буржуазӣ ба маънои томаш Конститутсияи ШМА (соли 1787) ва Конститутсияи Франсия (соли 1791) ба ҳисоб мераванд. Аз ҳамон давра оғоз карда, аввалин маротиба конститутсия шакли ягонаи қонуни асосиро гирифта, ҳамчун сарқонуни ин ё он давлати алоҳида эътироф шуд.
Барои пурра ошкор намудани мафҳум, мазмун ва моҳияти конститутсия, қабл аз ҳама, мухтасар дар бораи инкишофи воқеии ҷараёни конститутсионӣ, яъне давраҳои асосии инкишофи конститутсионӣ маълумот медиҳем.
Давраи аввали инкишофи конститутсионӣ аз охирҳои асри ХVIII оғоз гардида, то анҷомёбии ҷанги якуми ҷаҳон давом мекунад. Давраи аввали инкишофи конститутсионӣ ин давраи бунёд ва мустаҳкамшавии ҷомеаи буржуазӣ дар давлатҳои пешқадами Аврупо ва Америка ба шумор меравад. Чунонки зикр намудем, давраи аввал аз қабули Конститутсияи ШМА (соли 1787) ва Конститутсияи Франсия (соли 1791) оғоз мегардад. Баъдан давлатҳои дигар, ба монанди Полша (соли 1791), Венесуэла (соли 1811), Белгия (соли 1831), Канада (соли 1867) ва Австралия (соли 1900) конститутсияҳои худро қабул намудаанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки бунёди ҷараёни конститутсионӣ дар он давра хеле маҳдуд буд ва танҳо давлатҳои Аврупо ва Америкаро фаро мегирифт.
Дар анҷоми давраи аввали инкишофи конститутсионӣ аввалин маротиба конститутсия дар давлатҳои Осиё дар Япония (соли 1889), дар Хитой (соли 1912) ва дар Эрон (соли 1906) қабул карда шуд. Дар давлатҳои қитъаи Африка бошад, дар Либерия (соли 1847) ва дар Иттифоқи Африқои ҷанубӣ (соли 1909) конститутсияҳо қабул карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки конститутсияҳои дар ин давра қабулшуда ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд то ҳадди максималӣ дахолати давлатиро ба ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳдуд мекарданд. Конститутсия на танҳо доираи ҳокимияти давлатиро маҳдуд, балки тарзи баамалбарории онро бояд муқаррар мекард. Ба ибораи дигар гӯем, он муқаррар намудани сарҳади ҳуқуқии байни доираи ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандонро дар назар дорад. Ин ҳолат мазмуни ҳуқуқии конститутсияро муайян менамуд, ки меъёрҳои тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ ва вазъи ҳуқуқии шахсиятро ба танзим медаровард. Дар байни ҳуқуқу озодиҳое, ки конститутсияҳои давраи аввал мустаҳкам менамуданд, ба ҳуқуқҳои фитрии инсон, ки аз вақти таваллуд ба ӯ тааллуқ доштанд, диққати махсус дода мешуд.
Давраи дуюми инкишофи конститутсионӣ ду ҷанги ҷаҳониро дар бар мегирад, яъне аз оғози ҷанги якуми ҷаҳон то ба охир расидани ҷанги дуюми ҷаҳон. Яке аз хусусиятҳои ин давра дар он аст, ки ғалабаи Револютсияи Октябр дар Россия боиси пайдоиши типи нави давлатдорӣ- давлати сотсиалистӣ гардид ва дар баробари ин 10 июли соли 1918 дар Россия конститутсияи типи нави сотсиалистӣ қабул карда шуд, ки ин дар самти пешрафт ва демократикунонии конститутсияҳои он давра як такони муҳим буд. Дар ин давра якчанд давлатҳо, аз қабили Германия, Испания, Мексика, Таиланд, Эфиопия, Миср, Чехословакия ва Югославия конститутсияҳои худро қабул намуданд.
Дар конститутсияҳои давраи дуюм ҷиҳатҳои нав, пеш аз ҳама, демократикунонии ташкили ҳокимияти давлатӣ ва ҳолати ҳуқуқии шахс, тағйироти куллӣ дар сохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа, батанзимдарории падидаҳои нави низоми сиёсӣ (ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқи касаба), мустаҳкам намудани принсипҳои сулҳҷӯёна дар сиёсати берунаи давлат ва ғайраҳо дида мешуданд. Чунонки зикр кардем, пайдоиши Ҳокимияти Шӯравӣ ва қабули конститутсияҳои соли 1918- и РСФСР, солҳои 1924 ва 1936- и ИҶШС дар модули конститутсионии давраи дуюм тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард. Масъалаҳои наве, ки ин конститутсияҳо дар ин давра мустаҳкам менамуданд, барои конститутсияҳои он давра бегона буд, аз ҷумла принсипҳои нави ташкили ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа, ҳолати ҳуқуқии шахс ва муносибати он бо ҷомеа ва давлат, тамоми ҳокимият ба меҳнаткашон бо роҳбарии синфи коргар, низоми яккаҳизбӣ, ҳукмронии моликияти сотсиалистӣ дар иқтисодиёти давлатӣ ва ғайра.
Бояд тазаккур дод, ки ин ғояҳои типи конститутсияи сотсиалистӣ дар конститутсияҳои соли 1919- и Маҷористон, солҳои 1921 ва 1940-и Муғулистон ифодаи худро ёфтанд.
Давраи сеюми инкишофи конститутсионӣ аз анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз ёфта, то охири солҳои 80-уми асри ХХ давом кард. Хусусияти хоси давраи сеюм асосан дар он зоҳир мегардад, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, ба ду лагер — сотсиалистӣ ва капиталистӣ тақсим шудани давлатҳо ва дар натиҷаи аз мустамлика озод шудани давлатҳои нав (зиёда аз 130 давлат) модулҳои гуногуни конститутсионӣ ба вуҷуд омаданд.
Бинобар ин, дар адабиёти ҳуқуқӣ модулҳои конститутсиониро ба се намуд тақсим мекунанд:
1) Модули конститутсионии ғарб
2) Модули конститутсионии сотсиалистӣ
3) Модули конститутсионии нав, ки дар конститутсияҳои давлатҳои озодшуда аз мустамлика ифодаи худро ёфтааст.
Ҳар кадоме аз ин модулҳо дар навбати худ ба навъҳо ҷудо мешуданд ва тамоюлҳои асосии инкишофи худро доштанд.
Дар модули конститутсионии ғарб давлатҳоро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: 1). Давлатҳое, ки конститутсияи пештараи худро бекор накарда, танҳо ба он тағйиру иловаҳо дохил намуданд. Ин намуди конститутсияро одатан конститутсияҳои куҳан меноманд (ШМА, Швейтсария, Финландия, Белгия, Канада ва ғайра). 2). Давлатҳое, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон конститутсияҳои нави худро қабул намуда, конститутсияҳои пештараро бекор намуданд (Юнон, Италия, Испания, Португалия, Япония, Франсия-солҳои 1946 ва 1958). Ин конститутсияҳоро конститутсияҳои давраи нав ё ин ки давраи дуюм меноманд.
Дар гурӯҳи конститутсияҳои модули ғарб дар ин давра дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд, яъне конститутсияҳо сифатҳои нисбатан нав пайдо карданд. Аз ҷумла, конститутсия на танҳо қонуни асосии давлат, балки бо як дараҷаи муайян ба қонуни асосии ҷомеа низ мубаддал гашт. Вобаста ба ин танзими конститутсионии муносибатҳои байни давлат, ҷомеа ва шахсият низ тағйир ёфт. Конститутсияҳои нави дар ин давра қабулшуда доираи дахолати давлатиро дар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа васеъ намуда, дар баробари ин уҳдадории давлатро дар назди ҷомеа ва аъзои он дучанд намуд.
Модули дуюми конститутсионии давраи сеюм ин модули сотсиалистӣ ҳисобида мешуд. Бояд зикр намуд, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон давлатҳои нави сотсиалистӣ ташкил шуданд, ки онҳо лагери давлатҳои сотсиалистиро дар бар мегирифтанд. Асоси модули сотсиалистиро Конститутсияи шӯравӣ, пеш аз ҳама, Конститутсияи соли 1936 ИҶШС ташкил мекард. Ба модули сотсиалистӣ конститутсияҳои Албания, Булғория, Маҷористон, Ветнам, Ҷумҳурии Демократии Германия, Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, Хитой, Куба, Полша, Руминия, Чехословакия, Югославия ва Муғулистон дохил мешуданд. Аз ин лиҳоз, ин модул, низ ба ду навъ тақсим карда мешуд, яъне конститутсияи шӯравӣ (дар баробари конститутсияи ИҶШС, инчунин конститутсияи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва автономӣ мавҷуд буданд) ва конститутсияҳои давлатҳои сотсиалистӣ. Дар ин модули конститутсионӣ асосан ба масъалаи батанзимдарории конститутсионии сохти давлати сотсиалистӣ ва бартарияти он бештар диққат дода мешуд. Дар анҷоми давраи сеюми инкишофи конститутсионӣ дар Булғория (соли 1971), Ҷумҳурии Демократии Германия (соли 1968) ва ИҶШС (соли 1977) конститутсияҳои нав қабул карда шуданд.
Модули конститутсионии давраи сеюмро конститутсияҳои типи нав, конститутсияҳои давлатҳои аз зери мустамлика озодшуда ташкил мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар модули сеюми конститутсионӣ таъсири ду модули аввала — модули конститутсионии ғарб ва сотсиалистӣ дида мешуд. Аз ин рӯ, ин гурӯҳи давлатҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекарданд: 1). Давлатҳои дорои тамоюли (ориентатсияи) сотсиалистӣ. 2). Давлатҳои дорои тамоюли (ориентатсияи) капиталистӣ.
Ҷолиб аст, ки қабули конститутсия дар давлатҳои аз мустамлика озодшуда на танҳо рамзи соҳибистиқлолиятии онҳоро, балки мустақилияти ин давлатҳоро ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷассум менамуд.
Давраи чоруми инкишофи конститутсиониро давраи ҳозира меноманд, ки он аз охирҳои солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида, то ҳол амал карда истодааст. Оғози ин давра асосан ба пошхӯрии Давлати Шӯравӣ ва барҳамхӯрии давлатҳои хориҷии сотсиалистӣ вобастагӣ дорад. Баъди барҳам хӯрдани Давлати Шӯравӣ ҳамаи 15 ҷумҳурии иттифоқӣ истиқлолияти худро эълон намуда, ҳамчун давлатҳои мустақил аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Дар баробари ин, давлатҳои хориҷии сотсиалистӣ (ба истиснои Хитой, Куба, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам) барҳам хӯрда, аз ин низом даст кашиданд. Баъди пеш гирифтани бунёди ҷомеаи демократӣ онҳо конститутсияҳои нави худро дар асоси модули конститутсионии ғарб қабул намуданд.
Аз 15 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ моҳи декабри соли 1991 — ум 12 — тоаш шакли нави ҳамкорӣ — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ташкил намуданд (ба ғайр аз ҷумҳуриҳои назди Балтика, ҳоло аъзои ИДМ — нуҳ ҷумҳурии собиқ шӯравӣ мебошанд). Баъди истиқлолияти хешро эълон намудан дар ин ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ масъалаи тайёр ва қабул намудани конститутсия ба миён омад. Ҷумҳуриҳои назди Балтика — Латвия, Литва ва Эстония ҳанӯз соли 1992 конститутсияҳои худро қабул намуданд. Дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Туркманистон 18 майи соли 1992, Ӯзбекистон — 8 декабри соли 1992, Федератсияи Россия — 12 декабри соли 1993, Молдова — 29 июли соли 1994, Қирғизистон — 5 майи соли 1995, Арманистон — 5 июли соли 1995, Гурҷистон — 24 августи соли 1995, Қазоқистон — 30 августи соли 1995, Озарбойҷон — 12 ноябри соли 1995, Украина — 28 июни соли 1996 ва Ҷумҳурии Беларус — 24 ноябри соли 1996 конститутсияҳои худро қабул карданд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус дар давраи истиқлолияташон ду маротиба конститутсия қабул карда шуд. Бори аввал Ҷумҳурии Қазоқистон 18 январи соли 1993 ва Ҷумҳурии Беларус 15 марти соли 1994 конститутсияҳои худро қабул карда буданд. Дар ин конститутсияҳои нави собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ чунин масъалаҳои муҳим, аз ҷумла соҳибихтиёрии давлатдории миллӣ, модулҳои нави инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, падидаҳои нави ҳокимияти давлатӣ, ишкишоф ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ғайраҳо ифодаи худро ёфтаанд.
Дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, баъди пош хӯрдани ИҶШС, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти хешро эълон намуда, ба давлати мустақил табдил ёфт. Гузашта аз ин, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳибихтиёрии пурра ва воқеии Тоҷикистонро бояд қонунӣ мегардонд, ин қабули конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Аз ин лиҳоз, масъалаи тайёр намудан ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Ҷараёни тайёр ва қабул кардани Конститутсияи ҳоло амалкунандаи Тоҷикистон якчанд марҳиларо дар бар мегирад.
Совети Олии РСС Тоҷикистон 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳангоми қабул намудани ин ҳуҷҷати муҳим Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил мешуд. Қабули Эъломияи мазкур қадами аввалин оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон гардид. Дар иҷлосияи Совети Олии РСС Тоҷикистон моҳи августи соли 1990 комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он лоиҳаи Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро дар давоми як сол тайёр намуд. Аммо бетартибиҳои сиёсии августи соли 1991 ва пошхӯрии ИҶШС сабаби ба таъхир андохтан ва қабул нашудани ин лоиҳаи Конститутсия гардид. Эълон шудани Истиқлолияти Тоҷикистон боиси ба миён омадан, коркарди лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Аз ин рӯ, сеюми январи соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд. Баъдан бо Фармони Президенти ҳамонвақта Раҳмон Набиев 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ дар ҳайати нуҳ нафар таъсис ёфт. Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи нави Конститутсияро тайёр ва моҳи апрели соли 1992 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 1992 лоиҳаи Конститутсияро маъқул дониста, онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кард. Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ имконият надод, ки лоиҳаи Конститутсия аз тарафи халқ пурра муҳокима гардад. Бинобар ин, кор аз болои лоиҳаи Конститутсия қатъ гардид.
Минбаъд масъалаи аз нав тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ танҳо дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 ба миён омад ва бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин иҷлосия тағйир дода шуд ва раиси комиссияи конститутсионӣ Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов интихоб гардид. Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсионӣ 4 сентябри соли 1993 барпо гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду шакли лоиҳаи Конститутсияро, ки яке аз он лоиҳаи конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, дигаре бо шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ буд, ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуд. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқа, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор гардид ва муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 давом кард. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-22 июли соли 1994 баргузор шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои дар раъйпурсӣ 25 сентябр қабул гардиданаш қарори дахлдор ба тасвиб расид.
Баъдан бо қарори Иҷлосияи 20 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд.
Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 фоиз шаҳрвандон иштирок намуданд, ки 87,59 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд.
Ҳамзамон рӯзи 6 ноябри соли 1994 рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ботантана қайд карда мешавад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда ба ҳисоб рафта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) инчунин дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои пешина ин мафҳум бегона буд. Инчунин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ҷиҳатҳои демократӣ дорад, ки онҳо қобили қайданд.
Дар охир ёдовар мешавем, ки дар давоми 21 сол ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба бо тариқи раъйпурсӣ — 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.
Равшан РАҶАБОВ, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ