Ваколатҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Аз ҷумла дар қонуни мазкур ваколатҳои онҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, фарҳанг, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳалли масъалаҳои муҳити зист ва ғайра муайян гардидааст.
Бо мақсади огоҳ шудан аз рафти иҷрои қонуни мазкур бо фаъолияти деҳоти ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш шинос гардидем. Аз суҳбат бо раиси ҷамоати деҳоти мазкур Тоҷиддин Сафаров маълум гашт, ки ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Мардуми деҳот асосан ба кишоварзӣ машғуланд, аз ин рӯ бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия рушди минбаъдаи ин соҳа дар маркази диққат мебошад.
Дар ҳудуди деҳот 1865 гектар замини обӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 758 хоҷагии деҳқонӣ машғули парвариши зироати кишоварзианд. Бахусус, ба кишти пахта ва ҳар чӣ бештар истеҳсол намудани ин зироати сердаромад кишоварзон ҳавасманд мебошанд.
Имсол майдони кишти пахта 1465 гектарро ташкил дод ва 258 хоҷагии деҳқонӣ бевосита ба парвариши ин зироат машғуланд. Ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ғунучини ҳосили пахта идома дорад. Хоҷагиҳои деҳқонии «Азизулло» (роҳбараш Бибӣ Давлатова), «Ҳоҷӣ Зокир» (роҳбараш Зоир Давлатов), «Аслам» (роҳбараш Давлат Сафаров) пешқадам буда, ҳосилнокии ҳар гектарро ба 35 — 40 сентнерӣ расонданианд.
Дар ҳудуди деҳот ҶДММ «Беҳрузи Мурод» фаъолият дорад, ки пахтаи хоҷагиҳои деҳқониро коркард менамояд. Дар назди корхона сехи карбосбарорӣ кушода шудааст. Дар корхона ва сехи мазкур бештар аз 200 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Ба рушди боғдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2014» масоҳати боғу токзор ба 138 гектар расонда шуд.
Тавре дар идомаи суҳбат Тоҷиддин Сафаров иброз дошт, аз ҳисоби заминҳои лалмӣ имкони 35 — 40 гектар боғи нав бунёд кардан вуҷуд дорад. Ба ин васила истеҳсоли маҳсулот афзуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил меёбанд.
Ба масъалаи ободонӣ, сохтмони объектҳои таълимӣ, тандурустӣ низ аҳамият дода мешавад. Чанде пеш дар деҳаи «Дӯстӣ» маркази савдо сохта, ба истифода дода шуд. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57 синфхонаҳои иловагӣ бунёд ёфт, ки бо ашёҳои зарурии таълимӣ таъмин мебошад. Умуман, дар ҳудуди деҳот панҷ муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, 198 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи 3675 нафар хонандагон машғуланд.
Ба сокинони деҳот як маркази саломатӣ, панҷ бунгоҳи тиббӣ, як китобхона хизмат мерасонад.
Иттилоъ гирифтем, ки дар ҳамкорӣ бо комиссариати ҳарбии ноҳия, муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон нақшаи даъвати наваскарон ҳамасола пеш аз муҳлат иҷро мешавад.
Бо иштироки аъзои комиссияҳо ва фаъолон дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ баргузор мешаванд. Мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо пешгирии доман паҳн намудани падидаҳои номатлуб ва ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгарою тахрибкор гирифтор шудани насли наврас мебошад, зеро далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки баъзе аз ҷавонон бинобар надоштани маълумот ва дониши кофӣ дар кишварҳои хориҷа дар муҳорибаҳои ҷангӣ иштирок мекунанд.
Таълиму тарбияи насли наврас аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Ба ин масъала дахл карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 апрели соли 2012) таъкид доштанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад».
- Бо ин мақсад баҳри татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо аҳли ҷамоатчигӣ корҳои зиёди тарғиботӣ бурда мешаванд. Ин чорабиниҳо натиҷаи мусбии худро дода истодаанд. Доир ба баргузории ҷашну маросимҳои мардумӣ нисбати солҳои қаблӣ қонуншиканиҳо бамаротиб кам гаштаанд. Ҳолатҳои аз таълим дур мондани наврасон ҷой надоранд, — гуфт дар фарҷом Т. Сафаров.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»