Маҳкам Маҳмудзода
Бахтиёр Худоёрзода
(идома аз шумораҳои гузашта)
Моддаи 70. Тартиби маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ
1. Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ ба амал бароварда мешавад.
Парванда оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар асоси аризаи яке аз падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), прокурор, инчунин мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғ ба зиммаашон гузошта шудааст (мақомоти васояту парасторӣ, муассисаҳо барои кӯдакони ятим ва кӯдакони аз ғамхории падару модар маҳруммонда ва ғайра) баррасӣ мегардад.
2. Парвандаҳо оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.
3. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кӯдак ситонидани алиментро аз падару модари (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгашта ҳал мекунад.
4. Агар суд ҳангоми баррасии парвандаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар амалҳои падару модар (яке аз онҳо) аломатҳои кирдори сазовори ҷазои ҷиноятиро ошкор намояд, он гоҳ суд вазифадор аст, ки дар ин хусус прокурорро огоҳ созад ё парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунад.
Ҳуқуқи падару модар ва ҳимояи он аз ҷониби қонун кафолат дода мешавад. Аз ин рӯ, қонун танҳо бо роҳи судӣ маҳрум намудан аз ҳуқуқи падару модариро муқаррар кардааст. Яъне, ба дигар мақомоти давлатӣ чунин салоҳият дода нашудааст. Тартиби баррасии парванда оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бо роҳи пешбурди мурофиавии гражданӣ анҷом дода мешавад.
Доираи шахсоне, ки ҳуқуқи пешниҳод кардани чунин даъворо доранд ба таври мушаххас нишон дода шудааст. Ба ин доира яке аз падару модар шахсони онҳоро ивазкунанда – васӣ, парастор дохил мебошанд. Аз ин ҷо бобою бибӣ, дигар хешу табори наздики кӯдак агар ба таври расмӣ ба сифати васӣ ё парастор таъин нашуда бошанд, онҳо ҳуқуқи мустақилона пешниҳоди даъво оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модариро надоранд. Онҳо метавонанд ба мақомоти давлатии дахлдор (прокурор, мақомоти васояту парасторӣ ва ғайра) оид ба тайёр ва пешниҳод кардани даъво муроҷиат намоянд.
Қонунгузор пешниҳоди даъворо оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ ба прокурор додааст. Лекин қонунгузор доираи муассисаҳои давлатӣ, ки ҳуқуқи пешниҳоди чунин даъворо доранд, маҳдуд накардааст. Тамоми муассисаҳои давлатие, ки дар доираи салоҳияташон ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғ дохил аст, ҳуқуқи пешниҳод кардани даъвои номбурдаро доранд. Ғайр аз муассисаҳои дар қисми 1 моддаи 29 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбаршуда инчунин хонаи кӯдакон, мактаб-интернатҳо ва ғайра ҳуқуқи даъво пешниҳод карданро доранд, чунки онҳо низ ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдак сарукор доранд.
Тартиби мурофиавии муроҷиат ба талаботҳои муқаррар¬шуда ҷавобгӯ будани аризаи даъво аз ҷониби КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом дароварда шудааст.
Парвандаҳо оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ ба ҳуқуқҳои падару модар ва кӯдакон, ки таҳти ҳимояи қонун мебошанд, дахлдор аст. Ғайр аз ин, дар ҳалли дурусти парвандаҳои номбурда давлат ва ҷомеа манфиатдор мебошанд. Аз ин рӯ, қисми 2 моддаи 70 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҳатмии прокурорро дар баррасии чунин парвандаҳо пешбинӣ кардааст. Чунин талабот низ аз нигоҳи КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 47) бармеояд, ки мувофиқи он дар парвандаҳое, ки муҳофизати манфиати давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон зарур аст, иштироки прокурор дар мурофиаи судӣ ҳатмӣ мебошад.
Иштирокчии дигари ҳатмии мурофиаи судӣ вобаста ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, ки қонун муайян кардааст, мақоми васояту парасторӣ мебошад. Ин мақомот дар фаъолияташ ба ҳифзи манфиати кӯдакон машғул аст. Ғайр аз ин, мақомоти васояту парасторӣ ҳамчун мақомоти давлатӣ дар мурофиа хулоса медиҳад. Хулосаи ин мақомот яке аз воситаи ҳимояи манфиати қонунии кӯдакон мебошад. Тартиби иштирок ва ҳуқуқҳои мақомоти номбурда ба таври муфассал дар тафсири моддаи 78 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Новобаста аз он ки падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум мегарданд, қонун онҳоро аз таъминот барои фарзанди ноболиғашон озод намекунад. Аз ин рӯ, дар аксар ҳолатҳо дар даъвои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ талаботи рӯёнидани алимент барои кӯдакон пешниҳод мегардад. Дар ин маврид даъворо қонеъ карда, суд аз ҷавобгарон (ё ҷавобгар) мутобиқи талаботи моддаҳои 80-84 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи кӯдакон алимент мерӯёнад. Дар мавриди бо даъвои асосӣ пешниҳод накардани талабот оид ба рӯёнидани алимент, тибқи талаботи банди 17 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №16 аз 2 октябри соли 2003 (бо тағйироту иловаҳо аз 19 марти соли 2009) «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои вобаста ба тарбияи фарзандон» ҳангоми баррасии парванда дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кӯдак ситонидани алиментро, новобаста аз он ки чунин даъво пешниҳод карда шудааст ё не, низ ҳал мекунад.
Қисми 4 моддаи 70 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андешидани чораҳо аз ҷониби суд ҳангоми баррасии парвандаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бахшида шудааст. Қонунгузор ба салоҳияти суд ду роҳи ҳалли масъаларо дохил кардааст. Дар навбати аввал ҳангоми дар кирдори падару модар (яке аз онҳо) ошкор кардани ҷиноят, суд бо таъиноти хусусӣ барои андешидани чорае, ки КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, дар ин бора ба маълумоти прокурор мерасонад. Аз рӯи талаботи КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 108) судя бо қарори худ ҳуқуқи оғоз кардани парвандаи ҷиноиро дорад. Азбаски парвандаи гражданӣ аз ҷониби судя танҳо баррасӣ мегардад, ҳангоми дар кирдори падару модар (яке аз онҳо) ошкор кардани ҷиноят судя дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ қарор бароварда онро ба прокурор барои ташкил кардани тафтишот мефиристонад. Ин чораи қонун пешбиникарда ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон равона карда шудааст.
(Давом дорад)