Ҳар қадар ҷомеа пеш меравад, арзиши осори замони гузашта меафзояд. Суҳбати мо бо директори Маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории ноҳияи Ҳисор Зикрулло Ҷобиров роҷеъ ба ин мавзӯъ сурат гирифт. Бояд зикр намуд, ки ин олими ҷавон дар муаррифии осори қадимаи Ҳисор ва бозёфтҳои тозаи ин мавзеъ саҳми намоён гузоштааст.
-Дар бораи вазъи ин минтақа дар ҳазораи VI-IV то мелод чӣ метавон гуфт? Сайёҳони пешин, ки аз кишварҳои дуру наздик меомаданд, Ҳисорро чӣ гуна тавсиф намудаанд?
- Шаҳри Ҳисор дар асри ХII то мелод ҳамчун минтақаи заминдорӣ маълум аст. Дар давраҳои минбаъда, хусусан дар асрҳои VII-V то мелод, ҳудуди шаҳрак то 85-90 гектарро дар бар мегирифт. Ҳисор дар давраи Кушониён шаҳри тараққикарда, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва мадании водӣ ба шумор мерафт. Дар сарчашмаҳои таърихии хитойӣ оид ба Тахористон маълумоти нодир дода шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ҳар як шаҳр ибодатхона, саҷдагоҳҳои бошукӯҳ бо роҳибони сершумор амал мекарданд. Дар назди шаҳри Ҳисор низ ибодатхонаи буддоӣ мавҷуд буд. Аз навиштаҳои сайёҳи хитойӣ Сюан Тсзян бармеояд, ки дар шаҳри Ҳисор, ки он вақт Шумон ном мебурданд, ду дайри буддоӣ вуҷуд доштааст. Ҳуҷраи ғори аз поякӯҳи деҳаи Бӯстон дарёфтшуда ҳаҷман калон буда, барои роҳибони буддоӣ ҳамчун «катхика — сала» суҳбатгоҳ истифода бурда мешуд. Тахмин дар ин ҳуҷра зиёда аз сад нафар роҳиб ё худ саҷдакунандагон ҷойгир мешуданд.
Дар охири ғор болои суфаи на чандон васеъ ва баланд муҷассамаи Буддо ё дигар олоти муқаддас гузашта мешуд. «Ҳисор» дар луғатҳои тафсирӣ ба маъниҳои иҳоташуда, қалъа, ҷойи мустаҳкам, девори даври қалъа омадааст. Сабаби исми зеринро гирифтани ин водии зархез дар қалби қаторкӯҳҳо доман паҳн кардан ва вуҷуд доштани қалъаи мустаҳками он мебошад. То асри XV ин диёри зархезро, ки қаламрави салтанатҳои гуногун буд, бештар бо номҳои «Шумон» ё «Шомон» ном мебурданд. Чунончӣ, сайёҳи хитойии асри VII мелодӣ Сюан-Тсзян дар сафарномааш чунин менигорад:
«Хонигарии Шумон аз ғарб то шарқ ба масофаи чор шабонарӯз, аз ҷануб то шимол ба масофаи ду шабонарӯз роҳпаймоӣ тӯл мекашад». Ҷуғрофияшиноси асри X Ал-Муқаддасӣ менависад, ки «Шумон»- и замони ӯ «уммаҳот», яъне «модаршаҳр» аст. Ал-Муқаддасӣ Ҳисорро бо сабаби ободию бузургиаш модари шаҳрҳои ин минтақа шуморидааст. Аввалин маротиба номи «Ҳисор» ва «Ҳисори шодмон» дар асари муаррихи дарбори сулолаи Темуриён Алии Яздӣ — «Зафарнома» зикр ёфтааст.
- Тадқиқоти илмӣ оид ба таърихи шаҳр аз кадом давра оғоз гаштааст?
-Аввалин олим, ки дар бораи муҳити ҷуғрофӣ ва ҷойгиршавии шаҳри Ҳисор саҳм гузошта, маълумоти саҳеҳ додааст, мардумшинос А. Н. Маев ба шумор меравад. Липский, Лилентал, Минаев, Покатило, Хаников дар водии Ҳисор тадқиқотҳои ҷуғрофӣ гузаронида, дар ҳисоботи худ оид ба шаҳрҳо, деҳаҳо, ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, таърих ва ёдгориҳои водии Ҳисор маълумот додаанд. Омӯзиши водӣ аз солҳои 80 — уми асри ХIX оғоз гардида, дар солҳои 20-30 — юми асри ХХ, баъди барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон, ҳаматарафа вусъат меёбад. М. С. Андреев — шарқшинос мардумшинос, соли 1925 дар бораи ёдгориҳои меъмории шаҳри Ҳисор тадқиқотҳои омӯзиширо оғоз намуд. Ӯ аввалин шуда, харитаи ёдгориҳои бостонии водии Ҳисорро тартиб дода, дар тӯпхона, никрополи шаҳри Ҳисор ҳафриёт гузаронидааст.
Дар шаҳраки Ҳисор олимони муосир бо сарварии Б. А. Литвинский ҳафриёт гузаронидаанд. Дар тӯпхона М. А. Бубнова, Е. Д. Салтопская, В. И. Салавиев дар солҳои гуногун тадқиқот анҷом додаанд. Баъди таъсисёбии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор корҳои васеи тадқиқотӣ дар ҳудуди Регистон, Қалъаи Ҳисор ва қисматҳои гуногуни шаҳр гузаронида мешавад. Дар раванди омӯзиш саҳми олимон Т. М. Атохонов, П. Т. Самойлик, А. Абдуллоев низ беҳамтост. Дар омӯзиш ва барқароркунии ёдгориҳои меъмории мамнуъгоҳ меъморон-тадқиқотчиён И. С. Брагинский, З. Ҳасанов, Н. Брус, Н. Валиев, А. Мирзоқулов саҳми бузург доранд.
- Таъсиси мамнуъгоҳ то чӣ андоза ба ҳифзи ёдгориҳо мусоидат кард?
- Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор осорхонаест зери фазои кушод, ки қимати беҳамтои таърихӣ, бостоншиносӣ ва меъмориро дорад. Мамнуъгоҳ соли 1982 арзи вуҷуд кардааст. Он дар ҳудуди 22 гектар, дар як гӯшаи зебоманзари водии Ҳисор, воқеъ гардидааст. Ин марз бостонист ва зиёда аз 3000 сол қабл ин ҷо маркази тамаддуни воло арзи ҳастӣ дошт. Ёдгориҳои таърихию меъморие, ки то ба имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, бунёдашон аз қарни XI пеш аз мелод оғоз шуда, то садаи XIX идома меёбад. Лаҳзае, ки моро маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба оғӯш мегирад, хештанро дар шаҳри асримиёнагие бо майдонаш — Регистон, дижи қадим, силсилаи иншооти маданӣ — маърифатӣ, ҷомеавӣ — тиҷоратӣ мебинем. Майдони Регистонро ду мадраса- Куҳна ва Нав, корвонсарои хиштин, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва таҳоратхона иҳота кардааст. Дуртар аз майдони Регистон дар қисми ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масҷиди Сангин, масҷиди Одина, масҷид ва мадрасаи «Чашмаи Моҳиён» воқеанд.
Шаҳри Ҳисор то инқилоби Октябр маркази Бухорои Шарқӣ ба шумор мерафт. Соли 1924 аз назди дарвозаи Арки Ҳисор Эъломияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро хонданд ва дертар Душанбе марказ эълон карда шуд.
- Роҷеъ ба саҳми шаҳрҳои қадимаи тоҷик дар мисоли Ҳисор дар рушди тиҷорат чӣ гуфта метавонед?
- Габриел Бонвало соли 1889 дар китоби худ «Аз Қавқоз то Ҳиндустон тавассути Помир»- ҳолати Қалъаи Ҳисорро тасвир кардааст. Махсусан ҳолати бозори Ҳисор васеъ нишон дода шудааст. Тавре ӯ зикр кардааст: «Дар бозор ғайр аз молҳои маҳаллӣ матоъҳои гуногун — гӯгирд, тугмаву сӯзанҳои ҳархелаи аз Россия овардашуда, инчунин матоъҳои истеҳсоли ҳунармандони англису фаронсавӣ, молҳои Ҳиндустону Хитой хеле фаровон вомехӯрад».
Ҳафриётчии америкоӣ Рафаел Пампелли натиҷаи сафарҳои хешро дар ду китоби калонҳаҷм ба қалам дода, ба Ҳисор бобҳои алоҳида бахшидааст. Қалъаи Ҳисор — қароргоҳи ҳокимнишинро тавсиф намуда, дар гузаштаи дур роҳи муҳими тиҷорат барои Хитой, Ҳиндустон, Қошғар ҳисоб шудани Ҳисори Шодмонро зикр менамояд. Дар хотироти онҳо махсус ба ҳунари дастии ҳунармандони ҳисорӣ-алоча, корд, шамшеру сипар, ки дар Осиёи Миёна ва берун аз он маълуму машҳур буданд, баҳои баланд дода шудааст. Ба ақидаи афсари артиши рус капитан Лилиентал, аҳолии ҳокимигарии Ҳисор дар асри XIX 170 ҳазорро ташкил медодааст. Аскархонаи Ҳисор бо 400 сарбоз ва 11 тӯп яке аз гарнизонҳои калонтарини Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб мерафт. Муаррих Ш. Т. Юсуфов ҳангоми омӯзиши бойгонии Қӯшбегии Ҳисор бо феҳристи биноҳои Ҳисори асримиёнагӣ вомехӯрад. Дар он номи панҷ мадраса зикр карда мешавад, ки яктоашро ба исми «Чашмаи моҳиён» тавсиф менамоянд.
-Инак, бо ғамхориву тадбирҳои васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3000 — солагии Ҳисор таҷлил ёфт. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш қалби шуморо чӣ гуна эҳсосоте фаро гирифт?
- Эҳсоси баланди ифтихор ва шукргузорӣ аз Давлату давлатдорӣ. Бо кӯшиши Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини миллати тоҷик боз як саҳифаи дурахшон боз шуд.
Таърихи Ҳисори бостон ҷузъи ҷудонашавандаи рушду такомули халқи тоҷик мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ҳифзу нигаҳдории ин ёдгории нодири халқамон ғамхориҳои рӯзафзун карда истодааст. Умед дорем, ки дар як муддати кӯтоҳ Маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор ба яке аз марказҳои сайёҳии мамлакат табдил меёбад.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»