Ба низом даровардани фаъолияти бозори шаҳри Хоруғ, ҳолати ғайрисанитарии гирду атрофи он ва танзими муайяни ҳаракати нақлиёти шаҳр аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи навбатии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки вақтҳои охир сохтмони ғайриқонунии дӯкону мағозаҳо дар ҳудуди бозори шаҳри Хоруғ зиёд гардидааст, ки аз беназоратии сохторҳои мақомоти шаҳрӣ ва бемасъулиятии бархе аз роҳбарони масъул дарак медиҳад. Барои дуруст ба роҳ мондани низоми бозори истеъмолӣ, маданияти савдо ва пешгирӣ кардани сохтмони ғайриқонунии гирду атрофи бозор раиси вилоят гуфт, ки комиссияи махсус таъсис дода шавад. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супориш дода шуд, ки минбаъд масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин дар маркази шаҳрро зери назорати қатъӣ қарор диҳад. Дар робита ба масъалаи тозагию ободии шаҳр зикр гардид, ки вазъи санитарии бозор ба сабаби ҳамарӯза ҷамъ гардидани партови зиёд, насупоридани маблағ мушкилотро барои кормандони хоҷагии коммуналии шаҳр ба миён овардааст. Ҳоло дар ҳудуди бозор 700 дӯкону мағозаҳо мавҷуданд, вале танҳо 30 фоизи маблағи партовҳо пардохт мегардаду халос.
Дар ҷаласа ҳамчунин оид ба танзими ҳаракати нақлиёт дар маркази вилоят — шаҳри Хоруғ сухан рафт ва зикр гардид, ки дар ин масъала мушкилоти асосӣ тарзи дуруст ба роҳ мондани хатсайри нақлиёти шаҳр ва ба тавозуни муайян даровардани фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ аст, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Зикр гардид, ки нақлиёти хатсайри Хоруғ — Душанбе ва дигар навоҳии вилоят аз ҳудуди шаҳр бароварда шавад, то ки минбаъд тамбашавии нақлиёт дар маркази вилоят камтар мушоҳида гардад. Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилоят ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани кор дар самтҳои баррасигардида ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ш. Шоҳқосим,
«Садои мардум»