Шоми рӯзи ёздаҳуми ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Исломобод — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.
Барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта, Горди фахрӣ саф ороста буд.
Ба ин муносибат дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод ҳамчунин аз тӯпхонаҳо 21 шиллик парронда шуд, ки танҳо хоси сафарҳои давлатии меҳмонони олимақом аст.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон рӯзи 12-уми ноябр оғоз ёфт.
www.president.tj