Шиносоӣ бо кори гулпарварони ҶДММ «Пайванд»

№156-158 (3457-3459) 20.11.2015

12239420_926968547373332_4255077911995438592_o17 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд», ки асосан ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, аз наздик шинос шуд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар масоҳати се гектар, аз ҷумла дар чор гармхона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш меёбанд.

Дар ин ҷо 15 нафар мардон ва занон ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд ва давоми чор сол коргарон онро ба як макони зебову дилфиреб табдил додаанд.

Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, иқлими кишвари мо субтропикӣ ва зудтағйирёбанда мебошад, аз ин рӯ, дар заминҳои ин қитъа ниҳоли дарахтони гуногуни ба иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ аз Италия, Белгия ва Голландия ворид карда мешаванд.

Бештар дар ин ҷо дарахтони намудҳои гуногуни себ, нок, олу, аз ҷумла себу олуи пурпур, олуи систена,  гелос, анҷир, каштан, булут, махония, пихта конкалор, сарв, магнолияи баргрез ва се намуди дигари ин дарахт, секвоя, можевелник, туя, санавбар, тус, фарк, принус, амиландр, ёси ҳиндӣ, зелол, саликс хакуро, лекадамбр, османтус, тис, каталпа, абиесс нордман, воодбриҷ, туя аризонти маҳаллӣ, тсерсис ва гулу буттаҳои ороишӣ ба назар мерасанд.

Дар гармхонаҳо коргарон ба парвариши қаламчаи ниҳолҳо ва гулҳои гуногун машғуланд. Қитъаи алоҳида инчунин барои парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаи себ, нок ва лимӯ ҷудо карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба кори мутахассисон баҳои баланд ва барои рушди соҳа, ҳамкорӣ бо аҳолӣ баҳри ободонии диёр ба онҳо дастуру ҳидоятҳои муфид дод.

Инчунин Президенти мамлакат ба масъулини соҳа супориш дод, ки бо истифода аз заминаи мусоиди ин парваришгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани Муассисаи давлатии «Боғи Парчами Миллӣ», «Боғи муҷассамаи Нишони давлатӣ», Муассисаи давлатии илмии «Боғи Ирам», Муассисаи давлатии «Боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо аз ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ба саломатӣ фоидаовар истифода баранд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мағозаи «Пайванд» оғоз бахшид.

Чунонки иттилоъ доданд, сохтмони мағозаи мазкур соли 2014 оғоз гардида, соли 2015 ба охир расидааст ва дар он панҷ нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Дар ин ҷо намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» сохта шудааст.

Ҳадафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи ин мағоза фароҳам овардани шароит барои нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад.

Мутахассисон дар баробари фурӯши ниҳолҳо ва буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд барои парвариши ниҳолҳои ороишӣ маслиҳатҳои муфид диҳанд.

 www.president.tj