Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№159 (3460) 24.11.2015

маҳкам маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 74. Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ

1. Падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, ҳуқуқи шахсан тарбия кардани кӯдак, инчунин ҳуқуқи имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шаҳрвандони кӯдакдор муқарраргардидаро аз даст медиҳанд.

2. Аз падару модар гирифтани кӯдак падару модарро аз уҳдадории таъминоти ӯ озод намекунад.

3. Кӯдаке, ки нисбати вай ҳуқуқи падару модар (яке аз онҳо) маҳдуд карда шудааст, ҳуқуқи моликиятии худро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи амволиеро, ки дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад.

4. Кӯдаки аз падару модар (падару модар) гирифташуда ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ супурда мешавад.

Ҳангоми маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ падару модар (яке аз онҳо) асоси ҳуқуқии дар тарбияи худ нигоҳ доштани кӯдакро аз даст медиҳанд. Нисбати падару модар ҳамон ҳуқуқу уҳдадориҳое боқӣ мемонанд, ки ба тарбияи кӯдак алоқамандӣ надоранд. Ба чунин падару модар (яке аз онҳо) ҳуқуқи додани розигӣ барои ба фарзандхонӣқабул кардани кӯдак (м. 129 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳуқуқи дар оянда гирифтани таъминот аз кӯдак (моддаи. 88 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ғайра нигоҳ дошта мешавад. Бояд қайд кард, ки аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) анҷом додани ҳуқуқҳои номбурда ба тарбияи кӯдак зиён намерасонад.

Оқибатҳои ҳуқуқии маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ вобаста аз даст додани ҳуқуқи имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шаҳрвандони кӯдакдор муқарраргардида ба оқибатҳои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар ин қисм, ки қонун муқаррар кардааст, якхела аст. Ин воқеият дар қисми 1 моддаи 71 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал тафсир дода шудааст.

Падару модар вазифадоранд фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Ин уҳдадории падару модар ҳангоми маҳдуд кардани онҳо дар ҳуқуқи падару модарӣ низ боқӣ мемонад. Чунки тартиби муқарраркардаи қонун ҳимояи манфиатҳои кӯдакро кафолат медиҳад. Рӯёнидани алимент аз падару модар ба фоидаи кӯдак аз рӯи талаботи моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Талаботи моддаи мазкур ҳангоми иҷрои талаботи қисми 5 моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ татбиқ мегардад.

Оқибатҳои ҳуқуқии маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ барои кӯдак вобаста ба ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, ҳуқуқи амволӣ, ки дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва дигар хешовандон пайдо шудаанд, аз он ҷумла ҳуқуқи мерос ба оқибатҳои ҳуқуқии маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар ин қисм, ки қонун муқаррар кардааст, монанд мебошанд. Ҳалли масъалаи мазкур дар тафсири қисми 4 моддаи 71 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал нишон дода шудааст.

Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакро ба инобат гирифта, қисми 4 моддаи 74 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қонеъ кардани даъво оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ супурдани кӯдакро пешбинӣ намудааст. Дар ин маврид дар назар дошта шудааст, ки нисбати падару модар (ҳам падар ва ҳам модар) маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ татбиқ мегардад. Суд дар ҳалномааш ба таври мушаххас ба кадом муассисаи кӯдакона ба тарбия додани кӯдакро ҳуқуқи нишон додан надорад. Чунки ҳалли бевоситаи ҷо ба ҷо кардани кӯдак ба салоҳияти мақомоти васояту парасторӣ дахл дорад.

Моддаи 75. Муоширати кӯдакон бо падару модаре, ки ҳуқуқашонро суд маҳдуд кардааст

Ба падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, мумкин аст барои муошират бо кӯдак иҷозат дода шавад, ба шарте ки он ба кӯдак таъсири зарарнок надошта, ба ҳаёту саломатии кӯдак хатарнок набошад. Муоширати падару модар бо кӯдак бо розигии мақомоти васояту парасторӣ ё васӣ (парастор) ва ё маъмурияти муассисае, ки кӯдак дар он мебошад, мумкин аст.

Падару модаре, ки ҳуқуқи падару модариашон аз ҷониби суд маҳдуд карда шудааст, имконияти муошират бо кӯдакро аз даст намедиҳанд. Амалӣ намудани ин имконият вобаста аз он аст, ки маҳдудкунии ҳуқуқи падару модарӣ бо асосҳои новобаста аз иродаи падару модар (яке аз онҳо) ё ин ки бадрафтории онҳо ба вуқӯъ омадааст. Барои ҳамин ҳам дар ҳар як ҳолати мушаххас масъалаи муошират, ки хеле мураккаб аст, ҳал мегардад.

Қонунгузор муоширати падару модареро, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, бо кӯдакон ва тартиби онро муқаррар кардааст. Чунин падару модар бо ихтиёри худ бо кӯдак муошират карда наметавонанд. Барои муошират қонун талаботҳои муайян пешбинӣ кардааст. Яке аз талаботҳои пешбиникарда аз он иборат аст, ки муошират ба кӯдак таъсири зарарнок надошта, ба ҳаёту саломатиаш хатарнок набошад.

Ҳангоми иҷозат додан ба муошират асосе, ки сарчашмаи хатарнокӣ барои кӯдак буд, ба инобат гирифта мешавад. Масалан, муҳити хатарнок дар оилаи падарандар бинобар шароити вазнин доштан асоси маҳдуд кардани ҳуқуқи модарӣ гашта бошад, барои бо фарзандаш муошират намудан ба модар имконият додан лозим аст. Чунин муошират мувофиқи мақсад аст берун аз оилаи падарандар гузаронида шавад ва муддати гузаронидани он аз имконият ва шароити модар вобаста аст. Муоширати падару модаре, ки бинобар касалии рӯҳӣ, касалии куҳна ҳуқуқи падару модариашон маҳдуд гардидааст, бо кӯдак аз имкон берун нест. Муддати муошират дар ин маврид мувофиқи мақсад, ки дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳаи тиб муайян гардида, бо иштироки калонсолони мутасаддӣ гузаронида шавад. Дар ин маврид мақсади муошират аз он иборат аст, ки байни падару модар ва кӯдак меҳри падару модарӣ ва фарзандӣ боқӣ монад.

Нисбати падару модаре, ки маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ бо гуноҳи онҳо амалӣ гаштааст, барои муошират бо кӯдак эҳтиёткорона рафтор кардан лозим аст. Агар асоси маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ муддати дуру дароз бекоргардӣ, машғул будан бо майнӯшӣ ва нашъамандӣ ва машғул набудани падару модар ба тарбияи кӯдак бошад ва онҳо пас аз ин чунин бадрафтории худро давом диҳанд, муоширати онҳо бо кӯдак ба ӯ таъсири заранок дорад ва кӯдак вобаста аз синну солаш аз ин муошират азоби рӯҳӣ, маънавӣ кашиданаш мумкин аст. Ғайр аз ин, дар ҳолати дар ихтиёри чунин падару модар барои муошират гузоштани кӯдакон барои ҳаёту саломатии кӯдак хатарнок аст.

Шарти дигаре, ки имконияти муоширатро амалӣ мегардонад — гирифтани иҷозати дахлдор мебошад. Иҷозат додан ба муошират масъулияти баланд ва аз ҷиҳати педагогӣ ва психологӣ дуруст дарк кардани воқеиятро, ки оқибати муоширатро муайян месозад, талаб менамояд. Агар муошират ба нафъи манфиати кӯдак зиён оварад, асос барои рад кардани иҷозат мебошад. Қонунгузор додани иҷозат барои муоширатро ба салоҳияти мақомоти васояту парасторӣ, васӣ, парастор ва маъмурияти муассисаҳое, ки кӯдак дар он мебошад, гузоштааст.                                 

 

 (Давом дорад)

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

ш. Душанбе, 24 ноябри соли 2015

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатӣҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ ва мояи ифтихору сарбаландии хурду бузурги мамлакат таҷлил мегардад.

Ба муносибати ин ҷашни мубораки миллӣ кулли сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки Парчами давлати мо ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати тоҷик дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол то ҷовидон парафшон бошад.

Парчами мо ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб меравад.

Ин суннати аҷдодӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи дерина дорад.  Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар аввалин давлатҳои таъсисдодаи гузаштагони мо парчамдорӣ асоси ҳастӣ ва пешбурди корҳои давлат ба ҳисоб рафта, ин суннат дар давраҳои минбаъда низ бо риояи расму таомули хосаи миллӣ идома пайдо кардааст.   

Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣҷоннисориҳо кардаанд.  

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишварамон парчамро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ медонанд ва эҳтиром мекунанд.

Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад. Зеро парчами мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст.   

Хусусан, дар пояи баландтарин парафшон кардани Парчами давлатӣ рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон мебошад, ки маҳз дар замони истиқлол ба вуқӯъ пайваст. 

Ҷиҳати таҳкими суннати парчамдорӣ аз насли ояндасози мо тақозо мегардад, ки маъно ва моҳияти дар чунин баландӣ афрохта шудан ва ҳамеша парафшон будани парчамро дарк намоянд ва фаромӯш насозанд, ки ҳимоя ва афрохта нигоҳ доштани он вазифаи ҷонии ҳар як фарди соҳибватан мебошад.   

Ҳамватанони азиз!

Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дар зери парчами давлати тозаистиқлоли худ муттаҳид гардида, давлатдории миллиамонро аз нобудшавӣ наҷот бахшиданд ва пеши роҳи парокандагии миллати тамаддунсози тоҷикро гирифтанд.

Миллати тоҷик зери парчами миллӣ ба ваҳдату ягонагӣ расид ва мо минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори  ҷомеаи нав — ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ амалӣ мегардонем.

Аз ин рӯ, бори дигар таъкид менамоям, ки мо бояд дар амри ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳаргиз зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Фаромӯш набояд кард, ки муҳаббат ба Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаи муҳаббати самимии мо ба Ватан — Модар, миллату давлат ва ифтихор аз онҳо буда, ҷузъи муҳими рисолати ватандориву ватансозӣ ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, ҳар як фарди бонангу номуси кишвар меҳру садоқати худро барои ҳимояи парчам бояд тавассути хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон собит созад. 

Инчунин ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки парчами давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад.

Маҳз шинохти суннати парчамдорӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ, эҳтирому гиромидошти онҳо моро водор месозад, ки ҷиҳати рушду инкишофи минбаъдаи Ватани азизамон беш аз пеш заҳмат кашем, зираку ҳушёр бошем ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон содиқона хизмат кунем.

Соли оянда мо 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвари маҳбубамонро таҷлил менамоем. Барои истиқболи сазовори ин санаи фархунда дар баробари анҷом додани тадбирҳои созандаву бунёдкорона  аҳли зиёи кишвар, хизматчиёни давлатӣ, падару модарон ва омӯзгорон вазифадоранд, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла бо дарки мазмуну моҳияти суннати парчамдорӣ ба тарбияи наслҳои наврасу ҷавон боз ҳам ҷиддитар машғул шуда, дар ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботу оромӣ ва зиндагии осоиштаи мардуми кишвар саҳми сазовори худро гузоранд.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки эҳсоси муҳаббат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣҳамчун муҳаббат ба Ватан — Модар бояд дар зеҳни фарзандон аз овони хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Мо бояд чунин фазоеро фароҳам созем, ки минбаъд низ тамоми аҳли ҷомеа ва хурду бузурги кишвар таҳти Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, барои вусъати амалҳои ободкорӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ омода бошанд.

Итминони комил дорам, ки меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба Парчами давлатӣҳамчун рамзи эътиқоду эътимод ба миллату давлат, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои ахлоқиву маънавии халқамон торафт бештару густурда мегардад ва мо таҳти парчами муқаддаси миллӣ бо заҳмати аҳлона ба эъмори ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин муваффақ мегардем.

Орзумандам, ки дар оғози марҳалаи сифатан нави бунёди давлати пешрафта ва амалӣ гардидани нақшаҳои созандаамон Парчами мо ҳамчун ҳумои бахт болои сари сокинони кишвари азизамон ҳамеша парафшон бошад.

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!