Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз қонунҳои манфиатовар барои ҷомеа маҳсуб меёбад, ки хеле хуб татбиқ шуда истодааст. Қонуни мазкурро ҳамчун қонуни миллӣ низ ном мебаранд.
Қонуни миллӣ номида шудани он аз ҷониби коршиносон ба омилҳои зиёд рабт дорад. Барои мисол, ҳамагон шоҳиди бевосита будем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ду маротиба бо зиёиёни кишвар вохӯрӣ доир намуда буданд. Ҳамчунин ҳангоми таҳия ва қабули ин қонун назари мардум, таклифу пешниҳодҳои онҳо ба эътибор гирифта шуданд.
Ба наздикӣ дар Шабакаи умумиҷаҳонии интернет маводи ҷолиберо мутолиа намудам. Манбаи асосии мавод нашрияи ҳукумати шаҳри Тошкент – «Тошкент оқшоми» («Шоми Тошкент») будааст, ки расонаҳои зиёд аз он истифода намудаанд. Мавод фарогири масоили танзими тӯйҳои арӯсиву домодӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, муаллифонаш — кормандони Пажӯҳишгоҳи мустақили мониторинги ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии Ӯзбекистон пешниҳодоташонро оид ба масъалаи мавриди назар ироа намудаанд. Аз ҷумла пешниҳод кардаанд, ки шумораи мошинҳои рӯзи тӯй кам ва ҳаракати мошинҳо ҳангоми чунин маросимҳо таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад. Ҳамзамон дар маводи зикршуда доир ба даст кашидан аз хароҷоти барзиёд ва нозарур дар ҷашну маросимҳо андешаронӣ шудааст. Ба таъкиди муаллифон, онҳо дар асоси баргузор кардани як тадқиқоти сотсиологӣ ба чунин хулоса омадаанд.
Дар кишвари мо бо ибтикори Роҳбари хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала хеле пештар, аниқтараш ҳашт сол пеш, дар доираи қонуни алоҳида, ки дар бахши ҳуқуқэҷодкунӣ таҷрибаи нав маҳсуб меёбад, танзим шуда истодааст. Аз далелу рақамҳое, ки чанде пештар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди воситаҳои ахбори омма намудааст, бармеояд, ки татбиқи қонун барои тамоми қишрҳои ҷомеа беманфиат набудааст. Тайи ҳашт соли амал кардани қонуни мазкур ду маротиба афзоиш ёфтани тӯйҳои домодию арӯсӣ (агар дар соли 2005-ум 52280, соли 2006-ум 57115 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2007- соли аввали татбиқи қонун 97562 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст), 20 баробар зиёд шудани пасандозҳои мардум дар бонкҳои мамлакат, коҳиш ёфтани забҳи чорво дар ҷашну маросимҳо (давоми амали қонун дар 1158660 маърака 725 ҳазору 127 сар чорво забҳ гардид. Барои ин миқдор маъракаҳо дар давраи то қабули қонун эҳтимоли забҳи беш аз як миллиону 738 ҳазор сар чорво вуҷуд дошт) ва пайдо гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ баҳри ғановати Буҷети давлатӣ (маҳз ҳамин қонун ба татбиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи рӯёнидани андоз аз ҳофизон, тарабхонаҳо ва наворбардорон мусоидат кард) худ гувоҳи қонуни миллӣ, яъне ба манфиати аҳолӣ будани он аст. Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҳафт соли охир маблағи андоз аз ин ашхос беш аз 17 миллиону 14 ҳазор сомониро ташкил кардааст.
Ҳарчанд дар оғоз баъзе «бузургон ва коршиносони ба ном «мустақил» зарурат ва натиҷаҳои дилхоҳ додани қонуни мазкурро зери суол мегузоштанд, вале Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як фурсати кӯтоҳ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои онҳо таҳаввулоти бузург ва натиҷаҳои мусбатро ба бор овард. Мавриди пайравии кишварҳои дигар қарор гирифтани он бори дигар ин андешаро тақвият бахшида, моро мутмаин месозад, ки ин қонуни миллӣ минбаъд низ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши муассир хоҳад гузошт.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»