Масъалаи захираҳои об ва истифодаи ин сарвати муҳими ҳаёт имрӯзҳо боиси ташвиши мардуми сайёра гаштааст. Тавре борҳо дар ҷамъомадҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зикр гардид, дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбуди об шиддати бештар пайдо хоҳад кард. Ҳамин мавзӯи муҳим дар маҳфили навбатии «Клуби экожурналистон», ки дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мудири шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуҳиддин Маҳмадаминов нахуст аз иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ҳифз ва захираҳои об, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтанд ва дар робита ба ин аз чорабиниҳои дар сатҳи баланд баргузоршуда ёдовар шуд. Сипас, оид ба захираҳои об дар ҷаҳон маълумоти қобили таваҷҷуҳро пешкаш намуд. Мавсуф, аз ҷумла гуфт, ки захираҳои об дар кураи замин 1 385 984 000 км3-ро ташкил мекунад. Аз ин миқдор 1 338 000 000 км3 ё худ 96,5 фоизро оби уқёнуси ҷаҳонӣ дар бар мегирад. Қисми зиёди захираҳои оби олам шӯр буда, обҳои ширин 35 029 000 км3 ё худ 2,35 фоизро ташкил мекунанд.
Дар давлатҳои Осиёи Марказӣ захираҳои оби ҷоришаванда ба ҳисоби миёнаи солона ба 115,6 млрд. м3 баробар аст. Захираҳои оби ҷоришавандаи Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона 64 млрд. м3 мебошад, ки он 55,4 фоизи обҳои Осиёи Марказиро ташкил мекунад. Аз ин захираҳо дар Тоҷикистон — 13,6 млрд.м3 ё 11,8 фоиз, Қирғизистон — 5,0 млрд.м3 ё 4,3 фоиз, Туркманистон — 24,5 млрд.м3 ё 21,2 фоиз, Ӯзбекистон — 59,5 млрд.м3 ё 51,5 фоиз, Қазоқистон — 11,0 млрд.м3 ё 9,5 фоиз, Афғонистон — 2,0 млрд.м3 ё 1,7 фоиз истифода мебаранд.
Захираҳои оби Тоҷикистон аз пиряхҳо, оби кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ташаккул меёбанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи пиряхҳо тақрибан 14509 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор 3 000 ададаш ба нестӣ расидааст. Масоҳати умумии пиряхҳо 11 146 км2 аст, ки он 8 фоизи масоҳати замини ҷумҳуриро дар бар мегирад. Ҷамъи захираҳои пиряхҳо бошад, 845км3 буда, ин шумора 13 маротиба зиёд аз ҳаҷми оби ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ва ҳафт маротиба зиёд аз ҳаҷми оби ҳамаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошад.
Тавре маълум аст, вобаста аз иқлим ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ Тоҷикистон маркази яхбандӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Саидмуҳиддин Маҳмадаминов роҷеъ ба ин масъала иттилоъ дод, ки аз ҳама пиряхи калонтарин Федченко мебошад, ки дарозиаш 77 км, бараш то 3-4 км ва ғафсиаш то як км аст. Пиряхи Федченко дар муддати сад сол 1-1,5 километр, аз рӯи масоҳат бошад, 11 километри квадратӣ кам ва ду километри мукааби ин пирях об шудааст. Ҳамчунин дар ҳудуди кишвари мо пиряхҳои Грум-Грижимайло-дарозиаш 37 км, масоҳаташ 142,9 км2, Бивачний — дарозиаш 28 км, масоҳаташ 37,1 км2, Гармо — дарозиаш 30 км, масоҳаташ 114,6 км2, Зарафшон — дарозиаш 26,5 км, масоҳаташ 132,6 км2, Савукдараи Калон — дарозиаш 20,6 км; масоҳаташ 69 км2, Сағрон — дарозиаш 22 км, масоҳаташ 47,1 км2, Географ. Общество (Кашолаях)- дарозиаш 24,2 км, масоҳаташ 64,4 км2 мавҷуданд.
Зимни пешниҳоди маълумот оид ба дарёҳои Тоҷикистон мавсуф, аз ҷумла иброз намуд, ки дар ҷумҳурӣ якчанд ҳавзаи дарёҳо, ба монанди ҳавзаи дарёи Сир дар қисмати шимолӣ, ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қисмати марказӣ, ҳавзаҳои дарёҳои Вахш ва Панҷ дар қисмати ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон — Панҷ, Вахш, Сир, Зарафшон, Кофарниҳон, Бартанг мебошанд. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 947 дарёи дарозиашон аз 10 то 3000 км мавҷуд мебошад, ки тӯли умумии дарёҳо қариб 30 000 км-ро ташкил менамояд. Давоми як сол аз дарёҳои Тоҷикистон беш аз 60 миллиард метри кубӣ об ҷорӣ мешавад.
Илова бар ин, тавре дар ҷараёни маҳфил иттилоъ дода шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1300 кӯл бо захираи 46,3 км3 об, даҳ обанбор (ҳаҷми оби обанборҳо 15,344 км3) мавҷуд мебошад.
Дар робита ба ин, таъкид бояд кард, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои об дар ҷаҳон ва минтақа ҷойи намоёнро ишғол кунад ҳам, қисме аз аҳолии мо то ҳол аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Дар асоси моддаи 14-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ Лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» қабул шудааст, ки он ба ҳалли проблемаҳои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва барқарор намудани иншооти партовтозакунӣ равона гардидааст.
Барои танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» (соли 2011), Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 таҳти №39 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи муайян намудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 таҳти №193 «Дар бораи тартиби бурдани Кадастри оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шудаанд.
Дар мамлакат Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, дигар идораю ташкилотҳои марбута ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба об машғуланд. Аз ҷумла Муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об» корҳои илмӣ — тадқиқотиро пеш мебарад. Директори ин марказ Назриаллоҳ Сарабеков дар назди иштирокчиёни маҳфил роҷеъ ба фаъолияти ин муассиса маълумот дод. Дар тақвияти суханони ӯ ходими маркази номбурда, доктори илмҳои техникӣ Иброҳим Саидов таъкид дошт, ки барои пешбурди сиёсати давлат дар самти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла истифодаи самараноки захираҳои об бояд чор механизмро фаъол гардонд. Қабл аз ҳама, қонунҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар назар аст. Дуюм, механизми иқтисодӣ мебошад, ки ба роҳ мондани истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ безарар, андоз, ҷаримабандӣ дар ҳолати вайрон гардидани қоидаҳои ҳифзи муҳити зистро дар бар мегирад. Дар ин замина барои пешбурди корҳо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва хориҷӣ зарур аст. Сеюм, механизми иттилоотӣ аст, ки он низ хеле муҳим мебошад. Бояд мо дорои иттилооти мушаххас бошем, то дар ҳолати зарурӣ онро дастрас намоем ва ё дар баҳсҳои минтақавию ҷаҳонӣ тавонем манфиатҳои кишвари хешро ҳимоя кунем. Ба иттилооти саривақтӣ такя карда, мо метавонем идоракуниро ба дараҷаи хуб ба роҳ монем, таҷрибаҳои ҷаҳониро истифода барем. Ниҳоят, механизми чорум ин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаю боинсофонаи захираҳои табиӣ аз ҳар нафари аҳли ҷомеа вобаста аст. Бинобар ин, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ низ масъалаи муҳим мебошад ва тавре маълум аст, дар кишвари мо роҷеъ ба ин масъала низ чораю тадбирҳои зиёде андешида мешавад.
Сипас, миёни олимону мутахассисон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма роҷеъ ба масъалаҳои экологӣ, бахусус ҳифзу истифодаи захираҳои об мубодилаи афкор сурат гирифт. Кори маҳфилро директори Маркази душанбегии Ташкилоти байналмилалии ОРХУС Сулҳия Содиқова ҷамъбаст карда, изҳори боварӣ намуд, ки аъзои маҳфили «Клуби экожурналистон» дар инъикоси масъалаҳои ҳаётан муҳими ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи он саҳми фаъол гузошта, маводҳои веқеъбинона ва пурмазмуни таҳлилӣ менависанд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»