Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Аскар Мамин

№48 (3033) 19.04.2013

Аскар МаминПрезиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 18 апрели соли ҷорӣ президенти Ҷамъияти саҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши роҳи оҳан баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба навсозии техникаю таҷҳизоти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа ва такмили ихтисоси онҳо зоҳир гардид.

Тавре зикр гардид, то имрӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз Қазоқистон чор локомотив дастрас гардида, доир ба харидории 8-тои дигар қарордод ба имзо расидааст.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рафтуомади бемонеаи қатораҳои роҳи оҳан, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар масири ҳаракати онҳо ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

 

www.prezident.tj