Имрӯзҳо амалҳои ваҳшиёнаеро, ки аз тарафи созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар шаҳри Парижи Франсия анҷом дода шуданд, тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистон, қотеона маҳкум менамоянд. Дар ҳақиқат, чунин шеваи бархӯрд ва даҳшатафканӣ дар ҷаҳони мутамаддин бесобиқа мебошад.
Албатта, ин ҳодиса ба мисли ҳодисаҳои дигар бо гузашти замон ба саҳифаи таърих табдил меёбад ва ҳамаи саволҳое, ки ба миён меоянд, ҷавоби худро меёбанд. Аммо ягона чизе, ки на роҳи ҳалли худро меёбад ва на онро сарфи назар карда мешавад, ин робитаи амалҳои мазкур бо исломи сиёсӣ ва хостаҳои исломӣ мебошад. Ҳамаи онҳое, ки дар ин даҳшатафканӣ иштирок намуданд, худро исломӣ меҳисобиданд ва аз номи дин чунин амалро анҷом доданд. Онҳо ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопокашон, дар мамлакате, ки мероси фарҳанги исломӣ нест, аммо миллионҳо мусалмонро дар оғӯши худ мепарварад ва барои онҳо зиндагии арзанда муҳайё сохтааст, даст ба даҳшатафканӣ заданд. Танҳо ба хотири ҳадаф ва арзишҳои ғайривоқеӣ ва ғайриинсониашон, вагарна ин террористҳои хунхор на ба инсонҳо, на ба миллатҳо ва на ба тамаддунҳою кишварҳо эҳтиром қоил нестанд. Ҳодисаи Париж вобаста ба мақом ва мартабаи Франсия резонанси бузург дод, аммо оё чунин амал дар ҷомеаҳои нисбатан ақибмондаи шарқӣ, ки ҳар рӯз чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд, мавриди аксуламали ҷаҳонӣ қарор мегирад? Албатта, не. Чунин ҳодисаҳо дар мамлакатҳое, аз қабили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ироқ, Сурия фақат хусусияти статистикӣ доранд. Дар ин мамлакатҳо низ дар бунёди ҳамаи ҳодисаҳо маҳз ислом ва ҳадафгузориҳои исломӣ қарор доранд.
Чунин ҷонибдорӣ ва ҳадафгузориҳо барои ислом дар Тоҷикистон низ то чанд моҳе пеш фаъол буданд. Сарфи назар аз он ки ҳеҷ арзиши исломӣ поймол намегардад ва шаҳрвандон муқаррароти динии худро озодона ва бидуни нигаронӣ анҷом медиҳанд, боз гурӯҳҳое мехостанд, ки аз ислом ва арзишҳои исломӣ ба хотири ҳадафҳои ғаразнокашон «ҷонибдорӣ» намоянд.
Албатта, ҷонибдорӣ ба хотири ҳадафҳо метавонад бо роҳҳои гуногун амалӣ гардад, аммо барои чунин тундравҳои мазҳабӣ танҳо як шева вуҷуд дорад ва он ҳам шеваи даҳшатафкание, ки дар Париж анҷом ёфт. Дар Сурия, Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳам чунин амалҳои нангину нобахшиданӣ мунтазам иҷро мешаванд.
Онҳое, ки дар Тоҷикистон исломро «ҷонибдорӣ» мекарданд ва онҳое, ки имрӯзҳо ба хотири ислом ва «паҳн» кардани арзишҳои динӣ дар Сурия ва Ироқ «таҷриба» меомӯзанд, ҳатман ба хотири расидан ба ҳадафҳояшон даст ба ҳама гуна даҳшатафканӣ мезананд ва инро дар роҳи Худо ва мояи ифтихор медонанд.
Хиёнати нангини Ҳоҷӣ Ҳалим, ки бо супоришу дастури роҳбарони ҳизби террористиву экстремистии фаъолияташ манъшудаи ҲНИТ содир шуда буд, метавонист оғози амалигардонии чунин ҳадафҳои даҳшатнок гардад.
Онҳое, ки дар Париж худро ба хотири «роҳ ёфтан ба биҳишт» дар байни издиҳом таркониданд ва садҳо бегуноҳро ба марг расониданд, нодону бесавод буданду танҳо ба саркардагони идеологии худ эътиқод доштанд. Ҳамин ҳодиса метавонист айнан аз ҷониби нафарони таҳти сарварии Ҳоҷӣ Ҳалим ва идеологҳои ҲНИТ қарордошта низ рух диҳад. Хушбахтона, дар натиҷаи фаъолияти дурусти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва дар атрофи сиёсати созандаи Роҳбарияти кишварамон муттаҳид гардидани шаҳрвандони бедору огоҳ, сари вақт аз доман задану паҳн гардидани ин амалҳо пешгирӣ карда шуд.
Солҳои охир дар ҳолатҳои шикаст хӯрдан дар интихобот ё аз тарафи мақомоти давлатӣ пешгирӣ шудани ягон амали ғайриқонуниашон роҳбарону масъулони ҲНИТ ҳатман ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилоту созмонҳои кишварҳои Ғарб муроҷиат менамуданд. Мутаассифона, баъзе аз созмонҳо ва намояндагони масъули ин кишварҳо худро ҳомии арзишҳои демократӣ ҳисобида, аз ин тӯдаи ифротӣ ҷонибдорӣ мекарданд ва мақомоти дахлдори Тоҷикистонро ба риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо даъват менамуданд. Ин «ҳомиён»-и демократия намефаҳмиданд ё фаҳмидан намехостанд, ки маҳз ҲНИТ ва созмону гурӯҳҳои мисли он душмани демократия ҳастанд. Демократия ва озодӣ танҳо дар ҳолате пойдор хоҳад буд, ки дар кишвар сохти конститутсионӣ, риояи қонунҳо, дунявият ва ҷаҳонбинии илмӣ бошад.
Ҳодисаҳои Париж бори дигар нишон доданд, ки дастгирию ҷонибдории гурӯҳу созмонҳои мазҳабӣ ва «бозӣ» бо онҳо оқибати ниҳоят баду фоҷиабор дорад. Чунин гурӯҳу созмонҳо наметавонанд, ки дар як кишвар хубу дар кишвари дигар бад бошанд. Онҳо танҳо ба қатли инсонҳо ва нобудсозии арзишҳои инсонӣ қодиранд.
Албатта, аз ҳодисаҳои Париж бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла ҷомеаи кишвари мо сабақ гиранд ва дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми динӣ муттаҳиду фаъол бошанд.
Ободии Ватан ва осудагии сокинони он аз ҳама арзишҳои ғайривоқеии ҷоҳталабона боло меистанд ва дар ин маврид огоҳӣ ва зиракии сиёсиро бояд аз даст надиҳем.
Нуриддин ШАҲОБУДДИНОВ, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон