Рӯзҳои 3 ва 4 декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Хаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Мукаммалгардонии қонунгузорӣ дар самти рушди аҳолӣ ва амалишавии Ҳадафҳои рушди устувор» семинар баргузор гардид. Ин семинар бо иқдоми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд гузаронида шуд.
Баланд бардоштани савияи маълумотнокии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҳадафҳои рушди устувор ва масъалаҳои марбут ба Конфронси байналмилалии нуфуси аҳолӣ ва рушд, баланд бардоштани иқтидори парламентҳо дар таҳияи қонунгузорӣ, ки ба самти баробарии гендерӣ ва ҳуқуқу имкониятҳои занон, дастрасӣ ва таъмини хизматрасониҳои саломатии репродуктивӣ, маълумотнокӣ ва маориф, ҳамчунин амалишавии талаботи ҷавонон ва пиронсолон равона шудааст, аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии семинар буд.
Дар семинар теъдоди зиёди вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарону масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Ҷамъомадро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ифтитоҳ ва меҳмононро муаррифӣ намуд. Мавсуф, аз ҷумла зикр кард, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Изҳороти (Декларатсияи) Ҳадафҳои рушди ҳазорсола эътибори ҷиддӣ дода, ҳамчун мақоми олии қонунгузори мамлакат барои амалӣ гардидани он тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саҳми босазо мегузорад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 узви Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (АФПНР) гардидааст. Форуми мазкур ҳанӯз соли 1981 таъсис ёфтааст ва дорои мақоми олии машваратии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Ин Форум 26 парламенти давлатҳои Осиё ва уқёнуси Оромро муттаҳид намудааст. Давлатҳои Осиёи Марказӣ кумитаҳои парлумонӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва оиларо созмон дода, пас аз баргузории Конфронси Қоҳира (соли 1995) аъзои Форум гардидаанд.
Дар доираи ҳамкориҳо ва бардошти таҷриба вакилони парламенти Тоҷикистон дар чорабиниҳои Форуми мазкур пайваста ва фаъолона иштирок менамоянд. Соли 2014 дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи миллӣ оид ба масъалаҳои аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуд. Мақсади Кумита мустаҳкам намудани ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои аҳолӣ ва рушд байни вакилони парламент, ниҳодҳои ҳукуматӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри татбиқи минбаъдаи мақсадҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (МКНР) мебошад. Ба ҳайати Кумитаи миллӣ оид ба масъалаҳои аҳолӣ ва рушд вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятӣ шомил гардидаанд. Таъсиси Кумитаи мазкур ба баланд бардоштани маълумотнокӣ, таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва тақвияти назорати парламентӣ дар раванди амалисозии масъалаҳои марбут ба аҳолӣ ва рушд мусоидат хоҳад кард.
Хайринисо Юсуфӣ ҳамчунин доир ба таваҷҷуҳу ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ва дар ин робита доир ба қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда суханронӣ кард.
Сипас, директори иҷроияи Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд Мика Марумото ва роҳбари Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Ҳомидова суханронӣ карданд.
Мушовири Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд Элизабет Беннур доираи фаъолияти Форуми мазкурро шарҳ дод. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Тоҷикистон: тафсири раванди амалишавии Ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи миллӣ», муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода дар мавзӯи «Баррасии амалисозии Барномаи тадбирҳои Конфронси байналмилалии нуфуси аҳолӣ ва рушд дар Тоҷикистон баъд аз соли 2014», муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева дар мавзӯи «Раванди иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегӣ дар самти Нақшаи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивӣ», директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Ҳасанова дар мавзӯи «Истифодаи иттилооти оморӣ барои арзёбии рафти амалисозии барномаи тадбирҳои Конфронси байналмилалии нуфуси аҳолӣ ва рушд», муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мавзӯи «Тафсири санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза карданд.
Роҷеъ ба масъалаи баррасишуда байни иштирокчиёни семинар мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум» Суратгир А. Исоев