Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи қабули сайёр баргузор намуд. Шаҳрвандон Надежда Латифова аз деҳаи Гулбоғи деҳоти «Зиракӣ», Бозоргул Абдуллоева -сокини маҳаллаи Борбад, Шарифхон Талабов — раиси маҳаллаи Роҳи оҳан, Муродхӯҷа Шарифов — моҳипарвар аз деҳаи Чашмасори деҳоти «Зиракӣ», Гавҳарбӣ Салимова — сокини беманзили шаҳр, Ҷӯрахон Ғуломов — директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2, Сабзамо Мирзоева — сокини маҳаллаи Ҷомӣ, Ҳофиз Одинамаҳмадов ва Акрамхон Ғуломов — соҳибкорони маҳаллӣ аз раиси вилоят хоҳиш намуданд, ки ҷиҳати ҳалли як қатор масъалаҳо, аз қабили таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҷудо кардани замин аз ҷойҳои мувофиқ барои бунёди манзили истиқоматӣ, таъмин намудан бо манзили истиқоматӣ, баҳси замин, мустаҳкам намудани соҳилҳои сойи Тебалай ва ғайра кумаки хешро дареғ надорад.
Гавҳарбӣ Салимова бо чунин шакл ба раиси вилоят арз намуд: — Шавҳарам дар ҷанги шаҳрвандӣ барои ҳимояи сохти давлати конститутсионӣ қурбон шуд. Хонаи истиқоматиамон аз офати табиӣ вайрону валангор гашт. Хонаҳои мардумро иҷора гирифта, ҳафт нафар фарзанди ноболиғамро тарбия карда истодаам. Солҳо боз дар хусуси беманзилии худ менависаму арз мекунам, вале бенатиҷа. Вазъи маро ҳамаи масъулони шаҳр хуб медонанд.
Бо хоҳиши раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ соҳибкори маҳаллӣ Бобоҷон Пираков, ки дар шаҳри Кӯлоб ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ машғул аст, ҳуҷраеро барои ин модари танҳо ҷудо кард.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»