27 декабри соли 1964, чанд рӯз пештар аз Соли нав, дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ тӯйи ҷуфти муносиб Ғуломшо ва Шарофат барпо гардид. Солҳо гузаштанд, ин ду ҷавон шахсиятҳои шинохтаи замони худ гардиданд. Шарофат Алиёрова ба дараҷаи Муаллимаи хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон ва унвони баланд – «Қаҳрамонмодар» расид.
Имрӯзҳо апаи Шарофат бо ҳамсараш бобои Ғуломшо дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд. Дар арафаи Соли нав ба аёдати хонаводаи маъруфи Ватаншоевҳо рафтем ва бо чанд суол ба апаи Шарофат муроҷиат намудем.
- Шумо 50 сол боз бо ҳам хушу хушбахтона зиндагӣ карда, даҳ фарзанди сазовори давронро ба воя расонидаед. Ин хушбахтӣ чӣ тавр насибатон гардид?
- Ман худро хушбахттарин зан – модар меҳисобам, зеро касби дӯстдошта – омӯзгорӣ, ҳамсари бовафо, қадрдон ва даҳ фарзанду набераҳои зиёде дорам. Магар хушбахтии аз ин бештаре ҳаст?
Ин хушбахтӣ бо шарофати дуои падар ба ман расид. Вақте ки хостгорҳо аз ноҳияи Рӯшон ба хонаи мо, ба шаҳри Хоруғ омаданд, ман домодшавандаро боре ҳам надида будам, аммо падар наздам даромада гуфт:
- Духтарам, ин хостгорҳо аз зодгоҳи ман – деҳаи Шуҷанд омадаанд. Ман дар наврасиам аз зодгоҳам ба шаҳри Хоруғ омада, минбаъд муқимӣ шудам. Бисёр мехостам, ки шаҷараи авлодиамонро аз нав пайваст кунем. Ғуломшо ҷавони боақл, донишманд ва серғайрат мебошад. Боварӣ дорам, ки дуятон хушбахт мешавед.
Ҳамин тавр ба шавҳар баромадам ва пушаймон нестам.
- Аз айёми донишҷӯйӣ чӣ хотироте доред, ки ба Соли нав пайвастагӣ дошт?
- Мо — донишҷӯёни факултети педагогика ва методикаи синфҳои ибтидоии Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) омадани Соли навро интизорӣ мекашидем. Бо ҳамкурсонам Мародбегим Саидшоева, Дилафрӯз Абдулакимова, Марод Диловарова, Маликноз Ғуломиддинова, Нодира Бобокова, Давлат Ҳазратқулова ва дигарон аз пахта ва коғазҳои ранга бозичаҳо сохта, арчаи солинавии факултетамонро ороиш медодем. Дар ин кор ба мо устодонамон Баҳодур Искандаров, Мунзифа Ғаффорова (рӯҳашон шод бод), Маҳмадулло Лутфуллоев ва дигар омӯзгорон маслиҳатҳо медоданд. Умуман, мо Соли навро хеле ботантана ҷашн мегирифтем.
Ёдам ҳаст, ки баъди имтиҳонҳои зимистона, яъне оғози Соли нав, таҷрибаи нахустини педагогиро дар мактаби миёнаи рақами 10-и шаҳри Душанбе, дар назди муаллимаи машҳур, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳаббат Маҳмудова гузаронидам ва дар муддати як моҳ аз ин муаллимаи номдор нозукиҳои касби педагогиро омӯхтам.
- Аз шарҳи ҳолатон бармеояд, ки дар ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ муаллимӣ кардаед?
- Бо тақозои айём ва ҷойивазкунии кори ҳизбии шавҳарам доимо ҳамроҳаш будам, зеро ӯ аз субҳи содиқ то бевақтии шаб кор мекард. Мебоист ман ӯро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кунам. Дар навбати худ шавҳарам ба ман кумак мерасонид. Масалан, ягон дарси ман бе асбобу аёният намегузашт. Дар омода кардани аёнияти дарсӣ саҳми ҳамсарам Ғуломшо Ватаншоев хеле калон буд. Ӯ ҳам рассом буду ҳам устои гулдаст. Ҳоло ҳам, агар лозим шавад, ба фарзандони омӯзгорам кумак мерасонад.
- Аз фарзандон киҳо ба касби омӯзгорӣ майл доштанд ва ин пешаро интихоб карданд?
- Даҳ фарзандам дар рӯҳияи касби интихобкардаам тарбия ёфтанд. Мушкилоти касби омӯзгориро хуб медонанд. Аммо ману падарашон талқин кардем, ки касбҳоро ихтиёрӣ интихоб намоянд. Имрӯзҳо фарзандонам омӯзгор, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, духтур, афсари ҳарбӣ ва корманди бонк мебошанд.
Духтарам Идигул Ватаншоева касби маро интихоб карда, алҳол омӯзгори дараҷаи олӣ, муаллимаи синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад.
- Мо дар сифати Соли нав суханҳои нек ва хотирмон гуфтем. Оё Соли наве буд, ки бо мушкилиҳои хеш дар хотиратон нақш бастааст?
- Оре, ҳар гоҳ ки аз назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Рӯшон гузарам, солҳои душвори 1990 — 1995 ба хотир меоянд. Таъсири манфии бархӯрдҳои маълум дар ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф низ расида буд.
Соли 1988 маро бо роҳхати шуъбаи маорифи ВМКБ директори мактаби навташкили рақами 11-и деҳаи Ҷангали ноҳияи Рӯшон таъин намуданд. Мактаби навро дар бинои пештараи участкаи истифодабарии роҳҳои №56 (ДЭУ-56)-и ноҳияи Рӯшон ҷой доданд. Мактаб ҳамагӣ ду синфхона ва 20 хонанда дошт. Дар маҷмӯъ, мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон ҷавобгӯ набуд. Ба мо лозим омад, ки мактабро аз нав созем ва собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Назарбегим Муборакшоева моро дастгирӣ кард.
Хулоса, бо усули ҳашар бинои мактабро дар зарфи ду сол сохта, ба истифода додем. Соли таҳсили хониши 1990 — 1991 дар мактаби нав оғоз ёфт.
Ман даҳ сол роҳбарии ин мактабро ба уҳда доштам. Агар соли аввали таҳсил дар мактаб 20 хонанда таҳсил мекард, минбаъд ин рақам ба 120 нафар хонанда расид. Синфхонаҳо аз ду адад ба ҳашт адад расиданд ва дар ду баст хонандагон таълим мегирифтанд.
Боиси ифтихори мо – омӯзгорон буд, ки ин мактаб ба номи яке аз ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Устоқадам Машрабов гузошта шуд.
- Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 – Соли оила эълон гардид. Оилаи шумо яке аз оилаҳои беҳтарин мебошад. Дар ин хусус чӣ гуфтанӣ доред?
- Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар сифати зан – модар суханҳои нек мегӯянд ва қадру манзалати занро боло мебардорад. Эълон шудани соли 2015 – Соли оила бесабаб нест, зеро солҳои охир ҷудошавии оилаҳои ҷавон афзуда истодааст. Никоҳҳои хешутаборӣ сол то сол зиёд гашта, натиҷааш ба ҳамагон маълум аст. Духтарон ва ҷавонписарон ҳанӯз ба оиладорӣ тайёр нашуда, тӯй мекунанд, ки оқибаташ бо ҷудошавӣ оварда мерасонад.
Ҳамаи ин боис гардид, ки Ҷаноби Олӣ чунин иқдом намоянд, то ки мо — модарон ба оила ва оиладорӣ ҷиддитар муносибат дошта бошем. Ҷавононро ба ҳаёти мустақилона омода намоем.
Дар ин соли фархунда мо 50-солагии зиндагии хушу хуррамонаи оилаи худамон – оилаи Ватаншоевҳоро дар ҳалқаи дӯстону хешу таборон қайд кардем. Натиҷаи якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром, дастгириҳои доимӣ ба он оварда расонид, ки ҳамсарам Ғуломшо Ватаншоев дар вазифаҳои баланди ҳизбӣ ва давлатӣ кор карда, солҳои зиёд вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ интихоб шуд.
Чанде пеш сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Майсара Мирзобайтова ҳангоми ҷамъбасти озмуни вилоятӣ ба хонаводаи мо «Ифтихорнома»-ро супорид, ки дар он омадааст:
«Барои гузоштани нақши муассир дар тарғибу ташвиқи маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани фарҳанг ва маданияти муошират дар оила, таълиму тарбияи фарзандони дорои ахлоқи ҳамида ва рушди оиладорӣ дар ҷомеа сазовор гардонида шуд».
Дар Соли нави 2016 хоҳони онам, ки оилаҳои намунавӣ дар Тоҷикистон боз ҳам зиёдтар шаванд. Ба оилаҳои ҷавон аз забони шоир мегӯям:
Зи пирони замона баҳрае гир,
Ҳар он соат, агарчӣ метавонӣ.
Мададгорат шавад дар зиндагонӣ,
Биомӯзӣ ҳар он чӣ дар ҷавонӣ.
- Ташаккур барои суҳбат. Бигузор Соли нав ба хонаводаи шумо ва тамоми тоҷикистониён файзу иқболи нав орад.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»