«Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад».
Аз Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 23 — солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2014)
Ҳар субҳ оғози рӯзро бо ҷилои нури хуршеди оламафрӯз истиқбол мегирем. Он такрори дирӯз аст, аммо тароват, накҳат, шодию сурури тоза дорад. Инро мо бо диди нав, бо қалби ором эҳсос мекунем.
Оре, бо қалби ором, зеро дар фазои ором, ҳар рӯзи худро оғоз мебахшем. Бо дили пур, хотири ҷамъ аз пайи кору зиндагӣ мешавем. Шукрона мекунем аз кишвари худ, Сарвару Пешвои худ, халқи диловар, дӯсту тифоқ, ваҳдатофару бунёдкор.
Ин бахти бузург моро аз Истиқлолияти давлатӣ насиб гаштааст, ҳарчанд ки он бо осонӣ ба даст наомад. Душманони дохилу хориҷ сарҷамъӣ, давлати мустақилу тавоно, зиндагии орому хушбахтии мардуми моро дидан намехостанд. Аммо ирода, ақлу заковат, мардонагии мардуми мо ба ҳама ғараз ва нияту қасди нопоки бадхоҳону душманон ғолиб омад.
Дар ҳама давру замон дар чунин ҳолат мардум барои аз вартаи нобудшавӣ берун шудан ниёз ба сарвари бохирад, шуҷоъ, далеру адолатхоҳ дошт. Дар бисёр лаҳзаи душвору ҳассос, ки қисмати Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ҳал мешуд, зимоми роҳбариро фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифт.
Баъди ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан нахустин изҳороташ баҳри ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии кишвар буд.
Кишвар ҳамон вақт ба эътидол меомад, ки ба даргирӣ, хунрезӣ, бесуботӣ хотима дода мешуд. Дар он лаҳзаҳо анҷоми ин кор осон набуд, зеро, тавре мегӯянд, вақте садои тир баланд аст, сухан хомӯш аст. Аммо сухани созандаи Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмонро халқи кишвар ва ҷомеаи ҷаҳон шунид ва садои шуму дилхароши тир хомӯш шуд. Тарафҳои даргир паси мизи гуфтушунид нишастанд. Душвориҳои зиёд дшт ва ҳатто хатарнок буд он лаҳзаҳо. Аммо ҷонибҳо бо ҳам наздик мешуданд, зеро мардуми як кишвар буданд ва дар ниҳоят мақсади ягона доштанд. Давоми чор сол ҳашт даври музокирот, чандин вохӯрии расмӣ ва суҳбатҳои ғайрирасмӣ баргузор шуд ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин Паёми некро Лоиқ Шералӣ хеле шоирона, бо фараҳ баён дошт: «Сулҳи деринтизори мо омад».
Воқеан ҳам сулҳи тоҷикон, ки дар заминаи музокирот ба даст омадааст, таҷрибаи нодир дониста мешавад. Агар ба авзои берабту печидаи ҷаҳони имрӯза назар кунем, беназир будани сулҳи тоҷиконро бештару беҳтар дарк мекунем.
Боз ҳам дар чунин ҳолат мавқеъ, маҳорат, шахсияти Сарвари давлат нақши ҳалкунанда дорад. Ҳадаф аз ин гуфтаҳо он аст, ки на ҳар нафари Сарвари давлат интихобшуда пеши роҳи воқеа ё ҷангро гирифта метавонад. Солҳои тӯлонӣ идома ёфтани ҷангу нооромӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шарқи Наздик, ноамн гардонидану ба майдони ҷанг кашидани давлатҳои дигар бо баҳонаи мубориза алайҳи терроризм исботи ин гуфтаҳост.
Сулҳи тоҷикон тақвиятбахши Ваҳдати миллӣ, истиқрори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва беҳбудии зиндагии мардум гардид. Ҳамаи ин дастовардҳо ба номи Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст. Мардум нақши носутурдании ӯро ба инобат гирифта, ҳамчун Пешвои миллат эътирофаш карданд. Ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон бисёр роҳбарони давлатҳо, сиёсатмадорон, шахсиятҳои шинохта холисона баҳо додаанд. Аз ҷумла адиби маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов чунин андешаи ҷолиб дорад:
«Ҳатто ақидае роиҷ буд, ки Тоҷикистон ба Афғонистони дуюм табдил ёфта, солҳои зиёд дар зери борони тиру туфанг қарор мегирад. Домони ҷанг шояд васеътар гардида, ба кишварҳои ҳамсоя низ сироят кунад. Хушбахтона, зимоми давлатдориро ба даст гирифтани Эмомалӣ Раҳмонов — Президенти Тоҷикистон чунин хавфро аз миён бардошт. Дар муддати хеле кӯтоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзада бозёфти нодир дар ҷодаи сулҳсозӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортару сангинтар аст. Ҷаноби Раҳмонов рисолати сулҳро ҷавонмардона ба даст гирифт». (Рӯзномаи «Садои мардум» аз 10 майи соли 2002).
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон мавқеи худро устувор намуд. Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ баёнгари боэътимоди соҳибихтиёрии давлат мебошанд, ки дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари кишваранд.
Имсол 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар ин муддат кишвари мо ба комёбиҳои зиёди беназир ноил гардид. Тоҷикистонро тамоми созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф намуд.
Ин ҳама пешравиҳо, дастовардҳои даврони истиқлолият дар рӯзномаи расмии кишвар, нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум», ки имсол аз таъсисёбии он 25 сол пур мешавад, таври густурда инъикос ёфтаанд. Рӯзнома рисолати худро ҷиҳати инъикос ва тарғибу ташвиқи сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти мақоми намояндагӣ ва қонунгузор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дастовард ва мушкилоти ҷомеа, ифшои камбудиҳо дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварда истодааст.
Имсол барои кормандони рӯзнома соли фаромӯшнашуданӣ хоҳад буд, зеро таҷлили ҳар ду санаи таърихӣ назди кормандони рӯзнома вазифаи пурмасъулеро вогузор менамояд. Аз ин рӯ, рӯзнома тасмим гирифтааст, ки ба истиқболи 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи маводҳоеро таҳия ва пешкаши хонандагони арҷманди худ гардонад, ки фарогири рӯйдодҳои муҳими даврони истиқлолият, дастовардҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, рӯзгори осудаи мардум, сулҳу Ваҳдати миллӣ бошанд, зеро рӯзнома на танҳо номаи рӯз, балки солномаи халқу давлат аст. Бо гузашти айём рӯзнома ба як саҳифаи таърихи давлат табдил меёбад, ки авроқи рангину пурҷило дорад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»