ЧКАЛОВ. ( Мирзо РУСТАМЗОДА, Садои мардум») Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд дар фазои иттилоотии кишвар боз як расонаи хабарӣ аз мавҷудияти худ дарак дод. Дар шаҳри Чкалов шабакаи нави радиошунавонӣ ба фаъолият оғоз намуд. Алҳол гуфторҳои шабонарӯзии радиои шаҳрӣ 12 – 13 соатро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзудааст, ки бахши иттилоотии радио ният дорад, ки хабарҳои нави сатҳи маҳаллӣ ва муҳимтарин хабарҳои сатҳи ҷумҳуривӣ ва ҷаҳониро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба самъи шунавандагон расонад.