Мулоқот бо Иброҳим ибни Абдулазиз Ал-Ассоф

№2 (3482) 04.01.2016

Вазири молияМамлакати Арабистони Саудӣ аз тариқи Бонки Исломии Рушд  барои навсозии қитъаҳои Кӯлоб — Шӯрообод ва Шкев-Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб — Дарвоз 108 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад.

Дар ин бора дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири молияи ин кишвар, раиси Шӯрои мудирияти Фонди Саудии Рушд Иброҳим ибни Абдулазиз ал-Ассоф, ки рӯзи сеюми январи соли 2016 сурат гирифт,  иттилоъ дод.

Дар ин вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла дар партави тавофуқоти миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ ҳосилгардида, баррасӣ шуданд.

- Мамлакати Арабистони Саудӣ барои дастгирии пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии олами ислом тадбирҳо меандешад ва бовар дорам, ки чораҳои мушаххас дар ҷодаи тавсеаи ҳамкории молиявию сармоягузории кишварҳои мо ҷавобгӯйи чунин мавқеи хайрхоҳонаи роҳбарияти олии кишвари шумост, -  таъкид дошт зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба фаъолияти Фонди Саудии Рушд, ки лоиҳаҳои рушди Тоҷикистонро аз тариқи пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат маблағгузорӣ менамояд, баҳои арзанда дода шуд.

Зикр гардид, ки бунёди молиявӣ ва хайриявии Арабистон — Фонди Саудии Рушд, ки аз соли 2002 дар Тоҷикистон фаъолият дорад, то имрӯз дар ҳаҷми 84 миллион доллари ИМА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои қарзӣ ба имзо расондааст. Ин маблағгузорӣ асосан ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сохтмони роҳҳо ва беморхонаи модару кӯдак равона шудааст.

Зимни гуфтугӯйи судманд ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва афзун намудани ҳаҷми сармоягузорӣ таъкид доштанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаҳои судбахши иқтисоди Тоҷикистон чун сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, бунёду навсозии роҳҳо, истеҳсол ва коркарди маъданҳою маҳсулоти кишоварзӣ ва бахши обрасонӣ зоҳир гардид.

www.president.tj