Тарғиби тарзи ҳаёти солим

Ҳамоиши роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ

№3 (3483) 07.01.2016

Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани «Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим» дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ меёбад.

Охири соли гузашта дар пойтахти Австрия — шаҳри Вена вохӯрии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ оид ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаи таҳияи Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок намуд.

Вай дар ҷаласаи 12-уми гурӯҳи машваратӣ суханронӣ кард.

Дар маърӯзаи худ Рустам Назарзода даъват ба амал овард, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани «Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим» дастгирӣ карда шавад. Ин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дида баромадан дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар ворид шудааст.

Инчунин пешниҳод гардид, ки вохӯрии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии минтақа барои дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ баррасӣ намудани масъалаҳои ҷаҳонии маводи нашъаовар ташкил ва гузаронида шавад.

Дар чорчӯбаи чорабинӣ вохӯрии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, муовини Котиби генералии СММ Ю. Федотов баргузор гардид.

Зимни мулоқот тарафҳо ҳолат, тамоюл ва пешгӯйии вазъияти вобаста бо маводи нашъаовар дар минтақа, рафти амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноятро мавриди муҳокима қарор доданд.

 

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»