Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест

Муҳаббат ба касб ӯро соҳибном кард

№3 (3483) 07.01.2016

DSC_0553 (600 x 399)Дар майдончаи варзишии мактаб бачаҳо саргарми бозӣ буданд. Муаллим ба бозии онҳо бошавқ менигарист. Табъаш болида буд. Ба ӯ хабар доданд, ки се нафар хонандагони мактаб, ки дар озмунҳои фаннӣ ширкат варзиданд, медали тилло гирифтаанд.

Замоне муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 на танҳо дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод, балки саросари кишвар машҳур буд. Омӯзгорони номдораш Фозил Нидоев, Абдураҳмон Ғафуров, Ҳамдулло Расулов, Таисия Юлдошева, Назрихӯҷа Мусоев, Маҳмадҷон Обидҷонов, Ҳамид Ҳафизов, Шех Ғафуров, Мирак Пираков ва дигаронро ҳамагон мешинохтанд. Шогирдони ин мактаб минҳайси вазиру муовини вазир, раиси комиҷроия, академику доктор, шоиру нависанда ва драматург софдилона ба халқу Ватан хизмат карданд. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Қудрат Қаюмов низ ин ҷо таҳсил кардаасту генерал — лейтенант Муҳриддин Ашӯров низ дастпарвари ин боргоҳ буд.

Соли 1928 ин ҷо нахустин мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ташкил шуд.  Муаллимон аз шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Ҳисор ва Истаравшан, водии Фалғар меомаданд. Рӯзона бачаҳои хурдсол таълим мегирифтанд, шабона калонсолон. Ҳукумат курсҳои маҳви бесаводӣ ташкил карда буд. Ҳамон солҳо Иброҳим Қурбонов дорулмуаллимини шаҳри Тошкандро хатм карду ба Қалъаи Лаби Об омад. Аввалин сокини маҳаллӣ буд, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ гардид.

Баъдтар ин муассисаи таълимӣ ба мактаби ҳафтсола ва  оғози солҳои шастуми асри ХХ ба мактаби таҳсилоти миёна табдил ёфт. Соли 1951 ду бинои нави таълимӣ сохта шуд. Соли 2006 боз як бинои нав сохтанд.

Ҳоло барои бунёди мактаби нав дар як гӯшаи зебои деҳа замин ҷудо карданд. Раиси  ноҳия Ҳусейн Ализода барои бунёди мактаб талош дорад. Директори мактаб Лутфулло Шифоев боварӣ дорад, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод шогирдонаш дар як мактаби замонавӣ, ки бо тамоми таҷҳизоти техникаи муосир таъмин мегардад, таҳсил хоҳанд кард.

Дар муассисаи таълимии фавқ 624 нафар хонандагон, аз ҷумла 284 нафар духтарон таҳсил мекунанд. Ба онҳо 37 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд, ки 26 нафарашон соҳиби таҳсилоти олии касбӣ мебошанд.

Соли гузашта 52 нафар хонанда онро хатм карда, 27 нафарашон ба номи пурифтихори донишҷӯ сазовор гардид. Ин шумора ҳанӯз сарвари мактабро қонеъ намегардонад, лекин дар сатҳи ноҳия натиҷаи бад нест. Ҳар сол чанд нафар хатмкардагони мактаби онҳо тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил мешаванд. Соли гузашта ҳафт нафар- чор духтару се писар дохил шуданд. Солҳои охир ба масъалаи интихоби донишҷӯён  тариқи квотаи президентӣ диққат медиҳанд. Фақат онҳоеро интихоб мекунанд, ки саводу истеъдод доранд.

Соли гузашта чор нафар хатмкардагони мактаб, ки тариқи квотаи президентӣ муассисаи таҳсилоти олии касбиро хатм намуданд, бо сари баланд ба зодгоҳи хеш баргаштанд. Фарзонаи Ҳусиёнзод бо ихтисоси физик, Фирдавс Исмоилов бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, Саттор Анваров бо ихтисоси географ, Маҳмадхолиқ Маҳмадназаров ва Ягона Раҳматуллоева бо ихтисоси забонҳои хориҷӣ имрӯз дар мактаб фаъолият мекунанд ва ифтихор доранд, ки маҳз квотаи президентӣ дари мактабҳои олиро ба рӯяшон боз кард. Муаллим муътақид аст, ки онҳо чун фарзандони арзандаи Пешвои миллат дар тарбияи насли наврас саҳми сазовор мегузоранд. Вақтҳои фориғ аз кор омӯзгорони ҷавонро алоҳида ба дафтари кораш даъват мекунад. Бо онҳо суҳбат менамояд. Аз мушкилоти корашон мепурсаду маслиҳат медиҳад. Омӯзгорони соҳибтаҷриба Исо Шарофов, Раҳмоналӣ Нурализода, Ибодулло Ҳимматов, Карим Шодиев дар баробари ба хонандагон дарс гуфтан ба ӯ дар ин ҷода кумак мерасонанд.

Лутфулло Шифоев -дастпарвари собиқ Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) аст. Соли 1983 факултети методикаи таълими ибтидоии ҳамин донишкадаро хатм карда, ба зодгоҳаш баргашт ва фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи №44 оғоз намуд. Давоми кор қобилияти хуби ташкилотчӣ доштанро нишон дод. Сипас, ба ҳайси раиси Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Лаби Об» даҳ сол кор кард. Замоне ифои вазифа намуд, ки дар кишвар муноқишаҳои дохилӣ идома доштанд ва на ҳар нафар хоҳиши хизматчии давлатӣ буданро мекард. Соли 1995 Лутфулло Шифоевро барои идомаи фаъолияти меҳнатӣ ба дастгоҳи раиси ноҳия даъват намуданд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия таъин шуд. Даҳ соли кор дар ин мақоми давлатӣ ба Лутфулло Шифоев имконият дод, ки бисёр чизҳоро омӯзад. Тамоми ин муддат алоқаашро аз мактаб наканд. Билохира боз ба мактаб баргашт.

Соли чорум аст, ки ба муассисаи таҳсилоти миёнаи №1 сарварӣ мекунад. Дар ин давра сифати таълим беҳ гардид. Ин пешравиро ӯ дар алоқаи зич бо падару модари хонандагон медонад. Тибқи нақша бо сокинони деҳот доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ бештар гаштааст. Ягона орзуи директори мактаб Лутфулло Шифоев ҳамин аст, ки ин муассисаи таълимӣ мисли солҳои пешин шуҳратёр бошад.

 

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»