Дар маҷлисгоҳи факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» чорабинӣ доир гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини декан оид ба корҳои тарбия А. Усмонов оғоз намуда, афзуд, ки 9 декабри соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид.
Зикр гардид, ки дар ҳақиқат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи баланди худро таври табиӣ ёфтааст. Эмомалӣ Раҳмон воқеан дар оғӯши ватану миллат ва дар заминаи дуову дастгирии мардум сабзида, мавриди эътирофи мардуми худ қарор гирифтааст.
Сипас, профессор Ҳ. Тошхӯҷаев ва дотсент Р. Валиев дар ин мавзӯъ фикру ақидаҳои хешро баён намуданд.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»