Қонун ва иҷрои он

Рӯзи мактаб дар деҳа

№3 (3483) 07.01.2016

Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  муайян намудани  уҳдадориҳои падару модар ва шахсони ивазкунандаи онҳо дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Таҷриба нишон дод, ки қабули қонун талаботи замон буд ва барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас такони ҷиддӣ бахшид.

Баҳри дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, шуъбаи маориф ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои назаррасе ба иҷро расидааст.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои талаботи ин қонун мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳамвора тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо дастури узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо Холиқ таҷлил намудани чорабиниҳои «Рӯзи мактаб дар деҳа» ба ҳукми анъана даромадааст.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Холмаҳмад Ортиқов чорабиниҳои «Рӯзи мактаб дар деҳа» ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар деҳаҳо бо иштироки волидон, омӯзгорону маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, намояндагони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва раисони шӯрои деҳаҳою маҳаллаҳо баргузор мегарданд, ки дар он вазъи донишандӯзӣ ва рафтору кирдори хонандагон муҳокима карда мешаванд.

- Баргузории чунин чорабиниҳо дар мустаҳкам намудани алоқаи падару модар бо муассисаҳои таълимӣ ва ҳамкории зичи омӯзгорону волидон пураҳамият аст,- гуфт Холмаҳмад Ортиқов.

Ҳамчунин директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳия Саидбурҳон Ҷониев дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки баъди баргузории чорабиниҳои «Рӯзи мактаб дар деҳа» раванди таълиму тарбия беҳбудӣ ёфтааст. Волидайн муносибаташонро ба мактаб ва фарзандон тағйир додаанд. Онҳо дар чорабиниҳо фаъолона ширкат меварзанд ва барои таълиму тарбияи фарзандон талош менамоянд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»