Тобистони соли сипаришуда як гурўҳ соҳибкорони Федератсияи Россия ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Қумсангир бо фаъолияти лимўпарвари машҳур Ҳоҷӣ Абдураҳим Тоиров аз деҳоти «Панҷ» шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд.
Ҳангоме ки меҳмонон ба хандақи дарахтони лимўи ин деҳқони чашмикордон ворид шуда, аз бўи муаттари гулҳои дарахти лимў ҳаловат мебурданд, яке аз меҳмонон аз ҳавои гуворою хушбў нафас кашида гуфт: — Ман намехоҳам ин макони биҳиштосоро тарк созам.
Ҳайратовар буд, ки дар он фасли гармои тобистон дар навдаҳои дарахтони лимўи деҳқони қумсангирӣ баробари гул ҳосили соли гузашта низ қисман нигоҳ дошта мешуд. Ин ҳосил ба хотири ҳадя ба дўстону меҳмонон ва ҳамчунин ба мақсади табобати дарди нафарони аз маризии фишорбаландӣ азияткашида нигоҳ дошта мешуд.
Дар бораи лимўпарварони ноҳияи Қумсангир, ки ҳамасола ҳосили фаровон парвариш мекунанд, сухан гуфта, номи деҳқонони чашмикордон Ҳоҷӣ Абдураҳим Тоиров, Ҳоҷӣ Сабзаалӣ Ғафуров, Ҳоҷӣ Мардон Сатторов, Маҳмадюнус Рустамов, Худойбердӣ Шукуров, Ҳоҷӣ Ҳамзаҷон Ҳасанов ва Абдуғаффор Қурбоновро ин ҷо наовардан беадолатӣ мебуд. Ба туфайли заҳмати онҳо ҳамасола дар ин ноҳия ҳосили фаровони лимў ва дигар меваҳои ситрусӣ ҷамъоварӣ мешавад.
Тавре муовини якуми раиси ноҳия Назаралӣ Абдурасулов зимни суҳбат бо мо иброз намуд, имсол дар лимўзори ноҳия ҳосили хеле фаровон парвариш ёфтааст. Чун деҳқонон аз парваришу фурўши лимў фоидаи хуб мегиранд, кўшиш менамоянд, ки масоҳати лимўзори худро зиёдтар гардонанд.
Айни ҳол дар ноҳия дар майдони беш аз 100 гектар хандақҳои лимў мавҷуданд, ки аз ин 95 гектараш дарахтони ҳосилдиҳанда ҳисоб меёбанд. Соли 2014 беш аз 2,5 ҳазор тонна лимў ба фурўш бароварда шуд. Баробари таъмини бозори дохилӣ, маҳсули дастранҷи лимўпарварони қумсангирӣ ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва давлатҳои дигар низ содир карда шуд.
Дар соли 2015 низ натиҷаи заҳмати лимўпарварони ноҳияи Қумсангир боиси таҳсин аст. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, дар соли 2015 беш аз 2700 тонна лимў ҷамъоварӣ гардид, ки дар муқоиса ба соли 2014-ум 200 тонна зиёд аст.
Имрўзҳо корвони мошинҳои пур аз лимў аз ноҳияи Қумсангир ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо равонанд.
P.S. Вақте ки ин мавод ба чоп омода мегардид, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба мо иттилоъ доданд, ки деҳқони машҳури қумсангирӣ Ҳоҷӣ Абдураҳим Тоиров дар қатори 75 нафар беҳтарин кишоварзони вилоят бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шудааст.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
Лимўи Қумсангир шуҳрати ҷаҳонӣ дорад
Тобистони соли сипаришуда як гурўҳ соҳибкорони Федератсияи Россия ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Қумсангир бо фаъолияти лимўпарвари машҳур Ҳоҷӣ Абдураҳим Тоиров аз деҳоти «Панҷ» шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд.
Ҳангоме ки меҳмонон ба хандақи дарахтони лимўи ин деҳқони чашмикордон ворид шуда, аз бўи муаттари гулҳои дарахти лимў ҳаловат мебурданд, яке аз меҳмонон аз ҳавои гуворою хушбў нафас кашида гуфт: — Ман намехоҳам ин макони биҳиштосоро тарк созам.
Ҳайратовар буд, ки дар он фасли гармои тобистон дар навдаҳои дарахтони лимўи деҳқони қумсангирӣ баробари гул ҳосили соли гузашта низ қисман нигоҳ дошта мешуд. Ин ҳосил ба хотири ҳадя ба дўстону меҳмонон ва ҳамчунин ба мақсади табобати дарди нафарони аз маризии фишорбаландӣ азияткашида нигоҳ дошта мешуд.
Дар бораи лимўпарварони ноҳияи Қумсангир, ки ҳамасола ҳосили фаровон парвариш мекунанд, сухан гуфта, номи деҳқонони чашмикордон Ҳоҷӣ Абдураҳим Тоиров, Ҳоҷӣ СабзаалӣҒафуров, Ҳоҷӣ Мардон Сатторов, Маҳмадюнус Рустамов, Худойбердӣ Шукуров, ҲоҷӣҲамзаҷон Ҳасанов ва Абдуғаффор Қурбоновро ин ҷо наовардан беадолатӣ мебуд. Ба туфайли заҳмати онҳо ҳамасола дар ин ноҳия ҳосили фаровони лимў ва дигар меваҳои ситрусӣҷамъоварӣ мешавад.
Тавре муовини якуми раиси ноҳия Назаралӣ Абдурасулов зимни суҳбат бо мо иброз намуд, имсол дар лимўзори ноҳия ҳосили хеле фаровон парвариш ёфтааст. Чун деҳқонон аз парваришу фурўши лимў фоидаи хуб мегиранд, кўшиш менамоянд, ки масоҳати лимўзори худро зиёдтар гардонанд.
Айни ҳол дар ноҳия дар майдони беш аз 100 гектар хандақҳои лимў мавҷуданд, ки аз ин 95 гектараш дарахтони ҳосилдиҳанда ҳисоб меёбанд. Соли 2014 беш аз 2,5 ҳазор тонна лимў ба фурўш бароварда шуд. Баробари таъмини бозори дохилӣ, маҳсули дастранҷи лимўпарварони қумсангирӣ ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва давлатҳои дигар низ содир карда шуд.
Дар соли 2015 низ натиҷаи заҳмати лимўпарварони ноҳияи Қумсангир боиси таҳсин аст. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, дар соли 2015 беш аз 2700 тонна лимў ҷамъоварӣ гардид, ки дар муқоиса ба соли 2014-ум 200 тонна зиёд аст.
Имрўзҳо корвони мошинҳои пур аз лимў аз ноҳияи Қумсангир ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо равонанд.
P.S. Вақте ки ин мавод ба чоп омода мегардид, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба мо иттилоъ доданд, ки деҳқони машҳури қумсангирӣҲоҷӣ Абдураҳим Тоиров дар қатори 75 нафар беҳтарин кишоварзони вилоят бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва мукофоти пулӣқадрдонӣ шудааст.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»