Замонзода Мадамон Амирхон моҳи сентябри соли 2015 директори КВД «Корхонаи фаръии Неруташхисгар»-и Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Нурофар» таъин гардид. 37 сол дорад, вале донишу масъулиятшиносӣ ва кордониаш боиси пешрафти фаъолияташ гаштааст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо ихтисоси муҳандис - гидротехник мебошад. Солҳои 2002 — 2005 сармутахассиси Экспертизаи давлатии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Тайи солҳои 2005 — 2006 дар вазифаи роҳбари намояндагии Экспертизаи давлатии экологӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, солҳои 2007 — 2009 сармутахассиси Экспертизаи давлатии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2009 — 2014 муҳандис — эколог, муҳандиси пешбар, роҳбари бахш, муовини сардори шуъба, сардори шуъбаи «Ҳифзи муҳити зист ва гидрология»-и Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Нурофар», аз апрели соли 2014 то сентябри соли 2015 сардори шуъбаи назорати иншооти гидротехникӣ ва таъиноти энергетикии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Роҷеъ ба рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо номбурда ҳамсуҳбат шудем
- Таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корхонаи шумо дар амалӣ гаштани он чӣ саҳм мегузорад?
- Бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ як қатор чорабиниҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Соли гузашта дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ҳамаи паҳлуҳои хоҷагии халқи мамлакатро таҳлил карда, дар робита ба соҳаи энергетика чунин зикр намуданд: «Сиёсати давлат дар ин марҳила ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад. Тавре ки ман борҳо иброз доштам, рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад».
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат кишвари мо пас аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ҷойи ҳаштумро дар дунё ишғол менамояд. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Захираҳои асосӣ дар дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир мебошад.
Тадбирҳои андешидашаванда оид ба сохтмони иншооти энергетикӣ дар навбати аввал ба таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои кишвар бо неруи барқ нигаронида шуда, барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, рушди устувори кишвар ва ташкили ҷойҳои корӣ замина мегузоранд.
Вазифаҳои аcосии корхонаи мо муайян кардани мувофиқати хулосаҳои лоиҳавӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии стандарткунонӣ дар қисмати нишондодҳои самаранокӣ, инчунин муайян кардани асоснокии чораҳои пешбинишудаи комплекси энергетикӣ ва шохаҳои он мебошад. Лоиҳаҳо ва барномаҳои энергетикӣ, гидроэнергетикӣ ва гидротехникӣ барои сохтани иншоот таври ҳатмӣ аз экспертизаи давлатии энергетикӣ мегузаранд.
Корхона дар асоси моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», моддаи 9 -уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия», моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва банди 16-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи масъалаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» фаъолияти худро пеш мебарад.
- Аз иқдомоти давоми соли 2015 анҷомдода метавонед мисолҳои мушаххас биёред?
- Соли сипаришуда аз тарафи фармоишгарон барои гирифтани хулосаи экспертӣ дар асоси шартнома 62 лоиҳа пешниҳод шуд ва аз ҷониби мутахассисони мо дар муҳлати муайяншуда, бо дарназардошти ислоҳи камбудиҳо ба 53 лоиҳа хулосаи экспертӣ дода шуд. Айни ҳол 6 лоиҳаи корӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ дар шаҳраки Сарбанд», «Барқарорсозии иншооти гидротехникӣ дар системаҳои обтаъминкунандаи ноҳияҳои Панҷ, Рӯдакӣ, Ёвон, Ҳисор» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доранд. Дар корхона шаш нафар мутахассисон доимӣ ва 35 нафар экспертҳо, аз ҷумла ду нафар доктори илмҳои техникӣ, се нафар номзадҳои илм тариқи шартнома фаъолият менамоянд.
- Ҳамкориҳо бо идораю ташкилотҳои марбута чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?
- Ҳамкориҳоямон бо муассисаю корхонаҳои соҳаи энергетика, сохтмон ва обтаъминкунӣ мунтазам тақвият меёбад. Айни ҳол мо бо Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявиии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Нурофар», ҶДММ «Барқ-Сохтмон — Лоиҳакаш», ҶДММ «ЭЛСИЯ-АЗИЯ Энергостройпроект», КВД ИЛ «Тоҷикгипроводхоз», ҶДММ «Бунёди лоиҳаҳо, ҶДММ «Помир-Энергосервис» ва ғайра ҳамкорӣ дошта, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ фармоишоти онҳоро ба маблағи 235 349 сомонӣ иҷро кардем.
- Дар ҷараёни суҳбат дар бобати такмили сохтори мавҷудаи экспертизаи энергетикӣ сухан гуфтед. Чиро дар назар доред?
- Ин ҷо сухан дар бораи такмили сохтор ва ташкили экспертизаи давлатии энергетикӣ меравад, ки дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолият намояд. Чунин таҷриба дар бисёр давлатҳо ҳаст ва мо онҳоро мавриди омӯзиш қарор додем. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолиятро дар ин соҳа ТОО «Пауэр Инжиниринг» пеш мебарад. Чунин таҷриба дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли 2006, дар Ҷумҳурии Беларус аз соли 2007 мавриди истифода аст. Дар Федератсияи Россия бошад, бо ин мақсад корхонаи ҶСК «Агентство энергетических экспертиз» таъсис ёфтааст.
Мақсади мо аз ин пешниҳод дастрасӣ пайдо кардан ва мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ мондани ташхиси иншооти ба соҳаи энергетика марбут мебошад. Сухан сари он аст, ки Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатии баҳисобгирӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳоро барои сохтмон, таҷдид ва азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳо ва дигар иншооти сохтмонӣ амалӣ месозад. Фаъолияти мо бошад, танҳо ба иншооти энергетикӣ равона мегардад. Бо имзои вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷиҳати ҳалли ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол шуда буд, ки ҳоло баррасии он идома дорад.
Экспертизаи мазкур минбаъд имконият фароҳам меоварад, ки кори босамари соҳаи энергетика таъмин гардад ва фаъолияти мунтазами пажӯҳишгоҳҳои илмӣ — тадқиқотӣ ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ба роҳ монда шавад.
Итминони комил дорем, ки дар ин замина рушди мамлакат, идоракунии самаранок ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар таъмин гардида, сатҳу сифати иншооти энергетикӣ ва гидротехникӣ баланд бардошта мешавад.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»