Фидоии роҳи маърифат

№6 (3486) 13.01.2016

А.Нематов ва Н.Кодиров (395 x 272)Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан (даъвати панҷум) дар радифи масъалаҳои муҳим қарори дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро бобати ба номи Аминҷон Неъматов гузоштани китобхонаи бачагонаи шаҳр ба тасвиб расонд. Ин хабарро шунида, айёми наврасиам ба ёд омад.

Вақте дар синфи ибтидоӣ таҳсил мекардем, нахустин китобҳои хондаи маро, ки «Мактаби кӯҳна»-и Садриддин Айнӣ, «Мӯрчаяк»-и Пӯлод Толис ва «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзода буданд, ҳамин марди шариф талқин намуда буд.

Ҳамон вақт ин марди лоғарандоми қоматбаланди хандонрӯ, ки бо мо бачагон чун калонсолон бо эҳтирому самимӣ муомила мекард, солҳои зиёд сарварии китобхонаи марказии шаҳрро ба уҳда дорад.

Ба хотири иншои чанд сатр аз кору рӯзгори Аминҷон Неъматов ба китобхонаҳои марказӣ ва бачагонаи шаҳр  муроҷиат намудам. Мутаассифона, чизе пайдо карда натавонистам. Мушкили маро рӯзноманигор Сайфулло Маҳкамов осон кард.

- Дар бойгонии шаҳр зиёда аз 20 парвандаи ин шахси шариф маҳфуз аст,- гуфт ӯ.

Дар бойгонии шаҳри Истаравшан санадҳои бо мурури замон зардшудаву ҷо-ҷо порагардидаро бодиққат варақ задам.  Маълум шуд, ки Аминҷон Неъматов бо нишонҳои «Барои хизмати аъло», «Таблиғгари китоб»-и Вазорати маданияти ИҶШС, бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 15 августи 1957 бо унвони «Китобдори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон», бо Укази Президиуми Совети Олии ИҶШС аз 22 феврали соли 1967 бо мукофоти олии «Ордени Ленин», нишони «Ветерани меҳнат» (20 декабри соли 1976) ва чандин ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Дар байни ҳуҷҷатҳо китобчае бо номи «Дар чорсӯи зиндагӣ» мавҷуд буд, ки шоир ва рӯзноманигори шинохта Ҳикмат Раҳматов дар он дар бораи Аминҷон Неъматов лавҳае таълиф намудааст. Бино ба навиштаи Ҳикмат Раҳматов, Аминҷон Неъматов 30 июни соли 1907 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) дар оилаи Неъмат — баққол ба дунё омада, соли 1928 пас аз хатми  курси маҳви бесаводӣ дар синни 21 — солагӣ ба хотири китобдӯстиаш ба ҳайси фаррош дар китобхонаи шаҳрӣ ба кор даромадааст. Мудири китобхона Валентина Ивановна мебинад, ки ин ҷавонмарди одиву чаққон ба китобхонӣ ва таҳсили илм шавқу рағбати зиёд дорад, даставвал талқин мекунад, ки Аминҷон ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ӯротеппа дохил шавад. Баъди хатми омӯзишгоҳ Аминҷон бо талқину талаби Валентина Ивановна соли 1932 ба кори китобдории китобхона гузашта, соли 1932 курсҳои китобдориро дар Техникуми китобхонашиносии собиқ шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ва баъдан — соли 1938 собиқ шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) ба итмом расонида, соли 1935 мудири китобхонаи марказии шаҳри Ӯротеппа таъин мешавад.

Номбурда 37 соли расо ба ҳайси китобдор ва мудири китобхонаи марказии шаҳр кор карда, соли 1967 ба нафақа мебарояд ва ба китобхонаи бачагонаи шаҳр ҳамчун  китобдори одӣ ба кор мегузарад.

Аминҷон Неъматов моҳи декабри соли 1941 ба ҷанг рафта, то моҳи ноябри соли 1945 дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар озод кардани шаҳрҳои Воронеж, Харков, Сталинград, Киев ва ғайра иштирок карда, соли 1943 ҷароҳат (контузия) гирифтааст.

Бино ба шаҳодати маводи бойгонӣ, солҳои ҷанг ба шаҳри Ӯротеппа сел меояд. Дар натиҷаи ин ҳодиса китобхонаи марказии шаҳр хароб мегардад. Пас аз баргаштани Аминҷон Неъматов аз ҷанг, масъулин назди ӯ вазифа мегузоранд, ки китобхонаро аз нав ташкил кунад. Дар натиҷаи кӯшишу ғайрати Аминҷон Неъматов дар андак фурсат кори китобхона ба эътидол меояд, дар он чандин шуъбаҳои нав ташкил карда мешаванд, шумораи кормандонаш бамаротиб меафзояд, теъдоди китобҳои китобхона ба бештар аз 15 ҳазор нусха ва шумораи хонандагон ба 1400 нафар мерасад.

Обрӯю нуфуз ва мавқеи китобхонаи шаҳрии Истаравшан, ки минбаъд ба он китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Шаҳристон, Ғончӣ ва Зафаробод низ тобеъ карда шуданд, дар миқёси  ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ хеле  баланд мешавад. Аминҷон Неъматов гули сари сабади ҷамъомадҳои китобшиносону китобдӯстон ва анҷуманҳои умумииттифоқии китобдӯстон буд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири шинохта ва рӯзноманигори собиқадор Султонмурод Ҳоҷибоев, ки бо Аминҷон Неъматов ошноӣ доштааст, мегӯяд, ки мавсуф бо вуҷуди серкорӣ зиёда аз 40 сол ба ҳайси машваратчии суди халқии шаҳр интихоб мешуданд. Инсони бисёр ҳассосу соҳибдил, ки буданд, ҳангоми мурофиаҳо талош мекард, то ба касе ҷабр нашавад. Ман борҳо дар чунин мурофиаҳо иштирок кардам. Дар ёд дорам, ки боре чӯпонеро барои талафёбии ду сар гӯсфанд суд мекарданд. Агар Аминҷон Неъматов намешуд, он чӯпони бечора ҳукм мегирифт ва чанд сол фарзандони хурдсолаш аз дидору пуштибонии падар маҳрум мегаштанд. Аминҷон Неъматов бегуноҳии чӯпонро исбот кард ва раиси суд Ҷамол Иноятов, ки баҳри барқарории адолату пойдории қонун муборизаи беамон мебурд, ин дафъа ҳам одилона ҳукм баровард.

Яке аз шогирдони Аминҷон Неъматов Хурсанд Пӯлодова, ки зиёда аз 30 сол бо ин марди наҷиб кор карда, аз дастгириву ғамхориҳо ва насиҳату раҳнамоиҳояш бархӯрдор будааст, китоби хотироти худро дар бораи устодаш чунин варақгардон мекунад:

- Устод Аминҷон Неъматов яке аз шахсони барӯманд ва соҳибманзалати шаҳри Истаравшан буданд. Ба кор хеле барвақт меомаданд. Бо шоир Разиюлло Абдуллозода дӯсти қарин буданд. Маҳз барои он ки Абдуллозода дар шароити ором асарҳои илмию бадеиашонро эҷод намояд, дар як гӯшаи китобхона ҳуҷраи корӣ ҷудо карда буданд. Қариб ҳамаи асарҳо, мақолаҳо ва ашъори Абдуллозода дар ҳамин ҳуҷраи китобхонаи марказӣ эҷод шудаанд.

Бояд зикр кард, ки номи Аминҷон Неъматовро дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» ва «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», ки дар замони шӯравӣ ба табъ расидаанд, пайдо накардам. Табиист, ки бо «шарофат»-и як идда нотавонбинон номи ин фидоӣ аз қомусҳо ҳам берун мондааст, ҳол он ки Аминҷон Неъматов дар замони шӯравӣ дар тамоми ИҶШС шахсияти маълуму машҳур буд. Дар борааш дар рӯзномаи «Правда» аз 16 декабри соли 1986, маҷаллаи «Библиотекарь» ва дигар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ мавод чоп кардаанд.

Дар яке аз парвандаҳои бойгонӣ расму суратҳои шахсиву оилавии мавсуф ҷой доранд. Дар як сурат Аминҷон Неъматов бо Омӯзгори хизматнишондидаи РСС Тоҷикистон Набиҷон Қодиров қарор дорад.

Чун суратро ба Н. Қодиров  нишон додам, хеле хушҳол гардид ва гуфт:

- Ин сурат 1-уми майи соли 1980 аксбардорӣ шудааст.

Аминҷон Неъматовро бисёр ҳурмат мекардем, зеро ӯ бисёр инсони одӣ, хоксор, вале ҷиддиву масъулиятшинос буд.  Бисёр хуб кардед, ки бо таълифи маводе  ҳаёту фаъолияти ибратомӯзи ин марди наҷибро бозгӯйӣ  намуданиед, — гуфт дар фарҷоми суҳбат номбурда.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»