Сокинони мамлакат қабулу ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» — ро, ки дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нав боз намуд, бо шодмонию фараҳмандии беандоза истиқбол карданд.
Иқдоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули ин қонун, ки дар асоси дархости сокинони мамлакат ба амал омад, орзую ормони мардуми бунёдкор ва сулҳофари тоҷик буд, зеро талошҳои пайгиронаву хидматҳои мондагори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлатдории навин, пойдории сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон то ҷовидон боқӣ хоҳанд монд.
Сарвари давлат баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиаш, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул — гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ҷараёни амалигардонии сиёсати хирадмандона, ки Сарвари давлат дар ин роҳ кӯшишу заҳмати бузург ба харҷ дод, собит намуд, ки обрӯи мамлакат ва ҳаёти осоиштаву бехатар шарти муҳими ба амал баровардани фаъолияти давлат оид ба пешрафту шукуфоии зиндагӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон муҳиму таърихӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонуни мазкурро миллӣ ва ҷавобгӯйи талаботи ҷомеа шуморидан мумкин аст. Нуфузи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон фаротар аз марзҳои Тоҷикистон буда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ва сулҳовар шинохта шудааст.
Талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар як замони бисёр мураккаб давлати моро аз хатари нобудӣ раҳо бахшид. Бо дарназардошти ин хизматҳои мондагор мақоми Пешвои миллат, ки бо амри дили мардуми шарифи тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон дода шудааст, нишони эҳтироми хос ба хидматҳои Сарвари давлат мебошад.
Таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.
Таъмини сулҳу салоҳ ва ба Ватан баргардондани муҳоҷиронро аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ҳамчун як ҳадяи Яздон ба мардум метавон унвон кард. Пас аз баргардондани гурезаҳо ба ҷою макони хеш бо иқтисодиёти футуррафта аҳолии мамлакатро бо ғизо ва дигар маҳсулоти аввалия таъмин намудан кори саҳл набуд. Хурду калон дар ғами як бурда нон буданд. Хушбахтона, аз ҷониби Сарвари дурандешамон ҷудо намудани зиёда аз 75 ҳазор гектар замини корам ба шаҳрвандон сокинони ҷумҳуриро аз таҳдиди гуруснагӣ раҳонид. Масъалаи дигаре, ки хизмати Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли он бориз аст, ин аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мебошад. Дар 25 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон он қадар роҳу пулу нақбҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохта шуданд, ки дар 70 соли даврони шӯравӣ назирашон кам андар кам дида мешавад.
Дар муаррифии тоҷикон ба ҳайси як миллати соҳибтамаддун дар арсаи байналмилалӣ низ саҳми Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тавассути ироаи масъалаҳои муҳими бахусус ҳифзи захираҳои об бисёр мондагор аст. Аз ин рӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» — ро метавон муҳаббатномаи мардуми Тоҷикистон ба Пешвои худ номид.
Бӯстон УМАРОВ, нотариуси Идораи нотариалии вилояти Суғд, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1