Таъсисёбии арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ
Дар нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 14 январи соли равон баргузор гардид, раиси Палата Шариф Саид оид ба фаъолияти солона иттилоъ дод.
Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки давоми соли сипаришуда бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва ҳамоиши доираҳои тиҷоратии соҳибкорони кишвари мо бо соҳибкорони дигар давлатҳо дар шаҳру минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор гардид. Номбурда гуфт, ки нақши Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳимоякунандаи манфиатҳои доираҳои тиҷоратӣ дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ ба назар гирифта, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Арбитражи байналмилалӣ» дар назди Палата Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ таъсис дода шуд.
- Инчунин дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ оид ба фаҳмондадиҳии талаботи техникии тиҷорат ва меъёрҳои фитосанитарӣ, Маркази сифат оид ба омода намудани шароити мусоид барои тиҷорат ва мутобиқшавӣ ба талаботи СУС, Ассотсиатсияи миллии рақамгузории «GSI Tajikistan» ва Маркази иттилооти тиҷоратӣ амал мекунанд, — иттилоъ дод Шариф Саид.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, Садои мардум»
«Сафина» равонаи соҳили мақсуд аст
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар соли 2015 муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятиро тавассути барномаҳои гуногунжанр манзури тамошобинон намуд. Ворид намудани дигаргуниҳо дар тарзи пешниҳоди барномаҳо, истифода ва татбиқи технологияи муосири телевизионӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои наву ҷолиб фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро рангину муассир сохт.
Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Зевар Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тўли соли гузашта беш аз 20 лоиҳаи нав, аз қабили «Маҳорат», «Қаҳва бо шир», «Арзанда», «Муждаи эҷод», «Дар талоши ҳаёт», «Ногуфтаҳо», «Нигоҳи нав», «Он сўи қиссаҳо», «Дидаи бедор», «Нўши ҷон», «Латифаи рўз», «Толори оинаҳо», «Тавлид», «Ҷамъу тарҳ», «Килки сабз», «Дугонаҳо» ва як қатор барномаҳои дигар рўи эфир омаданд. Бо мақсади қонеъ кардани талаботи рўзафзуни аҳолӣ ба иттилоот лоиҳаҳои «Хабари ин соат» ва «Хабарҳои рўз» амалӣ шуданд.
Давоми сол оид ба масъалаҳои марбут ба оила ва оиладорӣ бахшида ба «Соли оила», коҳиш додани никоҳи хешутаборӣ, фароҳам овардани шароиту имконоти беҳтари иҷтимоӣ барои аҳолӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими расму оин ва мавзўъҳои дигари муҳим барномаву намоишҳо таҳия ва пахш шуданд.
Кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар инъикоси интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Рўзи Модар, Иди байналмилалии «Наврўз», даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, расонидани кумак ба зарардидагон ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таҷлили 3000 — солагии Ҳисор ва як қатор чорабиниҳои дигар саҳми назаррас гузоштанд. Бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Муассиса гузоришу барномаҳои зиёд таҳия ва пахш гардид, ки «Дар ин замона», «Вақт», «Вожазори маонӣ», «Инсон ва ҳуқуқ», «Маҳорат» аз ин ҷумла мебошанд.
Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба нишасти матбуотӣ ҳамроҳ бо муаллифони барномаҳо омада буданд. Аз ин рў, миёни рўзноманигорон ва мансубини Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» суҳбати ошкору самимӣ сурат гирифт, ки барои боз ҳам беҳтар намудани мазмуну мундариҷа ва сифати барномаҳо мусоидат хоҳад кард.
А. МУРОДОВ,Садои мардум»
Корҳои таълимӣ — методӣ хуб ба роҳ монда шудааст
Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Носирҷон Салимӣ иброз намуд, ки соли ҷорӣ дар донишгоҳ корҳои таълимӣ- методӣ аз рўи 93 самт (ихтисос) роҳандозӣ гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати профессорону омўзгорони кафедраҳои донишгоҳ барои беш аз 685 номгўйи фанҳои таълимии дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр ва магистр тадрисшаванда маҷмўаҳои таълимию методӣ мураттаб сохта, 107 дастуру воситаҳои таълимӣ, 39 китоби дарсӣ нашр карда шуд. Соли 2015 аз ҷониби беш аз 100 нафар омўзгорони кафедраҳои донишгоҳ 67 кори таълимию методӣ дар самти татбиқи технологияҳои нав ва усулҳои фаъоли таълим ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, дар назди 13 факултети донишгоҳ кабинетҳои фаннии бо технологияи муосир муҷаҳҳаз, таъсис ёфт. Барномаи иттилоотии идоракунии донишгоҳ такмил ва аз оғози соли таҳсили 2015 — 2016 аз рўи ҷамъбасти ҳафтаинаи фаъолияти таълимии донишҷў, ҳангоми иҷрои сарбории аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ (корҳои мустақилонаи донишҷўён), бо истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ (компютер) мавриди истифода қарор дода шуд. Китобхонаи электронӣ таъсис дода, донишҷўён бо барномаи иттилоотии идоракунӣ ва маводи электронии таълимӣ таъмин карда шуданд.
Дар доираи ҷалби маблағ барои лоиҳаҳои илмӣ донишгоҳ бо ташкилоти байналмилалии UNICEF — ташкилоти мададгори кўдакон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Соли равон бо кумаки ташкилоти номбурда як маркази нав дар кафедраи педагогикаи умумӣ бо номи Маркази захиравӣ кушода шуд. Китобхонаи донишгоҳ бо дастгирии раёсати донишгоҳ сол то сол ғанитар мешавад. Ҳоло фонди умумии китобхона 400017 адад китобро ташкил медиҳад. Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, Садои мардум»
Сӣ коркарди олимон ба истеҳсолот пешниҳод гардид
Фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 аз рўи самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ ба беҳтар кардани ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, ҷустуҷў ва истифодаи манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузории таҳқиқоти илмӣ ва равнақ додани робитаҳои илмии байналмилалӣ равона шуд.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ роҷеъ ба навигарӣ ва комёбиҳои соли 2015 мухтасар маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар ин давра воҳидҳои нави илмӣ- таҳқиқотӣ, аз ҷумла Маркази илмӣ — таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, Пойгоҳи байналмилалии илмӣ — таҳқиқотии экологӣ дар ноҳияи Данғара, Пойгоҳи илмии экологӣ дар мавзеи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон, Маркази таълимӣ дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмоишгоҳи амнияти радиатсионӣ дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд.
Дар давраи мавриди назар аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1475 кори илмӣ, аз ҷумла 133 китобу монография, маҷмўаҳои илмӣ, брошюра, 1342 мақолаи илмӣ ба табъ расонида, 14 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, ду нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва се қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, се шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сабти моликияти зеҳнӣ ба даст оварда шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот қариб 30 коркарди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Соли 2015 аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии астрономҳо сертификати як сайёраи хурд, ки қаблан барои саҳми арзандаи олимони соҳаи астрофизикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳқиқи ҷирмҳои осмонӣ, аз ҷумла астероидҳо ва метеоридҳо «Тоҷикистон» номгузорӣ шуда буд, дода шуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»