Мувофиқи моддаи 14-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро муайян намуда, тавассути ҳокимияти судӣ ҳифз мегарданд. Ҳамин тавр, ҳокимияти судӣ низ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мувофиқи моддаи 84-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат масъул аст. Таҷрибаи таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки мурофиаи судӣ ягона шакли муқаррар намудани ҳақиқати воқеӣ ва беҳтарин роҳи ҳалли ҳар гуна муноқишаҳост.
Дар зиндагӣ мо борҳо шоҳиди он мешавем, ки дар натиҷаи содир кардани кирдори барои ҷамъият хавфнок ашхоси гуногун барои чунин амалашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Ҳукми охиринро дар муайян намудани ҳадди ҷазо ва ҷиноят танҳо суд мебарорад. Ҳамин тариқ, суд на танҳо манфиати шахс ё ташкилоту муассиса, балки давлатро низ ҳимоя мекунад, ки дар маҷмўъ онро таъмини адолат меноманд. Таъмини адолат ҳамон вақт имконпазир мешавад, ки судяҳо ҳақиқатро дар асоси далелҳои мавҷуда пурра, холисона ва объективона таҳқиқ намуда бошанд. Адолати судӣ яке аз зуҳуроти ҳокимияти судӣ дониста мешавад. Он меъёрҳои ҳуқуқиест, ки нисбати баҳс ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ аз рўи парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, хоҷагӣ, маъмурӣ дар маҷлисҳои судӣ татбиқ мегардад.
Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тавассути Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад. Ба фаъолияти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 8-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 84 — 92) пурра бахшида шудааст.
Вобаста ба талаботи имрўза, раванди дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ ба миён омадааст. Дар ин замина, мутобиқи талаботи Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ, ки аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба қонунҳои марбут ба фаъолияти мақомоти судӣ низ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав (аз 26 июни соли 2014 таҳти № 1084) бо дарназардошти талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Дар қонуни мазкур принсипҳои асосии фаъолият, салоҳият, сохтор ва тартиби таъсиси судҳо, интихоб, таъин, бозхонду озод кардан, ба ҷавобгарӣ кашидани судяҳо, тартиби ҳавасмандгардонӣ ва ғайра таври васеъ нишон дода шудааст.
Риояи принсипҳои қонуният, эҳтимолияти бегуноҳӣ, баробарӣ дар назди қонун, ошкоро будани муҳокимаи судӣ, таъмини мурофиаҳои то судӣ ва ғайрисудии ҳалли баҳсҳо ва ғайра барои судяҳо ҳамчун меъёри ҳатмӣ, роҳнамо барои татбиқи дурусти қонунҳо мебошад.
Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба холисона, беғараз ва боадолатона қабул кардани амру қарор ва ҳалномаҳои судӣ мусоидат менамоянд. Ин масъулияти азим бар зиммаи судҳо вогузор мебошад. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон мақомот ва ё муассисаи давлатӣ ҳуқуқи ба амал баровардани адолати судиро надорад. Танҳо ҳокимияти судӣ ва дар симои он судяҳо чунин ҳуқуқро доранд. Зинаҳои судӣ аз рўи салоҳияташон ба ду навъ ҷудо мешаванд: судҳои салоҳияташон умумӣ ва махсус. Ба судҳои салоҳияташон умумӣ он судҳое дохил мешаванд, ки тамоми намуди парвандаҳоро метавонанд баррасӣ намоянд. Ба судҳои салоҳияташон умумӣ Суди Олӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоятӣ, Суди шаҳри Душанбе ва судҳои шаҳриву ноҳиявӣ дохил мешаванд. Судҳои номбурда мувофиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оилавӣ, хоҷагӣ ва инчунин парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намоянд.
Ба судҳои салоҳияташон махсус судҳое дохил мешаванд, ки танҳо парвандаҳоро дар доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ баррасӣ менамоянд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди ҳарбӣ, Суди иқтисодии ВМКБ, суди иқтисодии вилоятҳо ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз ин қабил судҳоянд.
Чӣ тавре аз мазмуни қисми якуми моддаи 84-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳокимияти судӣ дар симои судяҳо ифода меёбад. Судя шахси расмии мансабдори давлатӣ буда, адолати судиро ба амал мебарорад. Барои ҳамин ҳам нисбат ба вазифаи судя талабот хеле ҷиддӣ ва ҳатмист.
Воқеан, дар асоси талаботи Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ ҳангоми таъин ва интихоби судяҳо ба маҳорату малакаи касбӣ, маърифати баланди ахлоқӣ, одоби муошират, адлу инсоф, беғаразӣ, ҳисси баланди эҳтиром ба халқу Ватан, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори хоса дода мешавад.
Фатҳуддинзода Фирдавсӣ Вайсиддин, корманди Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе