Ҳамрои ҷавон ҳанӯз овони мактабхонӣ касби ояндаашро интихоб намуда буд. Баъди хатми мактаби миёнаи №53-и шаҳри Панҷакент барои амалӣ гаштани орзуяш ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил гардид.
Соли 1998 баъди хатми донишгоҳ давоми як сол дар интернатураи Донишкадаи такмили ихтисоси коркунони соҳаи тиб таҳти роҳбарии мудири кафедра профессор Олим Қосимов таҳсил намуд. Минбаъд фаъолияташро дар Маркази шаҳрии бемориҳои пӯсту зуҳравии шаҳри Душанбе идома дод. Давоми фаъолият дар ин ҷо таҷрибаи бой андӯхта, маҳорати касбии худро сайқал бахшид.
Мавсуф собиқаи 18-солаи корӣ дошта, асосан ба муолиҷаи бемориҳои пӯсту зуҳравӣ машғул аст. Доир ба сабабҳои пайдоиши ин беморӣ ва роҳҳои пешгирию муолиҷаи он бо ин ҷавони ҳалим, духтури дараҷаи тахассуси олӣ Ҳамро Раззоқов ҳамсуҳбат гаштем.
- Бемориҳои пӯст таърихи хеле тӯлонӣ дошта, дар тибби қадим низ маълум будааст, — мегӯяд Ҳамро Раззоқов. Дар китоби машҳури «Ал-Қонун» -и Абӯалӣ ибни Сино он бо номи «Барас» ёдрас шудааст. Бемориҳои пӯст маъмулан шукуфа, қубоъ (зардзахм), невродермит ва ғайра мебошанд.
Ҳоло низ ин бемориҳо ҷараёни музмину авҷгир доранд. Сабабҳои пайдоиши бемориҳои пӯст гуногунанд.
Риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, истеъмоли ғизоҳои пастсифат, сустшавии масунияти бадан ва ғайра боиси гирифторӣ ба чунин бемориҳо шуда метавонанд. Бемориҳои пӯст муолиҷашавандаанд, аммо табобати он тӯлонӣ мебошад.
Ҳоло илми тиб рӯ ба инкишоф дорад. Ихтирооти илмӣ дар ин соҳа зиёд буда, барои пешгирӣ ва табобати бемориҳо кумак мерасонанд…
Номбурда давоми фаъолият барои табобати беморон аз усулҳои ҷадид ва дастовардҳои илмӣ истифода мебарад. Баробари такмили ихтисос ба корҳои илмӣ низ машғул аст ва дар ин ҷода низ муваффақ шудааст. Дар асоси таҷриба ва омӯзиш дар маҷаллаи илмӣ — амалии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон дар мавзӯи «Пигментин ҳангоми табобати бемории витилиго» мақола ба табъ расонд.
Дар ин самт, бо ихтироъ намудани маҳлули «Витиш» ба сифати доруи гиперпигменткунанда ҳангоми сафедпӯстӣ (витилого) соҳиби гувоҳнома ва нахустпатент (№ TJ 403 аз 30 сентябри соли 2010) гардид.
Бо қаноатмандӣ аз он ҳарф мезанад, ки ба соҳаи тандурустӣ Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.
- Мо, кормандони соҳаи тибро лозим аст, ки таҷрибаю дониши худро ба ҳифзи саломатии ҳамватанонамон равона намоем. Худро хушбахт меҳисобем вақте ки беморон шифо ёфта, ба мо миннатдорӣ баён мекунанд, — мегӯяд Ҳамро Раззоқов.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»