Гардиши савдои хориҷӣ коҳиш ёфт
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода гуфт, ки соли гузашта бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи таъсис ёфт. Дар доираи фаъолияти гурӯҳ аз ҷониби вазорат лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» таҳия гардида, 5 феврали соли 2015 таҳти №50 тасдиқ карда шуд.
- Дар ин давра Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии ҷумҳурӣ ба 48,4 миллиард сомонӣ ва рушди воқеии он ба шаш фоиз баробар гардид. Рушди мусбати иқтисоди ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 21,2 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 11,2 фоиз, гардиши савдои чакана 5,5 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 3,2 фоиз таъмин шуд. Ҳиссаи истеҳсоли молҳо дар сохтори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 46,5 фоиз, хизматрасониҳо 41,2 фоиз ва андозҳо 12,3 фоизро ташкил дод, — афзуд Неъматулло Ҳикматуллозода.
Бино ба гуфти вазир, гардиши савдои хориҷӣ ба 4325,5 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли 2014-ум 18 фоиз кам аст. Дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба маблағи 890,6 милллион доллари ИМА мол содирот шуд, ки нисбат ба як соли пеш 8,9 фоиз кам мебошад. Воридот бошад, 3434,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса ба соли 2014-ум 20,1 фоиз коҳиш ёфт.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Ҳаштод дарсад баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд
Аз фишурдаи гузориши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода маълум гардид, ки фаъолияти кумита дар соли 2015 гуногунсамт буд.
Аз ҷумла санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолият маҳсуб меёфт. Санҷишҳои гурӯҳи кории Кумита бо намояндагони прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба номгузории 78 нуқтаи савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, эълону рекламаи ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ нишон дод, ки дар аксар ҳолат меъёри қоидаҳои имло ва муқаррароти қонуни зикргардида дуруст риоя намешавад. Ҳамчунин матни деворнигораҳои ҶСК «Сементи Тоҷик» низ мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор гирифт ва аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдори ноҳияи Исмоили Сомонӣ мактуб ирсол гардид.
Дар семоҳаи охири соли 2015 вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забони давлатӣ дар 21 донишгоҳу донишкадаи пойтахти мамлакат санҷида шуд. Санҷиш нишон дод, ки дар ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омӯзиши забони давлатӣ аз 140 соат то ба 64 соат кам шудааст, ки ин, албатта, барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён кифоя нест.
Дар доираи ин санҷиш дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе аз 473 нафар диктант гирифта шуд ва 80 фоизи донишҷӯён баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд. Ин баёнгари он аст, ки назорати татбиқи қонуни мазкур аз ҷониби роҳбарони муассисаҳо ҷавобгӯи талабот нест.
Санҷишҳои анҷомдодаи гурӯҳи кории Кумита дар ширкатҳои мобилӣ – «Тселл», «Вавилон мобайл», «ТК-Мобайл», «Билайн», «Мегафон» ва ғайра нишон дод, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби роҳбарияти ширкатҳои мазкур таҳия ва тасдиқ нагардида, коргузорӣ ба забони давлатӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Дар навиштаҳо, шиору овезаҳо, деворнигораҳо ва варақаҳои иттилоотии ширкатҳои мобилӣ ғалатҳои имлоӣ, мантиқӣ ва техникӣ мушоҳида мешаванд, истилоҳоти соҳавӣ бошад, аз забонҳои ғайр зиёд истифода гардидааст.
Зикр шуд, ки соли гузашта дар Кумита 53 мавод аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва танзими истилоҳот ва дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот даҳ фарҳангнома дар соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ, тиб, тарроҳӣ, кишоварзӣ, энергетика, техникӣ, нассоҷӣ ва геология, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Воридоти сармояи хориҷӣ афзуд
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим иттилоъ дод, ки маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар кишвар то якуми январи соли равон аз 63 адад ва маблағи умумии 19 миллиард сомонӣ иборат мебошанд.
Бино ба гуфти номбурда, соли гузашта дар доираи лоиҳаҳои зикршуда беш аз 3 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 1,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Зикр гардид, ки воридоти умумии сармояи хориҷӣ дар соли 2015-ум 7,6 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли пеш 533 миллион сомонӣ зиёд аст.
Қодири Қосим ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта саҳмияҳои чор ҷамъияти саҳомии кушода тариқи музояда ва тендерҳои сармоягузорӣ фурӯхта шуданд. Аз ҷумла ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» тибқи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ тавассути тендери байналмилалӣ фурӯхта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 34,4 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид гардид.
Изҳор шуд, ки дар ин давра аз ҷониби бонкҳои давлативу саҳомӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ 12235,9 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Бо мақсади дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгириии соҳибкорӣ» аз ҳисоби буҷет 70 миллион сомонӣ ва бо қарори Шӯрои нозирони муассиса ба 21 субъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 36,2 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Ноуҳдабароии ҳафт шаҳру ноҳия дар иҷрои буҷет
Соли 2015 суръати рушди воқеии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ нисбат ба соли 2014 0,7 банди фоиз коҳиш ёфта, ҳаҷми номиналии ММД ба 48,4 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба дурнамо 4,4 млрд сомонӣ кам ва нисбат ба соли 2014-ум 2,3 млрд. сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон.
Дар давраи мавриди назар аз Буҷети давлатӣ барои дастгирии қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ ба маблағи 800,6 млн. сомонӣ ё 99,0 фоизи нақша субвенсия ҷудо шудааст.
Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба корхонаҳои азими ҷумҳурӣ – 273,4 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон – 133,6 млн. сомонӣ, вилояти Суғд – 133,4 млн. сомонӣ, шаҳри Душанбе – 58,3 млн. сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 53,8 млн. сомонӣ рост меояд.
Зикр шуд, ки қарзи нисбатан калони андоз ба ШСХК «Барқи Тоҷик» тааллуқ дошта, ба ҳолати 1 декабри соли 2015-ум 142,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки вазни қиёсии он дар ҳаҷми умумии бақияпулиҳои андоз ба 21,8 фоиз баробар мебошад.
Масъулин аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ҳафт шаҳру ноҳия иҷрои қисми даромади буҷетро аз рӯи сарчашмаҳои даромади дохилӣ таъмин карда натавонистанд ва аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи 24,4 млн. сомонӣ ворид нагардид. Аз ҷумла шаҳри Ваҳдат ба маблағи 8,0 млн. сомонӣ, шаҳри Турсунзода – 862,0 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ҳисор – 4,1 млн. сомонӣ, шаҳри Исфара ба маблағи 5,3 млн. сомонӣ, шаҳри Истаравшан – 558,0 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Зафаробод – 802,0 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Ҷаббор Расулов – 4,5 млн. сомонӣ.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».
Нақши занон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ назаррас аст
- То 1 январи соли 2015 аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ, ки 18902 нафарро ташкил медиҳанд, 4226 нафар ё 22,3 фоизашон зан мебошанд. Дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 2659 нафар ё 23 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда 479 нафар ё 15,9 фоиз, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 972 нафар ё 26,1 фоиз, аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 306 нафар ё 21,1 фоиз, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 595 нафар ё 16,2 фоиз, аз инҳо кадрҳои роҳбарикунанда 254 нафар ё 21,2 фоиз занон фаъолият доранд, — иттилоъ дод раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо ба хабарнигорон.
Такмили қонунгузорӣ вобаста ба ҷорӣ намудани ташхиси пешазникоҳии издивоҷкунандагон барои пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд натиҷаҳои самарабахш дода истодааст. Чунончӣ, бекор кардани ақди никоҳ дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 8356 ҳолатро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта 776 ҳолат кам аст.
Соли 2015 ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 83 нафар хаттӣ ва 1708 нафар шифоҳӣ муроҷиат кардаанд.
Аз нимсолаи дуюми соли 2015 дар Кумита дафтари кории равоншинос ва телефони боварӣ фаъолият мекунад. То ба имрӯз 64 нафар аз ҷониби равоншиносон қабул карда шудаанд. Ба воситаи телефони боварӣ 18 нафар, ба марказҳои иттилоотӣ — машваратии шаҳру ноҳияҳо 8841 нафар муроҷиат намудаанд.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум».
Муҷозот барои амалҳои коррупсионӣ
Муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхон Қодириён дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки соли 2015 аз ҷониби мутахассисони Агентӣ 979 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, 285 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Дар натиҷаи чораҷӯӣ 936 нафар шахси масъул барои камбудиҳои содиркарда ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифта, 63 нафар аз вазифа озод шуданд.
Камбудию норасоиҳои зиёди молиявӣ, хусусан дар вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, корҳои дохилӣ, мудофиа, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, агентиҳои захираҳои моддии давлатӣ, таъминоти амволи махсус ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ошкор гардиданд.
Дар ин давра тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии ҳашт Маркази идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба анҷом расид, ки дар маҷмӯъ 28,0 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва аз он 7,3 млн. сомонӣ ба буҷет ва марказҳо барқарор шуд. Зимни гузаронидани тафтишу санҷишҳои нақшавӣ ва дархостҳои асосноки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти молиявию хоҷагии 65 ҷамъияти саҳомӣ ва ширкату корхонаҳои хусусӣ мавриди тафтишу санҷиш қарор гирифт ва 66 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Аз маблағи умумии ошкоргардида 37,0 млн. сомонӣ барқарор шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони воҳиди пешгирии коррупсия 1032 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуд. Нисбат ба шахсоне, ки талаботи қонунро вайрон намудаанд, ба маблағи 828,0 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид, ки аз ин ҳисоб 810,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.
Дар натиҷаи баррасии пешниҳодҳои мазкур 165 нафар аз вазифа озод ва нисбат ба 1073 муҷозоти интизомӣ татбиқ гардид.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»
Таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар Қайроққум
Раиси шаҳри Қайроққум Матлуба Амонзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки давоми соли 2015 ба буҷет 80 млн. 559,6 ҳазор сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гардид, ки 107,4 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.
Нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 107,4 фоиз иҷро шуд ва зиёда аз нақша 1 млн. 667,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.
Номбурда афзуд,ки давоми соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиарду 149 миллиону 79 ҳазору 600 сомонӣ расонида шуд. Аз 29 корхонаи саноатии шаҳр 20 ададаш афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0 то ба 219,9 фоиз таъмин намуданд.
Соли гузашта ҳашт корхонаи нави саноатӣ ва як корхонае, ки муваққатан аз фаъолият бозмонда буд, фаъол гардонида шуданд. Ба ин восита дар соҳаи саноат 108 ҷойи нави кори доимӣ таъсис дода шуд.
Давоми соли гузашта дар шаҳри Қайроққум шаш маркази таълимӣ — касбомӯзии атласу адрасбофӣ таъсис ёфт, ки дар онҳо 120 нафар зану духтари хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Бино ба гуфти Матлуба Амонзода, баҳри таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, кушодани гурӯҳҳои нав дар муассисаҳои томактабӣ, муҷаҳҳаз гардонидани майдончаҳои варзишӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон, дастгирии моддии кӯдакони ятиму бепарастор ва камбизоат аз буҷет як миллиону 610 ҳазору 805 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар муассисаҳои томактабӣ чор гурӯҳи иловагӣ ташкил ва як муассисаи ғайридавлатии томактабӣ барои 240 ҷойи қабул ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ, барои рушди муассисаҳои томактабӣ 184 ҳазору 955 сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо гардидааст.
А. Салимзода, «Садои мардум»
Ҳисор. Маҳаллаи Сино аз соли 1998 об надорад
- Соли 2015 барои сокинони ноҳияи Ҳисор соли таърихӣ буд. Дар ин сол ҷашни 3000 — солагии Ҳисор таҷлил гардид, ки ба шарофати он шаҳраки Ҳисор ба худ симои наву замонавӣ гирифт. Қалъаи Ҳисор ва атрофи он навсозӣ карда шуд. То рӯзи баргузории ҷашн (27 октябри соли 2015) 255 иншоот мавриди истифода қарор гирифт,- гуфт дар нишасти матбуотӣ муовини раиси ноҳияи Ҳисор Ҳафтандил Азимов.
Бино ба иттилои номбурда, дар ин давра дар деҳаи Даҳбеди деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода корхонаи дӯзандагии «Шарофат», дар деҳаи Афғонободи деҳоти «Сомон» сехи дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифта, даҳҳо нафар духтарону занони ин деҳот бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Корхонаи истеҳсоли хишти пухтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корвони аср», ки бо технологияи муосир таҷҳизонида шудааст, дар шаҳраки Шарора ба истифода дода шуд. Истеҳсоли солонаи хишт дар ин корхона ба зиёда аз 30 миллион дона расид ва арзиши як дона хишт аз 80 дирам то ба 32 дирам паст гардид.
Фаъолияти бонкҳо низ ба раванди рушди иқтисодиёт таъсир расонид. Аз тарафи филиалҳои бонкҳои дар ноҳия фаъолиятдошта соли 2015 ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла корхонаҳо 5,5 миллион сомонӣ ба аҳолӣ 17,6 миллион сомонӣ, барои тиҷорат 40,3 миллион сомонӣ, қарзҳои истеъмолӣ 9,2 миллион сомонӣ ва ба дигар соҳаҳо шаш миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Муовини раиси ноҳия зимни таҳлили натиҷаҳои фаъолияти кишоварзон афзуд, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаклҳои хоҷагидорӣ 100,7 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ 104,9 фоиз иҷро шудааст. Дар ноҳия бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 таҳти №701 «Дар бораи ташкил намудани комплексҳои чорвои хушзоти ширдеҳ ва гӯштӣ», чораҳои амалӣ андешида шуданд. Аз ҷумла комплексҳои ширию молии ҶДММ «Баракати чорводор» барои 1584 сар гови дӯшо, ҶДММ «Хоҷагии ба номи Абдурауф Юсупов» барои 360 сар гови дӯшо сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. ҳар рӯз зиёда аз 22 тонна шир ба корхонаҳои коркарди шири пойтахт фиристода мешавад.
Тибқи гуфтаҳои муовини раиси ноҳия ва маълумотномаи муфассали ба хабарнигорон пешниҳодшуда, дар соҳаҳои тиб, маориф, фарҳанг низ нишондиҳандаҳо назаррасанд.
Зимни саволу ҷавоб масъалаи бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои корами хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Ориён» ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Сумбула, Куҳнабои боло ва поёни деҳоти «Ҳисор», ки дарёи Кофарниҳон ҳамагӣ 100 метр дуртар аз ин деҳаҳо ҷорист, матраҳ шуд. Хабарнигорон, ҳамчунин изҳори ташвиш намуданд, ки беш аз 15 ҳазор сокини шаҳраки Шарора, аз ҷумла хонаҳои баландошёнаи маҳаллаҳои Домуллоҷонов ва Сино аз соли 1998 оби тозаи ошомиданӣ надоранд. Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ки дар мавзеъҳои номбурда то оғози кишту кори баҳорӣ камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда мешаванд, вале ба савол бобати он ки шаҳраки Шарора кай бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мешавад, ҷавоби қаноатбахш дода натавонистанд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»