Файзобод аз ҷумлаи он минтақаҳои кишвар мебошад, ки дар он имкони рушди соҳаи боғдорӣ ва афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот зиёд аст. Ин имконот чӣ тавр истифода мешавад?
Барои ба ин савол посух гирифтан бо муовини якуми раиси ноҳия Акрамзода Зиёратшо Акрам ҳамсуҳбат шудем.
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин масъала низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, чунин таъкид намуданд: «Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 — уми августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2014» дар майдони 50000 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, барнома барзиёд иҷро карда шуд ва бо ҳамин роҳ беш аз 100 ҳазор ҷойи кори нав муҳайё гардид. Бо мақсади идома бахшидани ин раванд, аз ҷониби Ҳукумат «Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020» қабул гардид, ки тибқи он дар панҷ соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст».
- Вобаста ба ин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои зиёд анҷом меёбанд, — иброз намуд З. Акрамзода.
Ҳамсуҳбатам афзуд, ки тибқи барномаи зикршуда то соли 2020 дар ноҳия 4000 гектар боғи нав бунёд мешавад. Дар посухи саволи мо роҷеъ ба дастрасӣ ба ниҳоли дарахтони мевадиҳанда Акрамзода Зиёратшо Акрам гуфт, ки як қисми ниҳолҳоро аз филиали Институти боғпарварии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳия мавҷуд аст, мегирем. Ҳамзамон аз ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор ниҳол дастрас мешавад.
Соли сипаришуда дар деҳоти «Қалъаи Дашт» як гектар боғи интенсивӣ бунёд шуд. Дарахтони ин боғ нисбатан серҳосиланд. Соли ҷорӣ дар деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев низ дар се гектар боғ бунёд мешавад.
Солҳои пеш пахтасеби Файзобод машҳур буд ва дар бозорҳо харидори зиёд дошт. Аммо солҳои охир ин навъи себ, қариб ки аз байн рафтааст.
- Айни ҳол дар филиали Институти боғпарварии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҷагиҳои алоҳидаи инфиродӣ ниҳоли пахтасеб парвариш меёбад ва умед аст, ки солҳои наздик он зиёд мегардад, — меафзояд ҳамсуҳбатам.
Бо рушди соҳаи боғдорӣ дар ноҳия ва афзоиши истеҳсоли маҳсулот метавон корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулотро ташкил ва фаъолияти онҳоро васеъ ба роҳ монд.
- Барои ташкили корхонаҳои коркарди мева мо ба соҳибкорон муроҷиат кардам. Хоҳишмандон пайдо шудаанд, ки чунин коргоҳҳоро бунёд карда, истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро аз меваҳои хушлаззат ба роҳ монанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошем, — гуфт дар хатми суҳбат Акрамзода Зиёратшо Акрам.
К. Бурҳониддин, «Садои мардум»