(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Дар мулоқот оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Нидерланд мубодилаи афкор сурат гирифт.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70 — солагии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот орост. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню — Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуд.
Дар мулоқот доир ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
28 сентябр дар қароргоҳи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо муовини дабири кулл, маъмури Барномаи Рушди СММ Ҳелен Кларк мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Дар қароргоҳи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти гуногунҷанбаи кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ, ки ба рушди дарозмуддати онҳо халал ворид менамоянд, ҳарф зада, аз камбизоатӣ ва нобаробарӣ, иқтидорҳои ғайримутаносиби саноатӣ, инфрасохтори заиф, ҳиссаи зиёди ашёи хом дар содирот, таъмини нокифояи аҳолӣ бо қувваи барқ ва бо кор пурра таъмин набудани ҷавонон ҳамчун мушкилоти калидии кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ изҳори нигаронӣ кард.
Дар қароргоҳи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд генерал Праут Чан Оча мулоқот дошт.
Ҷонибҳо аз муносибатҳои гарму самимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати татбиқи босамари санадҳои муҳими ҳамкориро, ки моҳи майи соли 2013 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи августи соли 2013 дар Душанбе ҳангоми сафари расмии Сарвазири Таиланд доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид карданд.
29 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню — Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуд.
Сардори давлат аз нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгаройӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ ёдовар шуд.
(Давом дорад)
Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин