Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№27 - 28 (35 07 - 3508) 02.03.2016

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

 29-Профессори Донишгохи Уфа (2)Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масоили об пешниҳод намуд, ки «услубҳои то ба имрӯз истифодашавандаи идоракунии захираҳои об ва истифодаи онро таҷдиди назар намудан лозим аст, то мутобиқкунии он на танҳо бо дарназардошти омили иқлим, балки афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт дар дунё, инчунин камбуди захираҳои оби ошомиданӣ таъмин гардад».

Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти зарурати омода намудани заминаҳои нав ҷиҳати тақвият ва тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳама сатҳ пешниҳод намуд, ки имконияти эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии об, ки ҳадафи он мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор аст, баррасӣ гардад ва изҳори итминон намуд, ки ин пешниҳод мавриди дастгирӣ ва таъйиди кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор хоҳад гирифт.

Нимаи дуюми 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню — Йорки ИМА, ҳамчунин дар муколамаи интер­активии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим», ки дар Созмони Милали Муттаҳид ороста шуд, иштирок ва аввалин шуда суханронӣ намуд.

Нимаи дуюми 29 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню — Йорки ИМА дар чорабинии сатҳи баланди СММ «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором» иштирок ва суханронӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди таҳияву ҳамоҳангсозии рӯзномаи рушди глобалӣ барои давраи баъд аз соли 2015 ба муколамаи умумиҷаҳонӣ махсус қайд намуда, ёдовар шуд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила машваратҳои миллиеро доир намуд, ки ҳадафи онҳо инъикоси ормонҳои табақаҳои васеи аҳолии кишвар нисбат ба ояндаашон буд.

16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Бурабой, воқеъ дар вилояти Акмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ҷаласаи сарони кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаҳои санадҳои танзимкунандаи ҳамкориҳо дар бахшҳои муҳоҷират, таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ, 30 — юмин солгарди садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» ва ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, буҳрони иқтисодию молиявӣ, мураккаб гардидани муноқишаҳои минтақавӣ мо имкон дорем дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои мубрам ва роҳҳои ҳалли мушкилот дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намоем.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз қувваи нав пайдо кардани гурӯҳҳои экстремистӣ, гаравидани ҷавонон ба сафи онҳо, истифодаи дини мубини ислом барои ҳадафҳои нопок аз ҷониби террористон, амалҳои фоҷиабору мудҳиши давлати ба ном исломӣ, нооромӣ дар назди сарҳади кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори нигаронӣ карда, сарони давлатҳоро барои қабули қарорҳои қатъӣ дар мубориза бо ин зуҳурот даъват намуд.

11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ташриф овард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Ҷойи таъкид аст, ки ҷараёни маросими истиқболи расмӣ ба воситаи бисёр шабакаҳои телевизионии Покистон ба таври мустақим намоиш дода шуд. Рафти омодагӣ ба ин сафар ва ҷараёни он дар воситаҳои ахбори оммаи Покистон хеле васеъ инъикос гардид.

Масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз ва зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, дифоъ, амният, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Муҳаммад Навоз Шариф дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: «Ташрифи Шумо боиси хушҳолӣ ва сарфарозии мост. Шумо Покистонро метавонед хонаи дуюми худ шуморед, ҳамон гуна, ки мо Тоҷикистонро хонаи дуюми худ медонем. Ташрифи Шумо имкони дигаре барои таҳким ва густариши бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ аст».

Ба гуфти Навоз Шариф: «Покистон ҷонибдор аст, ки дарвозаи Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрии ҷануб кушода бошад».

 

(Давом дорад)

 Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин