Дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Ғончӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбег Расулов Лутфулло Саидмуродов ва Саттор Холов дар деҳотҳои Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ва Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ баргузор шуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин вохӯриҳо даставвал дар бораи фаъолияти имсолаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, сипас баён доштанд, ки Паёми имсола чун Паёмҳои пешина, пешрафту тараққии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта, хусусан дар он суръати афзоиши солонаи иқтисодӣ, Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, вусъати минбаъдаи корҳои ободонию созандагӣ, рушду нумуи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии хоҷагии халқ, тараққиву пешрафти деҳот, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ доир ба дастгирию инкишофи бахши хусусӣ дар сатҳи идоракунии маҳаллӣ, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, тарбияи шахсияти худогоҳу худшиносу ватандӯст ва ҷавонони солим, риояву татбиқи ҳатмии қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавқеи асосиро ишғол менамоянд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони ҳавзаҳои интихоботии Истаравшан ва Ғончӣ — сокинони деҳотҳои Ниҷонӣ, Сабристон, Қалъачаи Калон, Чорбоғ, Нофароҷ, Зарҳалол, Пошкент, Қалъаи Баланд, кормандони беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан, Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ва деҳоти Ғазантарак, Басманда, Қалъаи Дӯст, Метк, Қалъаи Мирзобой, Овчӣ, муассисаҳои таълимию табобатии ноҳияи Ғончӣ, деҳотҳои Шаҳристон ва Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон ва ғайра мулоқотҳо доир карданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»