14 марти соли 2016 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Того дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оуро Сама Муҳаммад Саъдро ба ҳузур пазируфт.
Олим Салимзода доир ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони 40 давлати ҷаҳон робита дорад.
Барқарор намудани робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Того заминаи ҳуқуқӣ ва имконият фароҳам меорад, ки ҳамкориҳои судманд миёни ҳар ду давлат густариш ёбанд. Кишоварзӣ дар ҳар ду кишвар аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Дар ин бахш ва дигар соҳаҳо низ имкон дорем, ҳамкориҳои бештаре дошта бошем.
Аз он ифтихормандем, ки шахси маъруфу шинохтаи тоҷик Ҷаббор Расулов чанд сол Сафири фавқулода ва мухтори Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Того буд.
Боварӣ дорем, ки ҳамкорӣ ва робита миёни парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Ҷумҳурии Того минбаъд тақвият хоҳад ёфт.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Того Оуро Сама Муҳаммад Саъд миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт, ки ӯро ҳамчун нахустин намояндаи дипломатии Ҷумҳурии Того қабул намуд.
Сафир зикр кард, ки парлумони Ҷумҳурии Того аз як палата иборат буда (палатаи Маҷлиси миллӣ), 82 намоянда дорад. Дар оянда парлумони Ҷумҳурии Того низ парлумони дупалатагӣ таъсис доданист. Бинобар ин, барои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни кишварҳоямон шароит мавҷуд аст ва аз он бояд босамару манфиатовар истифода барем.
- Ҳамчун собиқ вакили парлумони Ҷумҳурии Того кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дар густариши робитаҳои парлумонии кишварҳоямон саҳм дошта бошам, — афзуд ӯ.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ