Суҳбати Президенти мамлакат бо роҳбарияти ОИР «ТАСС»

№36 (3516) 17.03.2016

DSC_300814 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ОИР «ТАСС» Сергей Михайлов ва муовини якуми ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир изҳори ақида карда, зикр намуд, ки воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори умум ва идора кардани он нақши калидӣ дорад, бинобар ин, тамоми чорабиниҳоеро, ки ба ҳамкорӣ дар ин самт нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.

Вобаста ба воқеаҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза, дар Шарқи Наздик, хусусан дар наздикии сарҳади ҷанубии ИДМ, рух медиҳанд, ҳамкории самарабахши воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои мо дар самти муқовимат ба тарғиботи таҳрифкоронаи қувваҳои терроризми ҷаҳонӣ ва ифротгаройии диниву мазҳабӣ ниҳоят муҳим аст.

Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои гуногун, аз қабили муносиботи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия, нақши Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мавзӯъҳои ҷолиб табодули афкор сурат гирифт.

www.president.tj