Ҳадяи наврӯзӣ ба маъюби гурӯҳи якум

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

Тақдир ҳамин будааст, ки Салоҳиддин аз модар маъюб ба дунё омад. Вале ҳеҷ гоҳ иродаи қавию рӯҳи тавонои ӯро ин дарду ранҷурӣ шикаста натавонист. Бо иродаи тавоно, боварӣ ба фардои нек, кумаку дастгирии наздикону шахсони некхоҳ Салоҳиддин ба камол расид, оиладор шуд ва ҳоло соҳиби ду фарзанди дӯстрӯй аст.

Табиист, ки шахсони маъюбу маҷрӯҳ дар зиндагӣ хоҳу нохоҳ ба кумаку дастгирии афроди солиму некандеш ниёз доранд. Аз ин рӯ, вақте ба хотири соҳиби замину хонаю дари обод шудан ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муроҷиат намуд, бовар дошт, ки татбиқкунандагони сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии шахсони барҷомондаю муҳтоҷу маъюб дар маҳалҳо ӯро кумаку ёрӣ мерасонанд. Раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло вақте фаҳмид, ки маъюби гурӯҳи якум Салоҳиддин Саидов тавассути аробачаи маъюбӣ ба қабули ӯ омадааст, ба эҳтироми ӯ ба саҳни бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баромада, арзашро шунид. Фаҳмид, ки ин шахси маъюбро тақдири имрӯзу фардои  зану фарзандаш ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, Убайдуллои Файзулло дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев барои Салоҳиддину аҳли оилааш замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуд. Ҳамчунин, зимни мулоқот ваъда дод, ки дар бунёди хонаи истиқоматӣ ба ӯ кумак менамояд.

Инак, дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай орзуи деринаи Салоҳиддину аҳли оилааш ҷомаи амал пӯшид. Дар замини ҷудогардида бо кӯмаку дастгирии раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, раиси Ҷамоати шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев Абдулло Раҷабов, раиси маҳаллаи Сомониён Ашӯр Соҳибов ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар фурсати хеле кӯтоҳ манзили истиқоматии зебою барҳаво бунёд ёфт. Муовини якуми раиси ноҳия Рустам Акрамзода калиди хонаи навбунёди истиқоматиро ба Салоҳиддин Саидов тақдим намуда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ шахсони маъюбу муҳтоҷу ниёзмандро аз мадди назар дур намемонад. Дар ин рӯзи зебои баҳорон соҳиби хонаи ободу манзили алоҳидаи зист гардидани Салоҳиддин Саидов исботи ин гуфтаҳост.

Давлат СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»