Бахшида ба 68-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ҷанги хунину бераҳмона буд

№55 (3040) 08.05.2013

Ҳангоми гирифтани номи шаҳри Сталинград (Волгоград) пеши чашми мо задухӯрдҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамониҳои  ҷанговарони советӣ, шикасти армияи Германияи фашистӣ, ибтидои ҳуҷуми ғалабаовари Армияи Советӣ ҷилвагар мешавад.

Моҳи августи соли 1982 дар шаҳри Волгоград конференсияи Иттифоқи журналистони СССР доир гардид ва маро иттифоқ афтод, ки дар кори он иштирок намоям. Тӯли як ҳафта мо иштирокчиёни  конференсия  имкон доштем, ки бо ҷойҳои таърихӣ  шинос шавем. Чанд лаҳзае, ки манзури хонанда мегардад, хотирае аз он мушоҳидаҳост.

 

Майдони сарбоз

Дар бораи муборизаи қаҳрамононаи Армияи Советӣ баҳри ҳифзи Сталинград зиёд хондаем ва шунидаем. Метавон гуфт, ки барои ҳифзи ҳар ваҷаб хоки он ҷанговарони советӣ, ки иборат аз халқу миллатҳои гуногун буданд, хун рехтаанд. Ба хотири шаҳидон дар шаҳр ва атрофи он ёдгориҳои зиёде сохта шудааст. Яке аз онҳо «Майдони сарбоз» ном дорад. Майдони сарбоз (Солдатское поле) дар шафати шоҳроҳи Москва -Волгоград воқеъ буда, масоҳати он 120 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо диққати ҳар  бинандаро даставвал ҳайкали духтараки гул ба даст, ки сӯйи Ғарб- майдони муҳориба менигарад, ҷалб месозад. Ҳар каси ба ин ҷо омада ҳатман ба ин ҳайкал таваҷҷуҳ мекунад. Албатта, навиштаҷоти зери онро мехонад, ки дар зери пояи ҳайкал кандакорӣ шудааст:

«Чашмсиёҳаки азизи ман!  Худ тасаввур намо: муҳориба идома дорад, дар  атроф снарядҳо метарканд, ҳама ҷо харобу валангор. Ва дар ин ҷо гулбутта мерӯяд. Ва боз таркиши навбатӣ. Гулбутта канда шуд. Ман онро бардошта, ба кисаи  гимнастёркаам ҷой кардам. Гул сӯйи офтоб майл кард, аммо  мавҷи таркиш моро дур партофт. Ман агар онро  намебардоштам, албатта, зери по мешуд, азизакам!

Падарат Дима то қатраи охирини хун, то дами вопасин меҷангад, то ки онҳо бо ту чун ин гулбутта рафтор карда  натавонанд. Он чӣ ки ба ту нофаҳмост, модарат мефаҳмонад. Мактуби майори гвардия Д.А.Петраков ба  духтараш, 18.09.1942». Чунин аст, матни он мактуб. Баъди хондани он кас беихтиёр лаҳзае сукут меварзад. Ин як лаҳзаи хомӯшӣ барои поси  хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст.

Каме дуртар аз ҳайкал дар назди порчаҳои снаряд дарахти сӯхта воқеъ аст. Ин, албатта, маънои рамзӣ дорад. Аммо он тасвири воқеии муҳорибаҳои шадиди он солҳост. Ҳангоми задухӯрдҳо ба ҳар ваҷаб хоки он даҳҳо бомбаю снаряд рехтааст.

Ин майдонро, ки ҳоло  киштзор аст, фашистон пеш аз  ақибнишинӣ, минакорӣ карда, фирор намудаанд. Баъди аз мина тоза кардан дар ин майдон аввалин бор (соли 1976) ғалла кишт карда шуд. Дар маъракаи шудгор ва кишти ғалла намояндагони тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои сотсиалистӣ иштирок доштанд. Ҳосили аввалинро  собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғундоштанд. «Майдони сарбоз» ва дигар  ёдгориҳои ҷангӣ дар ҳудуди хоҷагии имрӯзаи ба номи «Армияи 62-юм» дохиланд.

 

Баландии 102,0

Ин ном шояд на ба ҳама маълум бошад. Дар харитаҳои ҷангӣ Қӯрғони Мамай бо чунин рақам ишора мешуд. Номи Қӯрғони Мамай бошад, ба ҳама маълуму машҳур аст. Чаро Қӯрғони Мамай дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таърихӣ шуд?

Агар шумо болои ин Қӯрғон бароед, тамоми шаҳр, соҳилҳои дарёи Волга чун кафи даст намоён мешавад (ҳангоми тамошо  инро мо низ мушоҳида кардем). Дар ин ҷо қисмати шаҳр ҳал мешуд. Кадом гурӯҳи ҷангӣ, ки ин баландии асосиро (Қӯрғони Мамайро баландии асосии Федератсияи Россия меноманд) соҳиб мешуд, дар шаҳр ҳокимӣ мекард. Барои баландии  102.0 ҷанговарони  дивизияҳои гвардияи 102, 10, 13, 284-ум ва ғайра ҷангидаанд. Ҷанговарони советӣ дар хамгаштҳои баландии 102.0 камин гирифта, ҳар рӯз 10- 12 ҳуҷуми  душманро  мегардонданд. Дар ин ҷо дивизияи Н.Ф.Батюк чор моҳ алайҳи душман истодагарӣ кардааст.

Дар яке аз шабҳои сентябри соли 1942  баталёни Михаил Паникаха, ки ба ин дивизия дохил буд, аз дарёи Волга мегузарад. Ва ҳамоно ҷанги нобаробар оғоз мешавад. Танкҳои душман рост ба сӯйи ҷанговарон ҳамла карданд. Паникаха бо сарбозонаш аввал  танки якум, баъд дуюмро зада, аз кор  мебароранд. Аммо панҷ танки дигар ҳамоно ҳуҷум  мекарданд ва имкон  намедоданд, ки ҷанговарон ҳатто аз замин сар боло кунанд. Тирҳои ҷанговарон тамом шуданд.

-Чӣ бояд кард?- аз дил мегузаронданд онҳо. Ногоҳ Паникаха шишаҳои таркандаро ба даст гирифта, сӯйи танкҳои душман раҳсипор мегардад. Аз тири душман яке аз шишаҳо дар дасташ таркида, тамоми бадани ӯро алангаи оташ фаро мегирад. Аммо ӯ худро ба даст гирифта, ба пешвози танки  омадаистода равон мешавад. Шишаи дуюмро ба болои танк ҳаво дода, ҷисми оташбори худро низ зери танк мепартояд…

Ҳамин тавр,  ҷанговарон ҷонфидоёна, содиқона алайҳи  душман меҷангиданд. Шиори «Як қадам ҳам ба қафо намемонем!»- савганди муҳофизони Сталинград буд. Ҳар як қадами ба пеш гузоштаи онҳо қадами каҳрамонӣ буд. Бо чунин қадамҳои қатъию устувор ҷанговарони советӣ то ба Берлин рафтаанд…

Ба хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Қӯрғони  Мамай маҷмааи меъморӣ сохта шудааст. Ба он Майдони мотам, Толори шарафи ҷангӣ, Майдони қаҳрамонон, деворҳои харобаҳо, меъмории «Истодагарӣ то мурдан», пирамидаи  сафедорон, ки паҳлуи Боғи ёдгорӣ саф кашидаанд, дохиланд. Дар он ҷое, ки армияҳои 21-ум ва 62-юм вохӯрдаанд, танк гузошта шудааст.

Қӯрғони Мамай, баландии 102.0. Ана, дар ҳамин баландӣ ба армияи фашистӣ зарбаи ҳалокатовар зада шуд.

 

Қалъаи Павлов

Декабри соли 1942 гитлерчиён аз Сталинград то ба 150- 200 километр дур партофта шуданд. Ҳалқаи  муҳосираи фашистон дар шаҳр торафт тангтар мешуд. 26 январи соли 1943 дар Қӯрғони Мамай ҷанговарони армияи 21-уми И.М.Чистяков бо ҷанговарони армияи 62-юм якҷоя шуданд. Ин лаҳзае буд, ки  ҷанговарон ашки шодӣ мерехтанд.  Фашистҳо, ки дар муҳосира монда буданд, ба ҷуз таслим шудан илоҷи дигаре надоштанд. 31 январи соли 1943 гурӯҳи ҷанубии қӯшунҳои фашистӣ ва худи фелдмаршал Паулюс ба армияи 64-ум таслим шуд.  Паноҳгоҳи охирини  фелдмаршал Паулюс таҳхонаи  универмаги шаҳр буд.

Универмаг дар  маркази шаҳр воқеъ гардидааст. Дар шафати он шуъбаи алоқа, бинои вокзал, меҳмонхонаи «Волгоград», дигар биноҳои маъмурӣ ҷойгиранд. Дар ҳамин ҷо  муҳорибаҳои шадид 200 рӯз идома дошт. Истодагарии армия ва халқи советӣ воқеан ҳам то имрӯз ҳамчун як қаҳрамонии нодир дониста мешавад, зеро то дарёи Волга 300- 400  ва дар баъзе ҷойҳо то 100 метр масофа монда буд. Аммо ба фашистҳо муяссар нагашт, ки қадами шуми худро ба соҳили он  гузоранд.

Барои ҳар кӯча, хона муборизаи шадид  мерафт. Хонаи Павлов ба  кӣ  маълум нест? Хонаи сержант Павлов аз дигар биноҳои шаҳр фарқ  намекард. Аммо он дар  харитаи шахсии фелдмаршал Паулюс ҳамчун қалъа ишора ёфта буд. Ин хонаро якчанд сарбоз бо роҳбарии  сержант Я.Ф.Павлов ва лейтенант И.Ф.Афанасев ба қалъаи  дастнорас табдил дода буданд. Ҷанговарон дар ин хона истодагарӣ намуда, ҳар як ҳуҷуми душманро  мардонавор мегардонданд. Хонаи Павлов дар майдони ба номи «9 январ» ҷойгир аст. Дар паҳлуи хонаи Павлов осиёби куҳнае воқеъ мебошад. Он дар давраи ҷанг вайрон шуда буд ва то ҳол ҳамин хел нигоҳ дошта мешавад.

Тавре ки ҷанговарон дар ин бино 58 рӯз алайҳи душман истодагарӣ намуда буданд, баъди ҷанг бригадаи бинокорони А.Н.Черкасова онро дар муҳлати 58 рӯз барқарор  намуда, барои истифодабарӣ омода сохтанд.

Ин бино дар он солҳо машҳур буд. Ба ин хона аз тамоми гӯшаю канори мамлакат даста- даста мактуб меомад.

Ҳангоми аз ин бино дидан кардан мо  ба лифофаи мактубҳо таваҷҷуҳ кардем. Рӯйи  лифофаҳо танҳо  ду калима сабт ёфта буд: «Хонаи Павлов».

Аъзам МӮСОЕВ,«Садои мардум»