Таманниёти наврӯзии садсолаҳои хатлонӣ

№43 (3523) 31.03.2016

Дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 44 нафар зиндагӣ мекунанд, ки беш аз 100 сол умр доранд. Ин садсолаҳо дар ноҳияи Восеъ — 13 нафар, Фархор — ҳафт, Ховалинг — шаш, Мир Сайид Алии Ҳамадонию Темурмалик — чорнафарӣ, Кӯлобу Муъминободу Данғара — сенафарӣ ва Балҷувон — як нафар мебошанд.

Хабарнигори рӯзнома дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз меҳмони хонадони чанде аз онҳо гардида, баробари табрики наврӯзӣ, инчунин аз зиндагии гузаштаву имрӯзаи онҳо пурсон шуд.

«ВОДИИ МАРГ» «ВОДИИ ДАРОЗУМРОН» ГАРДИД

Сокини деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ момаи Навчагул Рустамова 122 сол умр дорад. Ӯ миёни сокинони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дарозумртарин шахс маҳсуб шуда, тӯли се аср, яъне аз замони ҳукмронии Мири Балҷувон то имрӯз, Наврӯзро бо тани сиҳату рӯҳи болида истиқбол мегирад. Ӯро пушти тафдони ҳуҷрааш дарёфтем.

- Шукр, ки то ба ҳол тани  сиҳату чашми бино ва гӯшҳои шунаво дорам. Дар умри дарозам пастию баландиҳои зиндагиро аз давраи Мири Балҷувон то Сталин ва Хрушёву Брежнев хуб дидаам. Беҳтарин айёми зиндагӣ давраи истиқлолият аст. Соли 1894 дар деҳаи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, аз синни 60 — солагиам сокини деҳаи Сомониёни деҳоти Х. Раҷабови ноҳияи Восеъ мебошам. Ба ҷуз замони соҳибистиқлолӣ дар ҳеҷ замон бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтани Наврӯзро дар хотир надорам. Ҳамеша дуо мекунам, ки умри Сарвари ғамхору адолатпешаамон Эмомалӣ Раҳмон дароз бошад. Мисли ман  умри дарози пурбаракат бинаду давлатамонро ҳамин гуна серу пур ва тинҷу осуда сарварӣ намояд, — таманно намуд номбурда.

- Ҳеҷ боварам намеояд, ки ин кампири нуронӣ 122 сол умр дошта бошад. Баъзе рӯзномаҳо ҳудуди деҳоти моро «водии марг» ном мебаранду баъзеҳои дигар ҳатто бо мо  боэҳтиёт суҳбат мекунанд. Ҳол он ки дар деҳоти мо баробари садҳо дарозумр, се нафар аз садсола боло низ зиндагӣ доранд, — мегӯяд роҳбаладамон — муовини раиси Ҷамоати деҳоти  мазкур Зарафшон Шоева.

Бо шарофати истиқлолият Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Роҳҳо васею замонавӣ гардида, деҳаҳо симои дилкаш гирифтанд. Бо шарофати ҳамин неъмат, имрӯз аксари сокинони ин деҳоти замоне вазъаш ташвишовар тани бардаму чеҳраҳои чун гулҳои наврӯзӣ шукуфон доранд. Акнун дар ин водӣ шахси хазонрӯю рангпарида ва лоғарандомро дидан маҳол аст. Аз ин пас «водии марг» не, балки «водии дарозумрон» — и кишвар маҳсуб мешавад.

 Арабова Сабзагул..ДАР МЕҲМОНИИ МОМАИ САБЗАГУЛИ 106-СОЛА

Сокини 106 — солаи деҳаи Ҳамидови Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ Сабзагул Арабова низ аз ҷумлаи садсолаҳост.

Аз суҳбат бо момаи Сабзагул маълум гардид, ки ӯ дар деҳаи Солмолии ноҳияи Балҷувон чашм ба дунё кушода, беш аз 40 сол дар фермаи ширию молии деҳаи мазкур говдӯш будааст. Машғулияти то ҳол дӯстдоштаи ӯ дар фасли баҳор парваришу нигоҳубини лӯбиё маҳсуб мешавад. Ором нишастанро намеписандад. Момаи Сабзагул аз бурду бохти умри хеш ва тарзи истиқболи Наврӯз дар солҳои аввали давлати шӯравӣ ва солҳои баъдӣ ёдовар шуда, минҷумла гуфт:

- Дуову таманниёти наврӯзӣ ҳатман мустаҷоб шуда, ҷомаи амал мепӯшанд. Ба ин хотир, дуо мекунам, ки давлатамон ҳамеша ободу шукуфон ва сокинонаш тансиҳату сарбаланд бошанд.

МАРО ВАТАНДӮСТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҒАРИБӢ БА ВАТАН ОВАРД

Ду — се дафъа бо гурӯҳи ҳамкасбон меҳмони сокини деҳаи Арчаи деҳоти «Деҳқонариқ»-и ноҳияи Фархор Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдураҳмонови 102 — сола шуда, қиссаҳои талхи ғарибии ӯро манзури хонандагону тамошобинон намуда будем. Нуктаи ҷолиб он аст, ки ҳар дафъа бобои Абдулазиз дар даст китоб машғули мутолиа меёфтем ва аз ӯ дар бораи асрори дарозумриаш ва бидуни айнак хондани китоб пурсон мешудем. Дар посух мегуфт:

- Дар ноҳияи Данғара ба дунё омадам. Наврасиам дар деҳаи Арча сипарӣ гардиду бо амри тақдир соли 1943 ҳамроҳи хоҳар ва як гурӯҳ ҳамдеҳагон дарёи Панҷро убур карда, ба Афғонистон фирорӣ шудем. Агар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боис намегардид, ман ҳам мисли ҳазорон фирории солҳои 30 ва 40-уми асри гузашта, беватану ғариб ва бекасу бенаво дунёро бо ҳасрат тарк мегуфтам. Дар Афғонистону Покистон барои ғарибону бекасон оила бунёд кардан басо мушкил аст ва ҳамин иллат буд, ки беш аз 60 сол  танҳоиву оворагӣ доманамро аз даст надод. Ҳазорон шукр мекунам, ки Худованди бузург барои ин миллати аз дасти таърих ҷафодида ва чун мо — ғарибону оворагони ноумедгашта сарвареро дар симои Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид, ки ба дидори азизи Ватану наздикони шарифи худ расидем. Бо кумаку дастгирии наздикон зиёрати Хонаи Худо муяссарам гардид. То нафаси охири ҳаёт дуои онро мекунам, ки ин фарзанди ғамхори миллату Ватан умри дароз бинаду чун Наврӯз ҳамеша сарсабз бошад.

 Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»