Собиқадори соҳаи маориф Ривоҷиддин Тоҷиддиновро дер боз мешиносам. Ин марди шариф дар деҳаи Ҳалқарфи ноҳияи Рашт дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Имсол ба синни мубораки ҳафтод қадам гузошт. Барои хизматҳои софдилонаву содиқона мукофотҳои соҳавию давлатиро сазовор гардидааст. Дар озмунҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ширкат варзидаву ғолиб омадааст.
Бо вуҷуди серкорӣ пора — пора рӯзгори худро рӯи коғаз овардааст. Фақат он лаҳзаҳоеро, ки метавонад барои дигарон дарси ибрат бошад. Бештар мавзӯъҳои ваҳдату истиқлолият, номуси ватандорию ҳувияти миллӣ диққати ӯро ба худ ҷалб намудааст. Аз истиқлолияту ваҳдат, дӯстию рафоқат, некуӣ ба мардум сухан мегӯяд. Аз заҳматҳои кашидаи Президенти мамлакат бо ихлоси тамом ҳарф мезанад. Хостам дар якҷоягӣ бо хонандагони азизи рӯзнома пора — пора хотираҳои омӯзгори соҳибтаҷрибаро мутолиа кунем.
«Ман ба тамоми ашё бо чашми омӯзгор менигарам. Истиқлолият низ ба тифли навзод шабоҳат дорад. Чунон, ки модар тифлро бо он бегуноҳӣ, нотавонӣ ва нодонӣ ба дунё меораду маҳз тарбия метавонад ӯро дар оянда ба шахсият табдил диҳад.
Ман, ки умри худро ба омӯзиши фанни таърих сарф кардаам ва Истиқлолияти давлатии кишварамро дар синни 45- солагӣ пешвоз гирифтаам, ҳамеша сари ин масъала андеша меронам.
Рӯзҳое буд, ки душманони миллат ва худиҳои бегонапарвар теша ба решаи истиқлолият задан мехостанд. Аз дастовардҳои мо ба даҳшат меафтоданду аз бадбахтиҳои мо хушҳол. Мехостанд миллати тоҷик маҳв гардад.
Хуб ёд дорам, рӯзи шанбе, 14 майи соли 1994, ки минтақаи мо ноором буд. Ба Раиси онвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷасорату мардонагиаш аҳсан мехонам. Аз чизе наандешид, ба дидорбинии мардум омад. Дар он рӯзҳои мудҳиш гӯё гуфтан мехост: «Шумо танҳо нестед. Шумо пуштибону муҳофиз доред». Дар бораи ояндаи мамлакат, бахту саодати миллати тоҷик бо боварӣ сухан мегуфт. Ӯ ҳамон рӯзҳо ояндаро медид, дастовардҳоро пешгӯйӣ мекард, зеро чароғи ҳидоятро Худованд ба дасташ дода буд. Ман қатори дигарон рӯ ба рӯи ӯ менишастам. Ба чеҳраи нуронию тоҷиконааш менигаристаму таърихи гузаштаи миллати заҷрдидаамро пеши рӯ меовардам. Ҳамон рӯзҳо пай бурдам, ки тоҷик соҳиб ёфту истиқлолият парваришгар. Ҳамин ҷавонмард метавонад шуҳрати миллату давлати моро то ба гардунҳо барад.
Ба ҳарфҳои пур аз муҳаббату саропо ибратомӯзи Сарвари давлат гӯш медодаму ба саволҳои беҷавоби хеш ҳамин рӯз посух гирифтам».
Омӯзгори солор дар бораи сафарҳои Президенти мамлакат ба водии Рашт чанд лаҳзаи дигарро низ рӯи коғаз овардааст:
«Дар дунё миллатҳое ҳастанд, ки шумораашон аз мо даҳчанд зиёд аст, вале то ҳанӯз соҳибдавлат нестанд. Бо умеди соҳиб шудан ба хокдони бобоӣ ҳар рӯз садҳо нафар қурбон мешаванд. Истиқлолиятро Худованд барои собиқ ҷумҳуриҳои давлати пурқудрати шӯравӣ ройгон насиб гардонд. Шояд аз ин рӯ баъзе аз бехабарон ба қадри он расида наметавонанд. Ҳақ ба ҷониби Низомии Ганҷавист:
Чу ҷонро нахридӣ бо зар ту қадрашро намедонӣ,
Ки ҳинду қадр нашносад матои ройгониро.
Мо муваззаф ҳастем ба қадри озодӣ бирасем ва истиқлолияти давлатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.
Сафари дуюми Эмомалӣ Раҳмон ба Ғарм баъди шаҳодати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунавваршо Назриев 19 октябри соли 1994 буд. Он рӯзҳо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва буд, хабари ҳалокати Мунавваршоро шуниду ба Душанбе баргашт. Роҳбари давлат 23 октябр ба Ғарм омад. Ӯ бо мақсади изҳори ҳамдардӣ ба мардуми ноҳия, ба назди хешу табори шодравон Назриев рафт ва бо сокинони ноҳия суҳбат кард. Дар бораи ваҳдату истиқлолият сухан кард. Дар бораи фарзандони сарсупурдаи миллат ҳарф зад. Оид ба нақшаҳои хонасӯзи душманони миллат гуфт. Аз гузаштаи миллати заҷркашидаи мо мисолҳо овард.
Он рӯз донистам, ки Роҳбари давлатамон таърихи миллатро аз ҳар олими умрашро ба омӯзиши таърихи кишвар бахшида хубтару жарфтар медонад.
Бори сеюм Сардори давлатро аз наздик дар ҷашни Рӯзи муаллим соли 2006 дар Кохи Ҷомӣ дидам. Ӯ бо вуҷуди серкорӣ вақт ҷудо кард, то дар иди касбии омӯзгорон ширкат варзад. Суҳбаташро шунидам ва барои хизматҳои нокирояам аз дасташ туҳфаи хотиравӣ гирифтам.
Дуюми октябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт сафари корӣ дошт ва меҳмони омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳраки Ғарм шуд. Дар китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ҳамроҳи 16 нафар шогирдонам Сарвари давлатро пешвоз гирифтам. Бо мо дар боби дастовардҳои замони истиқлолият, аҳамияти ваҳдати миллӣ, мақоми давлати озод дар тарбияи инсон ҳарф зад. Аз боби тарбияи насли наврас, масъулияти омӯзгору падару модар гуфт. Он гуна ҳарф мезад, ки умре гӯё дар соҳаи маориф кор карда бошад».
«25 сентябри соли 2013 Президенти мамлакат вориди варзишгоҳи марказии ноҳия гардид. Дар варзишгоҳ ҷои сӯзанпартоӣ набуд. Мардуми зиёд аз деҳаҳои дуру наздик омада буданд. Омада буданд, ки Пешвои ваҳдатофару бахтофарро зиёрат кунанд. Беруни варзишгоҳ низ пур аз одам буд. Дар ин вохӯрӣ суханронӣ кардам. Саропоям аз ҳаяҷону изтироб меларзид. Чун суханамро хатм кардам, ӯ маро ба наздаш даъват кард. Дастамро фишурд ва дасти дигарашро ба китфам гузошт. Бидуни ирода ӯро ба оғӯш кашидам ва ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Сарвари давлат бомеҳр табассум мекард ва ба чеҳраи ашколуди ман менигарист. Қудрати сухан гуфтан надоштам. Барои хотира ҳамроҳи Президенти мамлакат сурат гирифтем.
Он рӯз беҳтарин рӯзи ҳаётам буд».
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»