Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигор Темуршоҳи Файзалиро зери сарлавҳаи «Роҳҳои чорвогузар тасарруфу валангор гардидаанд», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 7 июли 2015 таҳти №90 рӯи чоп омадааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
Мутахассисони Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и вазорат дар якҷоягӣ бо мутахассисони кумитаҳои замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ин масъаларо санҷида, муайян намуданд, ки то якуми январи 2015 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 55308,39 гектар роҳҳои чорвогузар ва майдонҳои дамгирии чорво ба қайд гирифта шудааст.
Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ тайи солҳои охир, ба истиснои баъзе мавзеъҳои душворгузару роҳҳои наздисоҳилӣ, аз дигар мавзеъҳо чорво бемамоният гузашта, аз чарогоҳҳои мавсимӣ истифода бурда истодааст.
Баъзе қисмҳои роҳҳои чорвогузар, махсусан мавзеъҳое, ки дар соҳили дарёҳои Сурхоб, Қизилсу, Ёхсу ва Хингов ҷойгир мебошанд, дар натиҷаи селҳои пай дар пай вайрону валангор гардидааст. Ҳамчунин, дар ин минтақаҳо чандин пулҳои чорвогузар низ хароб гардида, барои барқарор намудани онҳо маблағҳои зиёд зарур мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таҳти №724 «Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул гардид, ки ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшида метавонад. Тибқи банди 7-и нақша – чорабиниҳои Барнома самти роҳҳо ва майдонҳои дамгирии чорво дар ҷумҳурӣ давоми солҳои 2016-2018 пешбинӣ гардидааст. Дар ин самт Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки мушкилоти соҳаро зина ба зина бартараф намоянд.
Бо ибрози қаноатмандӣ аз ҳамкории судманд Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони рӯзномаи «Садои мардум» изҳори миннатдорӣ намуда, умед ба он мебандад, ки дар оянда ҳамкориҳо тавсеа хоҳанд ёфт.
Н. Мусоев, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон